Ҳарф: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
х clean up using AWB
Сатри 6:
Дар рафти тадқиқотҳо дар достонҳои назмию насрии шоиру нависандагони тоҷику форс басомади такроршавии ҳарфҳо ҳисоб карда шуд, ки бояд дар байни асарҳои муаллифон фарқият ёфта шавад, аммо натиҷаи дигар ба даст омад. Яъне дар назар дошта шуда буд, ки агар такроршавии ҳарфҳо дар матнҳои гуногуни адибон ҳисоб карда шавад, қиматҳои гуногун мебароянд, вале дар натиҷа қиматҳои баровардашуда, бо ҳам хеле наздик ва монанд буданд. Баъди чунин натиҷабарорӣ, барои муайян кардани ҳаққонияти ин нишондиҳандаҳои басомади такроршавӣ ҳам асарҳои насрӣ ва ҳам асарҳои назмӣ дида шуд. На танҳо асарҳои адибони классик, балки асарҳои шоирону нависандагони муосир низ ҳисоб карда шуд, ки боз монандии наздик ва вобастагии зич байни коэффитсиентҳо маълум гардид.

Барои тадқиқот, чунин асарҳои шоирону нависандагон гирифта шуд, ки бо воҳиди ченакашон дар кило байтҳо (Кб) ва дар шеърҳо бошад бо миқдори байтҳо (2 – мисраъҳо) оварда шудааст:

– достонҳои Абулқосим [[Фирдавсӣ]]: “Таҳмурас” (5.58 Кб, 50 байт), “Ҷамшед” (24.1 Кб, 216 байт), “Заҳҳок” (60.3 Кб, 541 байт), “Фаридун” (127 Кб, 1151 байт), “Манучеҳр” (226 Кб, 2028 байт), “Нӯзар” (68.2Кб, 611 байт), “Кайковус” (110 Кб, 992 байт), “Сӯҳроб” (164 Кб, 1459 байт), “Сиёвуш” (313 Кб, 2764 байт), “Достони ҷанги Рустам бо Аквондев” (26.1 Кб, 232 байт), “Достони Бежан ва Манижа” (149 Кб, 1335 байт);

– асарҳои [[Носири Хисрав]]: “Саодатнома” (33.4 Кб, 300 байт), “Маснавиҳо” (17.1 Кб, 151 байт);

– [[Мирзо Турсунзода]]: “Садои Осиё” (9.89 Кб, 67 байт);

Сатри 20:
Тадқиқотҳо оиди басомади вохӯрии ҳарфҳо дар рӯзнома ва маҷаллаҳои тоҷикӣ гузаронида шуд, ки натиҷаҳои дигар ба даст омаданд. Дар матнҳои маҷаллаву рӯзномаҳо миқдори такрорёбии ҳарфҳо дигар натиҷаро нишон доданд. Фоизнокии нишондиҳандаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо, аз асарҳои адибони классику муосир фарқкунанда баромад.

Ин натиҷаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки калимаҳои нави бегона, калимаҳо тарҷумашудаи хоси забони тоҷикӣ набуда, калимаҳои нави пайдо шуда ва ё ин ки калимаҳои замонавӣ бисёртар ба рӯзнома ва маҷаллаҳо дохил шудаанд, онҳо калимаҳои хоси забони тоҷикиро ба як миқдори муайян аз даст додаанд, зеро истифодаи дигар калимаҳо миқдори муайяни фоизнокии фарқкунандаро дар калимаҳо каме бисёртар нишон дод.

Хулоса: Тадқиқотҳои аввалин оид ба ҳисоби басомади вохӯрии ҳарфҳои забони тоҷикӣ дар кори зерин Усманов З.Д., Солиев О.М. Проблема раскладки символов на компьютерной клавиатуре – Душанбе: Ирфон, 2010, 104 с.<ref>Усманов З.Д., Солиев О.М. Проблема раскладки символов на компьютерной клавиатуре – Душанбе: Ирфон, 2010, 104 с. </ref> оварда шудааст, лекин боз дар тадқиқоти дигар муқаррар карда шуд, ки басомади вохӯрии ҳарфҳои забони тоҷикӣ дар асарҳои классикон ва асарҳои адибони муосир аз мушоҳидаи оморӣ фарқнакунанда аст <ref>Усманов З.Д., Қосимов А.А. Частотность букв таджикской литературы – Доклады Академии наук Республики Таджикистан, 2015, т.58, № 2, с. 112-115</ref>, <ref> Косимов А.А. Басомади такроршавии ҳарфҳои адабиёти тоҷик – Маҷаллаи “Шафақ”, Нашрияи Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, 24.11.2015, №21, с. 2. </ref>. Ҳисоби миёнаи маълумот ба як ҳарфи алифбои тоҷикӣ ҳисоб карда шуд. Аз рӯи ин ҳисобҳо дар оянда тағйирёбии зуҳуроти калимаҳои навро забони тоҷикӣ муайян кардан осон хоҳад гашт.

Ин комёбӣ ва дастовардҳо бо роҳбарии [[Зафар Усмонов]], академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва [[Хуршед Худойбердиев]], номзади илмҳои физика ва математика ба даст омадааст.

Сатри 183:
* [[Алифбои тоҷикӣ]]
* [[Забони тоҷикӣ]]
== Манбаъ ==

[[Гурӯҳ:Забони тоҷикӣ]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ҳарф"