Дев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
Сатри 15:
 
Мардумшиноси рус М. С. Андреев дар соли 1925 ба Тоҷикистон сафари илмӣ намуда, аз мардуми ноҳияи Язгулом боварҳоро дар бораи деви сафед сабт менамояд. Мувофиқи маълумоти Андреев, дар Язгулом рӯзи ҷумъа – рӯзи "Деви сафед" ҳисоб мешудааст. деви сафед – намоди пирзани нуронӣ буда, мӯйи сараш ва либосҳояш саропо сафед мебошад. Шоми рӯзи ҷумъа ба деви сафед нонҳоро хурд реза карда, дар табақе пешкаш мекардаанд. Шабона гӯё ӯ омада, нонҳоро хӯрда, дар кори ресмонбофӣ ба хонумҳо файзу баракат мерасонидааст. Агар касе дар рӯзи ҷумъа деви сафедро бадгӯйӣ кунад, ӯ шабона омада ба ӯ таъсири бад мерасонидааст, ки дар натиҷа он шахси бадгӯй бемор мешудааст.
Дар баъзе минтақаҳо пири ресандаҳоро Момо Ҳаво меноманд, ки яқинан исломишудаи ин намод мебошад. Эҳтирому тақдиси деви сафед, решаҳои хеле қадимӣ дошта, ба замони тозардуштӣ, замоне, ки ҳанӯз девҳо ҳамчун худоҳо парастиш мешуданд, рост меояд.
 
== Адабиёт ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Дев"