Мисгарӣ: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Сатри 4:
Инсон бори нахуст дар асри [[санг]] бо [[мис]] шинос шуд. Дар он вақт ӯ бо фикри сайқал додани олоти сангини худ тасодуфан бо миси табиӣ бархурд ва пиндошт, ки он ҳам як навъи санг аст. Аммо вақте ӯ хост, ки бо усули сохтани асбобҳои сангӣ аз миси табиӣ олот созад, маълум шуд, ки мис ба мисли санг пора нагардида, меёзад ва аз он олоти қираҳои тездори бурранда тайёр намешавад. Ёзиши миси табиӣ инсонро водор сохт, ки вай бо усули кӯфтани сард ороишот, аслиҳа ва олоти меҳнат созад. Ин давраи аввали истифодабарии миси табиӣ дар таърих энеолит – асри мису санг номида мешавад. Бо сабаби хеле мулоим будани миси табиӣ, аз он тайёр кардани олотҳои сахт имконнопазир буд. Бинобар ин, олотҳои мисӣ олотҳои сангиро иваз карда натавонистанд. Баъдтар инсон тавассути гудозиш аз маъдан барқарор кардани мисро аз худ кард. Мис дар ҳарорати 1083 градус гудохта мешавад. Барои чунин гудозиш шӯълаи гулхан ё оташдони одӣ кофӣ буд. Ҳамин тавр кӯраҳои маъдангудозӣ пайдо щуданд. Истеҳсоли ашёи мисӣ ба тариқи гудозиши маъдани мис дар ҳазораҳои VII-VI пеш аз милод оғоз ёфт. Ихтирои филиз дар таърихи инсоният инқилобе буд.
Дар ҳудуди [[Осиёи Миёна]] қадимтарин гудозиши мисро бостоншиносон аз ёдгориҳои энеолитии Туркманистони Ҷанубӣ кашф намуданд.
То давари исломӣ аз мис ниёгони тоҷикон зиёдтар зебу зинати мардонаю занон аз қабили дастпона, ангуштарӣ ва гӯшвор месохтанд. Истеҳсоли зарфҳои мисӣ истисно набуд, аммо зарфҳои мисӣ дар ин давра кам ва начандон мунаққаш сохта мешуданд. Масалан, аз ёдгории [[Ҳалқаҷар]]и [[Хатлон]], ки ба давраи юнону бохтарӣ ва кӯшонӣ мансуб аст, ороишот ва сиккаҳои зиёди мисиро дарёфт намуданд. То асри XV дар давраи Кӯшониён (асри 2 то милод- асри 4 милодӣ) аз ҳама бештар мис истеҳсол карда мешуд ва аз он ба тариқи зарбзанӣ сиккаҳои мунаққаш мебароварданд. Аксари маҳсулоти ороишии мисини аз Осиёи Миёна ёфтшуда ба давраи императории Кӯшониён мансубанд. Дар асрҳои аввали мелодӣ истеҳсоли зарфҳои мисӣ чандон роиҷ набуд. Баъди асри III-и мелодӣ истеҳсоли зарфҳои мунаққаш ва тасвирдори нуқрагӣ роиҷ мегардад.
Шаҳрҳои Балх, Ҳаловард (Вахш), Бухоро, Исфаҳон, Самарқанд, Шаҳрисабз, Истаравшан, Тошканд ва Хева марказҳои қадимаи мисгарии тоҷикон маҳсуб мешаванд. Беҳуда нест, ки номи яке аз давлатҳои дар асри IX – ташкилкардаи ниёгони тоҷикон - Давлати Саффориён ба касби мисгарии асосгузорони он марбут аст. Авҷи аълои мисгарии тоҷикон ба давраи Сомониён рост меояд. Акнун дар ин давра дар шаҳрҳои марказии тоҷикон аввал раста ва дӯконҳои ҷудогона ва баъдтар маҳалҳои мисгарӣ ташаккул меёбанд. Бостоншиносон аз боқимондаи шаҳри Ҳаловарди Хатлон дафинаи зарфҳои мисию биринҷии давраи сомонӣ- кӯза, коса ва шамъдонҳоро кашф карданд, ки дар онҳо нақшҳои ислимӣ, зооморфӣ ва эпиграфӣ ба назар мерасанд. Дар маркази баъзе зарфҳо нақшҳои барҷастаи ҳандасавӣ назаррабо мебошанд. Аз Истаравшан низ чунин дафинаи зарфҳои ҷаззобу зебои мунаққаш кашф шуд, ки он бо номи «дафинаи Қалъаи Баланд» машҳур аст. Аз ин зарфҳо маълум мешавад, ки ҳунармандони мумтози истаравшанӣ тавонистанд дар ороиши зарфҳо нақшҳои растанигӣ, эпиграфӣ ва зооморфию геометриро бо роҳи буриш ва кандакорию кӯбиш омезиш дода, онҳоро зебою назаррабо омода намоянд. Масалан, дар яке аз зермонҳои истаравшанӣ тасвири саги шикорӣ, заргуш, шерҳои афсонавӣ, нақшҳои мудаввар ва катибаи куфӣ ба хубӣ кандакорӣ шудааст. Навъҳои гуногуни хати кӯфӣ асоси нақшҳои эпиграфии даврони сомониро ташкил медиҳанд. Дар асрҳои XIV-XV низ ҳунари мисгарӣ равнақ меёбад. Дар ин давра истеҳсоли дегҳои калон - лангарҳо ва қандилҳои мунаққаш афзоиш ёфта, зарфҳоро бо нақшҳои эпиграфии иборат аз оёти қуръонӣ, абёти классикони форсу тоҷик - Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил ва Ҷомӣ дар шакли катибаҳои кӯфӣ, насх, настаълиқ ва сулс зебу зинат медоданд. Дар давраи ҳукумронии Шайбониён ҳунари мисгарӣ инқироз меёбад. Ҳатто дар асри XVI зарфҳои мисиро об карда, аз онҳо сиккаҳои мисӣ зарб мезананд. Мисгарии тоҷикон дар асрҳои XIX-XX бо нигаҳдошти анъанаҳои қадима дар Осиёи Миёна боз рушду нумӯъ меёбад.
