Саид Нафисӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х clean up using AWB
Сатри 11:
Нафисӣ ҳамчун нависанда ҳам шӯҳрат дорад. Ӯ муаллифи ду маҷмӯаи ҳикояҳо: «Ситорагони сиёҳ» (1937) ва «Моҳи Нахшаб» (1949), се роман: «Фарангис» (1931), «Нимароҳи биҳишт» (1953), «Оташҳои нуҳуфта» («Хисобҳо дуруст дарнаёмад», 1966), инчунин «Гулчине аз девони Саид Нафисӣ» (1954) ва драмаи «Охирин ёдгори Нодиршоҳ» (1926) аст. Дар асарҳои бадеии нависанда масъалаҳои муҳимми ҳаёти сиёсию иҷтимоии Эрон ба миён гузошта шудаанд.
 
Нафисӣ узви Фарҳангистони Улуми Эрон (аз соли 1935), яке аз асосгузорон ва фаъолони ҷамъияти дустӣ ва равобити фарҳангии Эрон бо Иттифоқи Советӣ, ноиб-президенти ҷамъияти «Эрон — Ҳиндустон», аъзои фахрии ҷамъияти «Эрон — Фран­сия», аъзои Совети умумиҷаҳонии сулҳ буд. Ӯ дар донишгоҳҳои Бамбай, Алигарҳ, Қоҳира, Бейрут, Бағдод, Кобул, Деҳлӣ, Ҳайдаробод оид ба таърихи адабиёти классикии форс- тоҷик лекция ва маърӯзаҳо хондааст. Нафисӣ борҳо ба Иттифоқи Советӣ омадааст. Ӯ дар ҷашнҳон 1000-солигии таваллуди Фирдавсй (1934), 20- солагии таъсиси РССҶШС Узбекистон (1944), 20-солагии ташкили РССҶШС Озарбойҷон (1945), 220-солагии таъсиси АФ СССР (1945), 500-солагии таваллуди Навоӣ (1948), 150-солагии М. Ф. Охундов (1962), 550-солагии тавал­луди Абдурраҳмони Ҷомӣ (1964), инчунин дар съезди 2-юми нависандагони СССР (1954) ва Конгресси25- уми шарқшиносони дуньё (Москва, 1960) иштирок кардааст. Нафисӣ ду маротиба (1960, 1964) ба Тоҷикистон ома- да, бо ҳаёти илмию мадании респуб­лика аз наздик шинос гардидааст. Нафисӣ соли 1964 доктор ва профессори фахрии Университети Давлатии Тоҷикистон интихоб шуда буд.
 
Нафисӣ нисбат ба Тоҷикистон ва халқи тоҷик муҳаббати зиёд дошт. Ин муҳаббати худро шоир дар шеъри «Ба дӯстони тоҷикам» (1960) самимона ифода кардааст. Нафисӣ ба шоирон, нависандагон ва олимони машҳури тоҷик С. Айнӣ, М. Турсунзода, Б. Ғафуров, М. Осимӣ, А. Мирзоев робитаи дӯстона дошт. Ӯ бо намунаҳои эҷодиёти шоирону нависандагони тоҷик ши­нос буд ва ба адабиёти советии тоҷик баҳок баланд медод. Нафисӣ дар нутқи дар съезди 2-юми нависандагони СССР эҷодкардааш роҷеъ ба адабиёти советии тоҷик ва адибони барҷастаи он чунин гуфтааст: «Барои мо махсусан роҳи республикаҳои советии Осиёи Миёна, ки таърихани ба мо наздиканд ва дар як муддати кӯтоҳ ба гул-гул шукуфтани маданияти худ ноил гардидаанд, ибратомӯз аст. Асарҳои нависандагони намоёви тоҷик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Миршакар, Улуғзода, Икромӣ… барои ҷавонони мо дар роҳи ба вуҷуд овардани адабиёти миллӣ ва ҳақиқатан халқии худ намунаи сазовор аст».
Сатри 27:
 
{{ПБ}}
 
[[Гурӯҳ:Адибон аз рӯи алифбо]]