Бобо Худододов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
Сатри 29:
'''Бобо Худододов''' (тав. соли 1927, деҳаи Зериҳисори ноҳияи Панҷакент – ваф. 1991, ш. Душанбе), адабиётшиноси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ (1967), дотсент (1978), аъзои Иттифоқи журналистони ИҶШС.
== Зиндагинома ==
Солҳои 1942–1946 ҳамчун муаллими мактаби ибтидоии ба номи Крилови ноҳияи Колхозчиёни вилояти Ленинобод, 1947–1949 мудири қисми таълими мактаби миёнаи ба номи Крупскаяи ноҳияи Колхозчиён кор кардааст. Солҳои 1949–1953 дар факултети забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Соли 1953 корманди шӯъбаи адабии рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх», 1954–1957 муҳаррири рӯзномаи «Газетаи муаллимон», 1957–1959 шунавандаи шӯъбаи рӯзноманигории мактаби олии ҳизби коммунистии ш. Москва, 1959–1962 муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», 1962–1964 котиби масъули рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва маҷаллаи «Мактаби советӣ», 1964–1967 аспиранти кафедраи адабиёти тоҷики [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко]] буд. Солҳои 1966–1967 ба ҳайси котиби масъули рӯзномаи «Педагоги ҷавон», 1967–1969 сармуҳаррири маҷаллаи «Мактаби советӣ», 1969–1972 директори Институти тадқиқотӣ—илмии илмҳои педагогӣ, 1972–1975 директори нашриёти «Маориф» кор кардааст. Солҳои 1978–1990 ҳамчун муаллими калон, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст. Соли 1990 ба нафақа баромадааст. Муаллифи зиёда аз 250 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Дар таълифотҳояш маҳорати бадеии Ҷалол Икромӣ, масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик ва таълими адабиёт дар мактабҳои миёна мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Ӯ инчунин мутарҷими якчанд китобҳо, аз ҷумлаи повестҳои Густав Ябе «Роҳи дуруст», Органесьян Ю. «Сайёра барои одамон», Ушинский К.Д. «Ҳикояҳо ва афсонаҳо», китобҳои дарсии «Курси ибтидоии коммунизми илмӣ» (1974), «Таърихи педагогика» (1982) ва «Педагогика» (1980) аст. Дорандаи нишонаи сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти ИҶШС», «Барои муваффақиятҳо дар соҳаи мактаби олии ИҶШС» ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буд.
== Осор ==
Романи Ҷалол Икромӣ «Духтари оташ», Д., 1967; Шоир ва айёми мо, Д., 1976; Се очерк дар бораи се адиб, Д., 1982; Ҷалол Икромӣ, Д., 1969; Тип ва типикунонӣ дар эҷодиёти бадеӣ, Д., 1976; Роҳи эҷодии Ҷалол Икромӣ, Д., 1976; Забони русӣ – забони ҳамкории халқҳои Иттифоқи Советӣ, Д., 1978; Маҳорати Ҷалол Икромӣ, Д., 1990.