Домпизишкӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х clean up using AWB
Сатри 4:
Байторӣ таърихи қадим дошта, аввалин маълумоти хаттӣ оид ба муолиҷаи ҳайвонот ба ҳазораи 4 то м. рост меояд. Дар Мисри Қадим дар қатори диг. илмҳо байториро низ меомӯхтанд. Байторӣ дар кишварҳои водии д-ҳои Даҷла ва Фурот низ тараққӣ карда буд. Оид ба муолиҷаи баъзе касалиҳои ҳайвонот дар Ведаҳо ва Авесто маълумот мавҷуд аст. Бархе аз касалиҳои ҳайвонотро нависандаҳои римӣ Варрон, Колумелла (асри 1), Вегетсий (а. 4) қайд кардаанд. Дар Рим касби табиби ҳайвонот мавҷуд буд. Аспҳои касал ва маҷрӯҳи аскарон дар лазаретҳо (беморхонаи қисмҳои ҳарбӣ) табобат карда мешуданд. Дар Юнони Қадим табиби асп липпиатр ном дошт. Дар асри 10 муаллифи номаълум осори бисёреро оид ба байторӣ ҷамъоварӣ карда, бо номи «Гиппиатрика» ба шакли китоби алоҳида даровардааст. Асрҳои миёна дар мамолики Аврупои Ғарбӣ тоун, перипневмонияи чорвои калон, оқсил ва диг. касалиҳо авҷ гирифта, ба чорводорӣ хисороти зиёд меоварданд. Муолиҷаи ҳайвонот асосан шуғли подабонҳо, оҳангарҳо ва човандозҳо буд. Дар мамлакатҳои Араб ҳунари байторӣ нисбатан хуб ривоҷ дошт. Дар давраи Эҳё, замоне, ки ба осори классикии қадим майлу рағбат афзуд, китобҳои марбут ба байтории муаллифони римӣ ва юнонӣ ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ тарҷума шуданд. Ба пешрафти байторӣ хосса дастовардҳои анатомия таъсири калон расонданд. Соли 1564 олими итолиёӣ Фиаски дар бораи наъл кардани аспон китобе таълиф намуд. Соли 1573 китоби «Анатомияи муқоисавӣ»-и олими фаронсавӣ Контре интишор ёфт. Соли 1598 олими итолиёӣ Руини оид ба анатомия ва касалиҳои аспон асаре таълиф кард.
 
Дар асрҳои миёна инкишофи байторӣ нисбатан суст шуда бошад ҳам, афзудани талабот ба маҳсулоти чорводорӣ барои тайёр кардани байторҳо заминаи мусоид фароҳам овард. Соли 1761 мирохур (шталмейстер)-и фаронсавӣ К. Буржела дар ш.шаҳри Лион аввалин мактаби байториро таъсис дод. Минбаъд чунин таълимгоҳҳо дар Алфоре (1765), Копенгаген (1773), Вена (1775), Дрезден (1776), Ганновер (1778), Будапешт (1787, Берлин ва Мюнхен (1790), Мадрид (1793) низ ифтитоҳ шуданд. Аз ибтидои асри 19 ангезандаи бисёр касалиҳои ангалӣ (паразитӣ) ва сироятӣ ошкор гардиданд. Конгресси 1-уми байналмилалӣ (Гамбург, 1863) ва конференсияи байналмилалии байторӣ (Вена, 1872) ба пешгирии касалиҳои тоун ва илтиҳоби шуши чорво бахшида шуда буданд.
 
Байторӣ дар Россия асрҳои 10-13 ба вуҷуд омадааст. Ба ташхису табобати аспҳо байторҳои худомӯз ва аспбонҳо машғул буданд. Асрҳои 16-17 аввалин маълумоти хаттӣ доир ба байторӣ арзи вуҷуд карданд. Соли 1715 бо фармони Пётри I мактаби байтории аспҳо (дар Маскав, Петербург ва Лубан) таъсис дода шуданд. Минбаъд бо фаъолияти олимони соҳа Я. К. Кайданов, В. И. Всеволодов, И. И. Рович ва дигар байторони рус дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрат ёфт. Байторӣ хосса дар давраи шӯравӣ ривоҷу равнақ дошт. К-зу с-зҳо ва корхонаҳои калони давлативу кооперативӣ бунёд гардиданд. Умури байтории шӯравӣ ҳалли масоили зеринро дар бар мегирифт: пешгирӣ кардан ва барҳам додани касалиҳои ҳайвонот, аз ҷумла парандаҳо, ҷонварони мӯинадор, моҳиҳо, занбӯри асал ва ғ.; андешидани тадбирҳои зиёд намудани маҳсули чорво ва парандаҳо; муҳофизати аҳолӣ аз касалиҳои умумии одаму ҳайвонот. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз солҳои 20-30 асри 20 касалиҳои тоун, илтиҳоби шуши чорво, нағзаки бузу гӯсфанд, камхунӣ, энсефаломиелит ва лимфангити сироятии асп, сӯхтанӣ ва тоуни хуку парандаҳо қариб барҳам хӯрда буданд. Дар пешрафти В.-и шӯравӣ олимон К. И. Скрябин, С. Н. Вишелевский, И. М. Куческо, А. А. Марков ва диг. саҳми назар-рас гузоштанд.
Сатри 12:
 
