Абдусабур Собиров: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳ using AWB
Сатри 1:
'''Абдусабур Шукурович Собиров''' (тав. 10.05.1945, ноҳияи Ҳисор), риёзидон, номзади илмҳои физика ва математика (1974), дотсент (1979).
== Зиндагинома ==
Соли 1966 шӯъбаи математикаи умумии факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм намудааст. Солҳои 1966–1979 ассистент ва муаллими калони кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо, ҳамзамон солҳои 1969– 1972 аспиранти донишкадаи номбурда буд. Аз соли 1979 ҳамчун дотсенти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор карда, аз соли 2007 вазифаи мудирии ин кафедраро ба ӯҳда дорад. Оид ба исботи қонуни асимптотии тақсимоти ададҳои сода бо методи элементарӣ ва дигар масъалаҳои муҳими математика кори илмӣ бурдааст. Равияи илмие, ки ӯ пеш мебарад, яке аз масъалаҳои класикии соҳаи назарияи ададҳо буда, натиҷаи олимони Амрикоӣ Г.Даймонд ва Д.Ҷ. Стейнигро оид ба баҳои асимптотии функсияи Чебишев беҳтар менамояд. Муаллифи зиёда аз 60 таълифоти илмӣ ва илмию методӣ аст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» сарфароз шудааст.
== Осор ==
* Элементҳои назарияи маҷмӯъҳо ва мантиқи математикӣ, Д., 1986;