Фарқият байни намунаҳои "Ҷӯрабек Муродов"

Ботили нусхаи 1173517 аз тарафи VASHGIRD (Баҳс)
х (→‎Эҷодиёт: clean up using AWB)
Барчасб: Reverted
(Ботили нусхаи 1173517 аз тарафи VASHGIRD (Баҳс))
Барчасбҳо: бекорсозӣ Reverted
== Эҷодиёт ==
Дар тӯли фаъолияти овозхониаш зиёда аз 2000 суруд сароидааст, аз ҷумла оҳангҳои 450-тоаш эҷоди Ҷӯрабек Муродов аст.<ref>[http://news.tj/ru/node/249035 Певец нации/ Сарояндаи миллат]</ref>
Ҷӯрабек Мурод солҳои 70-80-уми асри пушти саршуда як силсила мақолаҳои илмӣ таълиф намудааст, ки дар роҳи омӯзиши мусиқии суннатӣ бебаҳоянд. Махсусан, мақолаҳои ӯ — «Умри ҷовидонаи ҳунармандсанъаткор» (роҷеъ ба ҳофиз, бастакор ва машшоқи забардасти халқи тоҷик [[Ҳоҷӣ Абдулазиз]] (Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов), «Ба рағми булбулон» (ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди [[Домулло Ҳалим]]), «Ҳофизи мумтози халқ» (оид ба асолати навозандагию сарояндагии устоди мумтози мусиқии халқию классикии тоҷик [[Бобоқул Файзуллоев]]), «Ҳунарвари бузург» (роҷеъ ба [[Борбад]]и Марвазӣ) ва ғайраро метавон зикр намуд, ки барои бедор намудани завқи мусиқишиносии хонанда арзиши баландро соҳибанд. Ҷӯрабек Мурод сарояндаи ҷӯянда ва нисбат ба касби худ серталаб аст. Ӯ пайваста санъати мусиқии гузаштаю имрӯзаи миллатамонро бо як ҳисси шавқмандӣ меомӯзад. Махсусан намунаи овозҳои ҳофизони халқӣ ва ҳирфаии тоҷик [[Ҳоҷӣ Абдулазиз]], [[Содирхон]], [[Домулло Ҳалим]], устод Шодӣ, [[Акашариф Ҷӯраев]], [[Бобоқул Файзуллоев]], ки ба қарта сабт шудаанд, ҷамъ намуда, унсурҳои бо худ хос ва характерноки вокализми халқӣ-профессионалии тоҷикро ба комёбиҳои навинаш пайваста меомӯзад. Ин аст яке аз чашмгиртарин асрори шӯҳратёри ӯ дар ҷодаи санъат.
Дар мавриди истеъдоди фитрӣ ва ҳунари нотакрори ин устоди беназири ҳунар ҳанӯз дар нимаи дуюми садаи ХХ шоири маҳбубу маъруф, Қаҳрамони Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода чунин хабар дода буд:
{{аввали иқтибос}}«Ҷӯрабекро ба чашми кам набинед, халқи мо хушбахт аст, ки Ҷӯрабек барин сарояндаву мутриби нотакрорро пайдо кардааст…. Ҷӯрабек аз ҳофизони муосир ягона касест, ки… шеърро гӯёву расо мехонад, муроди шеъру оҳангро ба дилу мағзи шунаванда мерасонад».{{охири иқтибос|сарчашма=[[Мирзо Турсунзода]]}}