Батолит: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
clean up, added orphan, underlinked tags using AWB
→‎Адабиёт: ислоҳи шаблонҳо using AWB
Сатри 9:
Батолити Помиру Шуғнон аз маҷмӯи ҷинсҳои магмавии интрузивӣ, ки дар Помири Ҷанубу Ғарбӣ (Аличури Ҷанубӣ, қ-кӯҳҳои Шуғнон ва Рӯшон) мехобанд, иборат аст. Батолит, асосан, аз пораҳои бузург ва гнейсмонанди биотовит, гранитҳои абрақ ва мусковитии дарозиаш 200 км ва бараш 10–40 км ташаккул ёфтааст. Дар минтақаи тар¬қиши Матс-Кокбайк (қисми ғарбии д. Тӯқузбулоқ) Батолит қариб тамоман ба охир мерасад, аз ин рӯ онро ба ғарбӣ (Шуғнон) ва шарқӣ (Помир) ҷудо мекунанд. Мавзеи Шуғнон ҷисми қабатқабати дар чини синклиналӣ хобида буда, лояи синклиналплутонро ташкил медиҳад ва аз ҷинсҳои шартан карбонии лояи Намасдара ғанӣ аст. Қисми ҷанубии маҷмаа нишеб аст, аз ин сабаб ин қисмро решавӣ меҳисобанд. Батолити мавзеи Помир шакли қабатқабат дорад, вале доманаи онро эрозия нашикофтааст. Батолити мавзеи Хоруғ (40 км2) ҷинси қабатқабат буда, дарозиаш 20 км ва ғафсиаш 0,5 км аст. Мавзеи Патхур низ дорои чунин андозаҳо буда, дар самти шарқӣ ба Батолити Помиру Шуғнон мепайвадад. Масоҳ. Батолити Намангут 5 км2 буда, байни ташкилаҳои метаморфии архейии силсилаи Шоҳдара ва варақсангҳои лояи Истик мехобад. Сохтори мавзеъҳои Батолити Помиру Шуғнон аз табиати синтектоникии онҳо шаҳодат медиҳад. Яке аз механизмҳои қобили қабули ташаккули Батолити Помиру Шуғнон табдилёбӣ ба санги хоро ва муовизаи магматикӣ ба шумор меравад.
 
== МанбаъАдабиёт ==
* {{ЭМТ||2|муаллиф=}}
 
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]