Байрут: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
гурӯҳбандӣ
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 43:
 
== Таърих ==
Бейрут (номи қадимиаш Берит, Берута) аз ҳазорсолаи 2 то м. маълум аст. Аз а.садаи 4 маркази бузурги савдо ва ҳунармандии минтақа. Аз охири асри 1 то м. Мустамликаи Юнон. Дар миёнаҳои асри 6 аз заминҷунбии сахт хароб гардид. Соли 635 дар ҳайати Хилофати Араб буда, с.соли 1110 аз тарафи салибдорон муҳосира гардид ва ба ҳайати Империяи Лотинӣ дохил шуд. Соли 1291 Бейрутро мамлукҳо ва с.соли 1516 Империяи Усмонӣ ғасб карданд. Солҳои 1772 ва 1773 ҳангоми ҷанги русҳо бо туркҳо (1768-74) аз тарафи флоти рус муҳосира гардид. Соли 1918 онро қувваҳои ҳарбии Антанта ишғол карданд. Соли 1920 пойтахти давлати Лубнони Кабир (аз с.соли 1926 Ҷумҳурии Лубнон) зери мандати Фаронса ва аз с.соли 1941 — пойтахти давлати мустақили Лубнон. Солҳои 1952-75 ба маркази калони молиявию тиҷоратӣ, саноатӣ ва фарҳангии Баҳримиёназамини Шарқӣ табдил ёфт. Бейрут, ки зеботарин шаҳри мамолики араб ҳисоб меёфт ва онро «Мадинат-ул- қудс» (шаҳри муқаддас) меномиданд, дар рафти ҷанги гражданӣ дар Лубнон (1975-90) хароб гардид. Баъдан дар услуби «усмонию фаронсавӣ» чун шаҳри замонавӣ қомат афрохт. Низоъҳои мазҳабии авв. солҳои 70 а.садаи 20 боиси тақсимшавии Бейрут ба бахшҳои шарқӣ — христианӣ ва ғарбӣ — мусулмонӣ гардид.
 
== Саноат ==
Дар Бейрут саноати коркарди филиззот, нассоҷӣ, шоҳибофӣ, чармгарӣ тараққӣ кардааст. Ба хориҷа меваҳои ситрусӣ, себ, равғани зайтун, абрешим, пашм содир мекунад.
 
== Маориф ва фарҳанг ==
Дар Бейрут Донишгоҳи давлатии Лубнон, донишгоҳҳои Амрико (1866) ва араб (1960) мавҷуданд. Дар Бейрути куҳна Масҷиди ҷомеи Умар (1291 аз дайри Юҳаннои Таъмидӣ ба масҷид табдил дода шуд), "Масҷиди дарборӣ " (Боб-ус-сарой, аввали а.садаи 16), Қасри Калон (1853) маҳфуз мондааст. Осорхонаи бостоншиносӣ(археологӣ) ва Сурсок (санъати асримиёнагӣ ва муосири Лубнон) дорад.
 
== Эзоҳ ==
Сатри 58:
{{ПБ}}
{{Пойтахтҳо Осиё}}
 
[[Гурӯҳ:Бейрут]]
[[Гурӯҳ:Шаҳрҳои Лубнон]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Байрут"