Оҳангарӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Манбаъ: иловаи гурӯҳ
ислоҳи шаблонҳо using AWB
 
Сатри 7:
Дар гузашта дар ҳар деҳа устоҳои оҳангар ба тариқи авлодӣ кор мекарданд. Дар деҳоти Дарвоз оҳангарон як маротиба дар як сол ҳақ мегирифтанд, он ҳам дар тирамоҳ, ҳангоми ғунучини ҳосил буд. Ҳар як деҳқон ба оҳангар як табақ гандум, як табақ тути хушк ва дигар маҳсулоти кишоварзию боғдорӣ медод. Як табақ дар байни мардум воҳиди вазн ба ҳисоб мерафт, ки он аз 8-12 тоқӣ иборат буда, ба 10-12 килограм баробар буд. Устоҳои оҳангар мушкилоти мардумро дар корҳои оҳангарӣ осон намуда, дар давоми сол ба онҳо олоти меҳнат сохта медоданд. Ҳоло оҳангарон чунин аҳдномаи ҳамкориро бекор карда, барои ҳар як хизматашон музди алоҳида мегиранд.
Оҳангароне, ки касбро ба шогирдон меомӯхтанд, бо барпои маросими камарбандон ба онҳо фотиҳаи кори мустақилонаро медоданд. Муҳлати шогирдӣ тақрибан 3-4 сол идома меёфт. Шогирдон дар ин давра дар хонаи усто зиндагӣ ва бо ӯ кор мекарданд. Устод дар баробари омӯзонидани маҳорату малакаи оҳангарӣ инчунин ба шогирдон рисолаи касбро мехонд ва ё мазмунашро нақл мекард. Аз кору рӯзгори нахустин оҳангар, пири ин касб – ҳазрати Довуд ривоятҳо мегуфт. Дар навбати худ устоҳои оҳангар бояд ҳар сари чанд вақт дар хонаҳои худ зиёфат ороста, пешвои ин касб, устодон, муллоҳо ва ҳамкасбони худро ба он даъват мекарданд. Ин гуна маросим арвоҳи пирон ном дошта, ба хотири шод намудани арвоҳи гузаштагони ин касб барпо мешуд. Дар он пас аз таомхӯрӣ ҳатман рисолаи касби оҳангарӣ хонда мешуд, аз Қуръон оятҳо тиловат менамуданд.
Дар солҳои ҳокимияти Иттиҳоди Шӯравӣ бархе аз устохонаҳо ба ҳайати колхозу совхозҳо даромада, ба устохонаҳои таъмири олоти кишоварзӣ табдил ёфтаанд. <ref> Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 52 - 55.</ref>
 
== Нигаред низ ==
* [[Заргарӣ]]
* [[Кордсозӣ]]
== МанбаъЭзоҳ ==
{{эзоҳ}}
<references/>
 
[[Гурӯҳ:Тарзи истеҳсолот]]
[[Гурӯҳ:Касбҳои куҳан]]