Аскаралӣ Раҷабзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: ислоҳ using AWB
х clean up using AWB
Сатри 7:
|таърихи таваллуд = 16.06.1944
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|вилояти Сурхондарё}} [[Ӯзбекистон]]
|таърихи маргдаргузашт =
|шаҳрвандӣ = {{Парчам|Тоҷикистон}} [[Тоҷикистон]]
|маҳалли маргдаргузашт =
|фазои илмӣ = [[таърих]] санъатшиносӣ
|ҷойҳои кор =
Сатри 28:
}}
 
'''Аскаралӣ Раҷабов''' - ([[16 июн]]и соли [[1944]]) муаррихи фарҳанги мусиқӣ, доктори илми таърих (1994), профессор (1999), Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1991), дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон ба номи Борбад (1992), узви Иттифоқи оҳангсозони СССР ва Тоҷикистон (1991), узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993).
==Зиндагинома==
Аскаралӣ Раҷабов [[16 июн]]и соли [[1944]] дар [[ноҳияи Сариосиё]]и Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд ёфтааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1969) аст. Солҳои 1969 - 1972 корманди Энсиклопедияи советии тоҷик (ЭСТ), аз соли 1972 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] фаъолият дорад, зинаҳои ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, сарходимро тай кардааст, аз соли 1999 мудири шӯъбаи таърихи маданият мебошад.
==Фаъолияти илмӣ==
Профессор Аскаралӣ Раҷабзода аз муҳаққиқони сермаҳсули таъриху назарияи мусиқии тоҷик ва дигар халқҳои эронинажод, инчунин мардуми Шарқ ба шумор меравад. Хидматаш бахусус дар таҳқиқу баррасии ҳаёту эҷодиёти поягузори мусиқии форс - тоҷик [[Борбад]] хеле калон аст. Мавсуф ташкил¬кунанда ва раиси Бунёди байналмилалии Борбад ва Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардуми Ховар мебошад. Ба қаламаш зиёда аз 15 китобу рисола, қариб 550 мақолаи илмию оммавӣ, тақризу китобиёт мутааллиқанд. Вай мураттиб ва муҳаррири чандин китобу рисола ва маҷмӯъаи илмӣ, аз ҷумла «Донишномаи Шашмақом»,(2009), «Очеркҳои таърих ва назарияи маданияти халқи тоҷик» (ба забони русӣ, дар чор ҷилд, солҳои 2007 - 2010) ва ғайра аст. Тақиқоти илмии ин донишманди пуркори тоҷик дар кишварҳои зиёди хориҷӣ ба табъ расида, мавсуф дар чандин симпозиму конфаронси минтақавию байналмилалии мусиқашиносон бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карда, мусиқии миллаташро муаррифӣ кардааст.
 
Ӯ аз соли 1991 раиси Маркази илмии фарҳанги мусиқии халқҳои Шарқ (Борбад) мебошад. Раҷабов А. ташаббускор ва созмондиҳандаи чандин форумҳо, симпозиумҳо ва конференсияҳои байналмиллалӣ оид ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад. Аз ҷумла, 1400-солагии Борбад (1990), 1000-солагии эҷоди «[[Шоҳнома]]»-и Фирдавсӣ (1994), 1100-солагии давлати Сомониён (1999), 545-солагии К.Беҳзод ва 2700-солагии Авесто (2002), 3000-солагии тамаддуни зардуштӣ ва ориёӣ (2003, 2006). Дар соҳаи фарҳанги мусиқии касбӣ майлу рағбатҳои илмии А.Раҷабов ба таҳқиқи масъалаҳои таърихи қадим, асрҳои миёна, инчунин таърихи даврони нав алоқаманданд. Раҷабов А. дар омӯзиши масъалаҳои фарҳанги мусиқии даврони [[Сосониён]] (224-651), [[Сомониён]] (819-1005), рушди мусиқии тоҷик дар асрҳои ХIV-ХVIII саҳми бузурги илмӣ гузоштааст.
Самти муҳими фаъолияти илмии Раҷабов А. таҳқиқи эҷодиёти композиторони тоҷик дар самти проблемаҳои омӯзиши мероси мусиқӣ ва ирсияти суннатҳои иҷрокунандагӣ дар замони муосир мебошад. Дар мақолаҳои гуногуни олим эҷодиёти композитории Ш.Соҳибов, А.Солиев, Д.Дӯстмуҳаммадов, А.Ҳамдамов, З.Шаҳидӣ инъикос гардидааст.
Раҷабов А. дар бисёр симпозиумҳои байналмилалӣ дар Порис, Брюссел, Амстердам, Стокголм, Гамбург, Теҳрон, инчунин дар марказҳои фарҳанг ва санъати собиқ ИҶШС ва кишварҳои узви ИДМ (Москва, Санкт-Петербург, Самарқанд, Ереван, Боку, Тошканд, Бишкек ва диг.) бо маърӯзаҳо баромад намудааст.
 
== Осор ==
* Маданияти мусиқии тоҷик дар асарҳои XIII—XIX. — {{Душ.}}, 1984. — 110 с.
* Наҷмидини Кавкабӣ ва рисолаи мусиқӣ. — {{Душ.}}, 1985. — 114 с.
* Нағмаи ниёгон. — {{Душ.}}, 1988. — 153 с.
* Афкори мусиқии тоҷик дар асарҳои XII—XV. — {{Душ.}}, 1989. — 235 с.
* Зайнулобиддин Маҳмуди Ҳусайнӣ ва қонуни илмию оммавии мусиқӣ. — {{Душ.}}, 1987. — 336 с.
* Сарнавишти хунёгар. — {{Душ.}}, 1990. — 106 с
Сатри 50:
* Мусиқии тоҷикон ва анъанаҳои таъриҳии он дар садаҳои XVI—XVII. — {{Душ.}}, 2007. — 220 с.
* Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мусиқии замони Рӯдакӣ. — {{Душ.}}, 2007. — 218 с.
* Борбад: Эпоха, традиции и новаторство. — {{Душ.}}, 2008. — 230 с.
* Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар асрҳои IV—VI. — {{Душ.}}, 2011. – 255 с.
* Борбад и Рудаки: Премественность и общность традиции. — {{Душ.}}, 2013. — 220 с.