Саъдиниссо Ҳакимова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
using AWB
Сатри 69:
* Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон.<ref name="АВВАЛИН. 90 сол бо дарди миллат"/>
 
== Дӯстону шогирдон оид ба Саъдиниссо Ҳакимова ==
[[Мунаввара Додхоева]], узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, мудири кафедраи акушерӣ-гинекологии [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино]], мегӯяд: {{аввали иқтибос}}"Саъдинисо Ҳакимова худ оғози як достони ҷустуҷӯю бозёфт ва шуҳратёриву номбардорӣ аст. Ин зани сарбаланду донишманди тоҷик шоҳсутуни илми тибби кишвар, вориси намоёну арзандаи Синои бузург аст. Шахсан ман бисёр ифтихор аз он дорам, ки шогирд ва давомдиҳандаи кори чунин устод ва олими барҷастаи замон мебошам"{{охири иқтибос|сарчашма=[http://millat.tj/farhangvaadab/4317-avvalin-90-sol.html АВВАЛИН. 90 сол бо дарди миллат]}}.
 
[[Гулрухсор Сафиева]], шоири халқии Тоҷикистон дар махфиле, ки бахшида ба 90-солагии Саъдиниссо Ҳакимова дар[[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино]] доир гардид, гуфт: {{аввали иқтибос}}"Ҳамин маҳфили мо барои Софя Ҳафизовна ҳеҷ даркор ҳам нест. Ҳеҷ чиз дардашро сабук ҳам намекунад, фишорашро ҳам поён намекунад, задани қалбашро ҳам бешу кам намекунад. Мо ҳамаи ин корро барои худамон мекунем, барои он ки бигӯем, шукронаи он лаҳзае, ки офаридгор барои мо имконият додааст, бо як инсони бузурге шогирд ва дӯст ҳастем. Ана чунин инсони нозанинро ман мешиносам бо ҳама сифатҳои беҳтаринаш. Саъдинисо Ҳакимова яке аз инсонҳои беҳтарин буд ва ҳаст, ки аз давру замони худ як сад сол пеш ба дунё омадааст. Саъдинисо Ҳакимова бароям, хаёл мекунам, ки Софя Лорен аст, хаёл намекунам, ки духтур ҳасту ҷарроҳӣ мекунад, бо ин дастону чашмони нозанин. Хаёл мекунам, ки Катрин Денёв аст. Хаёл мекунам, ки як наққоши машҳури ҷаҳонӣ аст. Дастони модари ту, Дилбари азиз (муроҷиат ба духтари С. Ҳакимова), барои навохтани пианино, барои навохтани ҳама асбобҳои мусиқии дунё офарида шудаанд, аммо қисмат худаш инсонро месозад. Ба ман нақл карданд, ки ҳамроҳи Қумрӣ Ҳафизовнаи азизи ман, ки ҳар дуяшон дар ин ҷо нестанд, хар дуяшон дар мурдахона, духтаракҳои 14 - 15 сола дарс тайёр мекарданд. Ин зиндагӣ барои ин инсонҳо чӣ қадар азиз бошад, ки дар мурдахона наврас шинаду дарс тайёр кунад ва баъд гӯяд, ки бачаҳои тоҷик, масалан, модарони тоҷик бесарпаноҳ ва маризанд. Вақте ки дар бораи Софя (Саъдиниссо) Ҳафизовна гап мезананд, ман пеш аз ҳама худамро айбдор ҳис мекунам, ки мо худамон нашинохтем ин зани бузургро. Дар вақташ аз кору зиндагӣ ва таҷрибаи ишон кам истифода бурдем. Ҳарчанд ки Софя Ҳафизовна ҳамаи қувва ва ҳунарашро барои хидмати мардум истифода бурд. Бубинед, қаду қомат, чашм, абрӯ, рангу рухсор, ҳамааш зебост ва Худо ҳамон одамеро, ки дӯст медорад, зебо меофарад. Одами зеборо мисли худаш меофарад, худгуна, баақлу фаросат, баинсофу имон. Ман чӣ гӯям, дар ин навад соле, ки модари мо сарбаландона зиндагӣ кард, ҳалолаш бод. Ва лаҳзае бояд аз зиндагияш пушаймон набошад. Як дунё хотира дорам. Софя Ҳафизовна низ мисли мо шоир буд, мисли мо наққош буд, овозхон буд, ман шоҳид будам, ки чӣ қадар ӯ Барно Исҳоқоваро дӯст медошт, чӣ қадар устод Турсунзода арҷ мегузоштанд ба Саъдинисо Ҳакимова. Ҳар кас дар ҷояш як шахсияти бузург аст. "Вақте ҷашни Айнӣ шуд, банда гуфтам, ки устод Айнӣ, шогирди чилсолаи Бухоро дар қарни ХХ кореро карданд, ки устод Рӯдакӣ дар қарни IХ- Х карданд. Саъдиниссо Ҳакимова низ дар қарни ХХ - ХХI кореро карданд, ки мумкин чандин донишгоҳ, чандин пажӯҳишгоҳ накарда бошанд"{{охири иқтибос|сарчашма=[http://millat.tj/farhangvaadab/4317-avvalin-90-sol.html АВВАЛИН. 90 сол бо дарди миллат]}}.
 
Гулрухсор дар поёни суханрониаш гуфт: {{аввали иқтибос}}"Аз ин ки аз модари мо, аз модари ман ёд мекунед, ташаккур. Шоир гуфтааст, шод будан ҳунар аст, шод кардан ҳунари волотар. Бунёди тамоми халлоқӣ ва эҷодиёти Софя Ҳафизовна дард буд, мисле ки бе дард ягон фарзанд ба дунё намеояд, бе дард ягон шоир шоири бузург шуда наметавонад, бе дард ягон табиб табиби хуб буда наметавонад, ҳамон дарде, ки мегӯям:
 
:: Аз роҳи дида мекашам бори гуноҳи дил,
:: Ҷони камаршикастаи ман дард мекунад.
:: Дар бистари сиёҳи шаб хобам намебарад,
:: Дандони ақли хастаи ман дард мекунад.
 
Ва имрӯз ҳам Саъдиниссо Ҳафизовна дар бистар ба ёди мосту чизе эҷод мекунад. Ӯ ҳамеша тоҷи сари мо, ифтихори мо мебошад. Ӯ бонуи бузургест, ки дарди миллат ҳамеша дарди Ӯ буд ва ҳаст"{{охири иқтибос|сарчашма=[http://millat.tj/farhangvaadab/4317-avvalin-90-sol.html АВВАЛИН. 90 сол бо дарди миллат]}}.
== Адабиёт ==
* Негматов Н. Расулов М. Хакимова Д. Выдающаяся ученая и врач Саъдиниссо Хакимова. – Хуҷанд, 1999;