Сирки давлатии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Пайвандҳо: ислоҳ using AWB
х clean up using AWB
Сатри 1:
[[File:Здание цирка.jpg|thumb|Бинои Сирки Тоҷикистон дар Душанбе]]
[[File:Здание цирка 1.jpg|thumb|Бинои сирк соли 1970 бунёд шудааст. Акс, соли 2015]]
'''Сирки давлатии Тоҷикистон''' – яке аз муассисаҳои фарҳангию дилхушии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Сирки давлатии Тоҷикистон дар пойтахти Тоҷикистон – ш.шаҳри [[Душанбе]] ҷойгир аст. Соли таъсисёбии Сирки давлатии Тоҷикистон – [[1929]]
 
== Таърих ==
Маънои калимаи "сирк" давра буда, саҳнаи давраи сирк, ки дар он ҳунармандон баромад мекунанд, ба дарозии 13-метр барои давиши аспон сохта шудааст.
Аввалин маротиба [[2 июн]]и [[соли 1929]] [[сирк]]и тоҷик таъсис ёфт, ки сарварии онро Вилиамс (аввалин директори сирк) ба зимма дошт. Соли 1933 боз як гӯруҳи мукаммали нави сирки рӯи кор меояд. Сирки давлатии Тоҷикистон соли 1935 ба бинои нав кӯчид, ки дар паҳлӯи майдони варзишии «Спартак» ҷой гирифта, аз чӯбу тахта сохта шуда буд. Соли 1968 фаъолияти сирк аз нав таъсис дода мешавад. Моҳи декабри соли [[1977]] дар шаҳри [[Душанбе]] бинои нави мӯҳташами ҳозираи Cирки давлатии тоҷик дарҳои худро ба рӯи мухлисонаш боз мекунад. Аз [[23 июл]]и [[соли 1970]] то соли [[1991]] муассисаи Сирки давлатии шаҳри Душанбе ба системаи "Союзгосцирк" дохил карда шуда буд.
Соли 1992 Сирки шаҳри Душанбе ба ихтиёри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт ва дар базаи он Иттиҳодияи давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷиксирк» таъсис дода шуд.
== Ҳунарпешагон ==