Мисгарони чирадаст аз мис офтоба, кӯза, коса, шоҳкоса, лаълӣ, чойҷӯш, чойнак, сурмадон, шамъдон, дастшӯ, туфдон, чилим, носкаду, ӯсмаҷӯшак,
Зарфҳои мисӣ аз рӯи техникаи иҷроиш ба ду гурӯҳ табанок (рехта) ва хоискорӣ (кӯфтан, кӯбидан) ҷудо мешавад. Мисгарон коркарди маҳсулоти мисиро дастӣ иҷро менамуданд. Кӯбиш асоси ҳунари мисгариро ташкил медод ва олоти асосӣ, ки дар он кӯбидан анҷом меёфт, сангдон ном дошт.
Яке аз зарфҳои машҳури тоҷикон чойҷӯш мебошад. Дастаи чойҷӯшро аксар вақт дар шакли аждаҳо аввал дар алоҳидагӣ аз биринҷ сохта, баъд онро ба зарф васл мекарданд. Дастаи чойҷӯшҳо нисбатан камнақш буда, дар он бештар номи усто ё соҳиби зарф кандакорӣ мешуд. Сарпӯши чойҷӯш гумбазшакл буда, дар қисми болоии он қубба пайваст мегардид. Гардан ва қисми обгири чойҷӯш бештар нақшкорӣ мешуд. Обрези чойҷӯш дар шакли барҷаста аз қисми боло оғоз ёфта то ба ними обгири он мерасад. Ҳар ду тарафи қисми марказии чойҷӯш бо нақшҳои барҷастаи мудаввар ва қатрагӣ оро дода мешуд. Қисми поёнии чойҷуш, ки вазифаи пояро иҷро мекард, доирашакл ва калонтару нисбатан камнақш сохта мешуд.
Сатри 17:
Офтоба аз навъи дигари машҳури зарфҳои мисии тоҷикон мебошад. Онро обдаста низ меноманд. Офтобаро бештар барои шустани дастҳо пеш ва баъд аз таомхурӣ истифода менамоянд. Офтобаҳоро бештар бо нақшҳои майда ба таври композитсионӣ оро медоданд. Дар ибтидо гарданаи офтобаҳоро баландтар сохта, атрофи онро бо нақшҳои нисбатан барҷаста зинат медоданд. Аз ҳама бештар беруни қисми марказии офтобаҳо зинат дода мешуд.
Дастшӯ аз навъи маъмул ва машҳури зарфҳои тоҷикӣ мебошад. Зинатдиҳии дастшӯ мисли офтоба ба анъанаҳои қадимаи меҳмондӯстӣ ва зебопарастии тоҷикон алоқаманд мебошад. Дастшӯ аз ду қисми асосӣ - обрез ва обгир иборат аст. Қисми болоии дастшӯро бештар нақшпардозӣ намуда, онро бо сангҳои табиӣ ва сунъӣ оро медиҳанд. Усто Олими Мисгари Шаҳрисабзӣ (асри ХХ) яке аз мисгарони мумтоз мебошад, ки намунаҳои ҳунари ӯ дар осорхонаҳо ҷамъоварӣ шудаанд. Яке аз дастшӯйҳои сохтаи вай хеле зебо буда, гирдокирди лаби он тавассути парчинкорӣ ба 14 қисми мунаққаш ҷудо шуда, дар маркази ҳар як қисм боз нақши барҷастаи мунаққаши ислимӣ ба назар мерасад. Дар қисми парчамкоришуда инчунин 114 санги фирӯзамонанди сунъӣ насб шудааст.
