Ноҳияи Айнӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Таърих: ислоҳи ҳуруфи тоҷикӣ using AWB
х →‎Таърих: clean up using AWB
Сатри 89:
Ноҳияи Заҳматобод (ҳозира Айнӣ) 23 – ноябри соли 1930 ташкил ёфта, моҳи январи соли 1955 ба хотири гиромидошти сардафтари адабиёти муосири тоҷик номи Садриддин Айниро гирифтааст. Маркази маъмурии ноҳияи Айнӣ деҳаи Варз тақрибан аз асрҳои VII-VIII арзи вуҷуд дорад. Пас аз бунёди манора ва дар назди он масҷиди калон, ки дар асрҳои X-XI сохта шудаанд, деҳа номи «Варзи Манор»-ро мегирад.
Ноҳияи Айнӣ дар таърих бо номи Паргар, Парғар, Барғар ё Фалғар ёдоварӣ мешавад. Замоне, (аниқтараш дар асрҳои VII-VIII мелодӣ) Фалғар яке аз ноҳияҳои вилояти Бутамони давлати Панҷ будааст. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои аз архиви худи Деваштич ёфтшуда, ӯ аз солҳои 708 – 722 дар вилояти Бутамони давлати Суғд – Панҷ шоҳигарӣподшоҳӣ кардааст. Маркази вилоят шаҳри Панҷ, яъне Панҷакент буд. Болооби Зарафшон дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ҷуғрофии асрҳои миёна бо номи Бутамон машҳур аст. Бутамон яке аз бошишгоҳҳои қадимтарини инсон ба шумор меравад. Бошандагони ин сарзамини кӯҳан дорои таърихи бою маданияти баланд буданд. Қайд кардан кифоя аст, ки бозёфтҳои хатти суғдие, ки дар яке аз харобаҳои Кушки Абаргар (ҚалъаиМуғ) ба даст омадаанд, аз он шаҳодат медиҳанд. Мо имрӯз ба шарофати ин дастхатҳои нодир дар бораи забону адабиёт, хатту савод, санъату маданияти баланд, доду гирифт, - хулоса таърихи мукаммали яке аз халқҳои калонтарини гузаштагони тоҷик – суғдҳо бо ифтихор сухан мегӯем.
Аз рӯи ахбори сарчашмаҳои ҷуғрофии асрҳои X-XII Бутамон аз се қисм иборат буд: Бутамони аввал, миёна ва охир. Ба Бутамони аввал қаторкӯҳҳои Туркистон, ба миёна Зарафшон ва ба охир ё берунӣ- Ҳисор дохил мешуданд. Аз рӯи маълумоти ҷуғрофҳои асрҳои X-XII маълум мегардад, ки вилояти Бутамон гуфта ҳамаи кӯҳистони ҳавзаи рӯди Суғд (Зарафшон)-ро меномидаанд. Аз Кӯҳҳои Бутамон рӯдҳои Сурхондарё, Варзоб, Кофарниҳон ва баъзе шохаҳои Вахш ва Сир ҷорӣ мешаванд. Бутамон дар асрҳои VII-XII дар ҷанубу шарқ бо вилоятҳои Чағониён, Ахарун, Шуман, Вашгирд, дарғ Шаҳрисабз, Самарқанд ва Панҷакент ва дар шимол бо Истарафшану Аспара (Исфара) ҳамсарҳад будааст.
Муаллифи «Ҳудудал-Олам» менависад, кидар «Бутамони миёна ноҳияест машҳур бо номи Барғар, яъне Паргар Фалғар (имрӯза ноҳияиАйнӣ) ва Дарёҷой (Искандаркӯл) андар вай аст ва рӯди Бухоро (Зарафшон) аз ин Дарёҷой ҷорӣ мешавад». Инчунин дар «Ҳудуд ал-Олам» гуфта мешавад, ки «ба Дарёҷой 4 рӯди хурд дарафтанд (Сарима, Ҳазормеш, Саритоғ ва Оби Морон) ва аз он рӯде (Зарафшон) берун ояд, ки аз замини Барғар (Фалғар) дар гузарад, ба Бунҷакату (Панҷакент) Самарқанд омада ба Бухоро равад». Сарчашмаҳои таърихӣ далели онанд, ки дар болооби водии дарёи Зарафшон ҳанӯз аз асри I-III сар карда деҳаҳои аҳолинишин арзи вуҷуд доштаанд. Олими юнонии асриI-и эраи мо чӣ тавр сарчашма гирифтани дарёи Зарафшонро хеле хуб тасвир кардааст: «Фазои калонеро (Суғд) бо дарёе обёри карда мешавад, ки онро сокинони маҳаллӣ Политимет меноманд. Вай дар ибтидо бо маҷрои танг ҷорӣ шуда, баъд ба ғоре мерезад ва дар зери замин пинҳон мегардад». Ин тавсифот ба қисми поёнҷараёни дарёи Яғноб-Талоқи Марзич алоқаманд мебошад. Зеро дар замонҳои қадим ва асрҳои миёна сарчашмаи асосии Зарафшонро на рӯди Масчо, балки Фон-Яғноб меҳисобиданд. Вале, дар соли 1870 А. П. Федченко дар деҳаи Варзи Манор мушоҳида кард, ки дарёи Масчо ба дарёи Фон ҳамроҳ шуда дарёи Зарафшонро ташкил медодааст. Муҳаққиқ ба хулосаи дуруст омад, ки саргаҳи Зарафшон Фон-Яғноб набуда, балки Масчо мебошад, зеро он дарозтар ва пуробтар мебошад. Олими юнонии асрҳои I-II эраи мо Аррион дар бораи дарёи Зарафшон навиштааст: «Искандари Мақдунӣ тамоми музофоти бо дарёи Политимет (Зарафшон) обёришавандаро гузаштааст. Бо вуҷуди он ки ин дарё сероб аст, вай дар регзор нобуд мешавад».