== Байторӣ дар Тоҷикистон ==
Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин мутахассисони соҳаи байторӣ солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ омаданд. Соли 1929 дар назди Комиссариати халқии зироат шуъбаи байторӣ ташкил шуд. Худи ҳамон сол нахустин озмоишгоҳи байторӣ ва соли 1931 озмоишгоҳи таҳқиқи ашёи чармгарӣ ба фаъолият пардохтанд. 11 сент. 1935 дар ш.шаҳри Сталинобод техникуми зооветеринарӣ (бо шуъбаҳои байторӣ ва зоотехникӣ) кушода шуд. Соли 1943 дар заминаи озмоишгоҳи ҷумҳуриявии байторӣ Бунгоҳи таҷрибавии таҳқиқоти илмии байторӣ (баъдан ба Институти таҳқиқоти илмии байторӣ табдил дода шуд) таъсис ёфт. Бо мақсади тайёр кардани мутахассисони маълумоти олидор бо қарори КМ ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷ. соли 1963 дар назди фак-тифакултети зоотехникии Ин-тиИнститути кишоварзии Тоҷикистон шуъбаи байторӣ кушода шуд, ки он соли 1965 ба факултети байторӣ мубаддал гашт. Олимони тоҷик дар кори мубориза зидди касалиҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, таҳқиқи қонуниятҳои умумии пайдоиши сил, брутселлёз ва лейкози чорвои калону мурғон, гелминтозҳои ҳайвонот ва парандаҳо, ошкор намудани манбаъҳои табиии касалиҳои сироятӣ ва ангалии ҳайвоноту одам ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштанд. Масъалаҳои эпизоотологияи касалиҳо, биологияи ангезандаҳо, қисирмонии ҳайвонот ва сабабҳои касалиҳои ҷавонаҳо низ мавзӯи таҳқиқи мутахассисон мебошанд. Олимони тоҷик усули пешгирии касалии хламидиоз — исқоти гӯсфанд, буз, хук-ро дарёфт намуда, дар кори барҳам додани пулорози мурғон, паратифи мурғобӣ ва пастереллёзи парандагон дар фермаҳои мурғпарварӣ саҳми арзанда гудоштаанд.
 
Соли 1990 дар Тоҷикистон 45 бунгоҳ, 49 табобатхона, 222 қитъа, 2 озмоишгоҳи ҷумҳуриявӣ, 4 озмоишгоҳи вилоятӣ, 16 озмоишгоҳи ноҳиявӣ фаъолият дошт. Феълан дар ҷумҳурӣ 24 маркази ташхис, 135 ассотсиатсияҳои хусусӣ ва 131 дорухонаҳои байторӣ, инчунин 2150 нафар байтор кор мекунанд (2012). Фаъолияти кормандони соҳаи байториро Хадамоти назорати давлатии байторӣ танзим менамояд. Ба сохтори хадамот Маркази назорати давлатии маводи байторӣ, Раёсати назорати давлатии байторӣ дар сарҳадди давлатӣ ва нақлиёт, дастаи махсуси карантинии милитсияи ВКД ҶТ, Маркази миллии ташхиси байторӣ, Маркази ҷумҳуриявии пешгирии касалиҳои чорво ва ғ. дохил мешаванд. Дар тараққии байтории ҷумҳурӣ саҳми Пустовой И. Ф., Мустақимов Р. Г., Авесаломов И. С., Белкин байторӣ Л., Мансурова М. У., Ҳасанов Н. Ҳ., Бадалов Э. Т., Сатторӣ И., Мирзоев Д., Амирбеков М. ва диг. калон аст.