Вабаста ба истеъмоли чой мисгарон чойникҳои мисини мунаққашро истеҳсол менамуданд, ки онҳоро бештар бо нақшҳои ислимӣ ва геометрӣ оро медоданд. Маъмултарин навъи зарфи мисини мунаққаши шакли мудаввар ва чоркунҷадорро лаълӣ, лаган ва гоҳҳо табақ мегуфтанд. Нақши марказии лаълиҳоро «нақши гардон» меномиданд. Маркази лаълиҳоро бо нақшҳои зооморфӣ аз қабили тасвири шерҳои болдор зинат медоданд. Масалан, дар зарфҳои аз Қалъаи Баланди Истаравшан ёфтшуда ҳам шер ва ҳам зани болдор ба назар мерасад. Дар ороиши лаълиҳо аз катибаҳои гуногун низ ба таври васеъ истифода бурда мешуд. Мисгарони мумтози Осиёи Миёна ҳангоми истифодаи нақшҳои эпиграфӣ дар зарфҳои мисӣ танҳо катибаҳои арабӣ ва тоҷикиро истифода менамуданд. Нақши марказии мудаввар таърихи хеле қадима дошта, он ифодакунандаи офтоб ва системаи офтобӣ аст. Дар умум нақшҳои лаълиҳо композитсионӣ мебошанд. Мисол, дар маркази яке аз лаълиҳои мисӣ нақши геометрии шашкунҷаи ситорамонанд кандакорӣ шуда, дар атрофии он се нақши занҷираи нимдоираи дар маҷмуъ як давраро ташкилдиҳанда мавҷуд аст. Берун аз ин нақш се нақши мудаввари ислимӣ ва се нақши эпиграфӣ дар шакли хати сулси печон кандакорӣ шудааст. Атрофи ин нақшҳоро боз нақши мудаввари занҷира иҳота кардааст. Лаби лаълӣ низ мунаққаш буда, аз қисми марказии он каме баландтар сохта шудааст.
Сатри 23:
Мисгарони хивагӣ кӯзаҳои мунаққаше тайёр мекарданд, ки дар онҳо нақшҳои ислимии себарга ва нақшҳои геометрии меҳробмонанд, ромб, хатҳои росту мавҷӣ ҷои асосиро ишғол менамоянд. Қисмҳои нақшдори кӯзаҳоро аз ҳам нақши алоҳида-занҷира ҷудо менамуданд. Шаклҳои гуногуни занҷира - мавҷӣ, нуқтавӣ, дандонадор, ростхат ва ҷуфтхат истифода мешуд. Коса, шоҳкоса ва тос низ аз навъи маъмули зарфҳои мисӣ мебошанд. Дар баъзе шоҳкосаҳои аввал нақшҳои меҳробиро канда, баъд даруни ин нақшҳоро ба нақшҳои эпиграфӣ ва ислимӣ оро медоданд. Дар маркази қисми дохилӣ сангҳои ороиширо низ насб менамуданд. Чилим, носкаду ва туфдонҳоро низ бо чунин нақшҳо оро медоданд. Дар қаламдонҳо бештар катибаҳои тоҷикӣ ва нақшҳои рустаниҳо кандакорӣ мешуданд. Истеҳсоли сурмадонҳои бодомшакли мунаққаши тоҷикӣ хеле ҷолиб буда, шакли бодомӣ ва истифодаи он маъно ва рамзи таърихӣ дорад. Сурмадонҳоро барои он дар шакли бодом месохтанд, ки худи хокаи сурмаро аз донаи бодоми талхи хушк истеҳсол мекарданд. Донаи бодомро дар аввал хушк карда, онро дар зарфи хушк таспонда, баъд ба хокаи он каме равған илова карда, аз он сурма тайёр мекарданд. Дар Мисри қадим низ аз бодом сурма тайёр менамуданд ва сурмаро ҳам занон ва ҳам мардон истифода мекарданд. Ҳамчунин нақши бодомӣ яке аз нақшҳои зебо ва маъмули зарфҳои мисӣ мебошад.Вижагии фарқкунандаи нақши зарфҳои мисини асримиёнагӣ ва муосири тоҷик дар он аст, ки онҳо бештар моҳияти ороишӣ ва ҳикматона доштанд. Дар ороиши зарфҳои мисӣ сирро истифода мебурданд, ки онро минокорӣ меноманд. Сири фирӯзаранг ва сафед бештар ба кор мерафт.
То охири чоряки аввали асри XX Бухоро маркази асосии истеҳсоли зарфҳои мунаққаши мисӣ ба ҳисоб мерафт. Муқаддам Мукаррамов,
Нақшу нигори зарфҳои мисӣ таҷассумгари олами зебою рангини ҳунари тоҷикон буда, дар онҳо роз ва рамзи таъриху фарҳанги гузаштаи дурахшони ниёгон нуҳуфтааст ва ҳозиронро бо ҷаззобияти худ мафтун месозад.
|