Михаил Боголюбов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 1:
{{Олим}}
'''Михаи́л Никола́евич Боголю́бов''' ([[24 январ]]и [[1918]], [[Киев]] — [[25 ноябр]]и [[2010]], [[Санкт-Петербург]]) — [[забоншинос]], [[эроншинос]]и рус. Узви пайвастаи АИ ИҶШС (1990) ва баъдан АИ Русия (1992), узви хориҷии АИ Гурҷистон (1990).
 
== Зиндагинома ==
Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (1941). То соли 1944 дар Артиши Шӯравӣ хидмат кард. Омӯзгори кафедраи филологияи эронии Донишгоҳи давлатии Маскав (1944 – 46). Аз соли 1946 то ох. умр дар Донишгоҳи давлатии Ленинград омӯзгор, проф.профессор, мудири кафедра, декани факулта буд. Забонҳои форсии бостон, авестоӣ, форсии миёна (паҳлавӣ), тоҷикӣ, суғдӣ, яғнобӣ, грамматикаи таърихии забонҳои эронӣ, адабиёти классикии форс-тоҷикро дарс медод. Михаил Боголюбов сарвари Мактаби пажӯҳишҳои муқоисавӣ-таърихии забонҳои осиёӣ-африқоӣ буд, ки соли 2007 ба феҳристи макотиби пешбари илмӣ-омӯзгории Санкт-Петербург ворид гардид.
 
== Фаъолияти илмӣ ==
Михаил Боголюбов муаллифи беш аз 200 асари илмӣ, аз қабили «Ҷонишинҳои шахсӣ дар забони хоразмӣ» (1962), «Асноди суғдӣ аз кӯҳи Муғ. Хониш, тарҷума ва тафсир» (1963, ҳамроҳи О. И. Смирнова), «Забони яғнобӣ» (1966), «Оид ба калимасозӣ дар забонҳои эронии бостонӣ» (1978) ва ғ. мебошад. Тамоми бахшҳои таҳқиқоти Михаил Боголюбов бо ҳам робитаи мантиқӣ доранд: ба таҳқиқи хатти суғдӣ, ки бар мабнои расмулхатти оромӣ таҳия гардидааст, машғул шуда, ба таҳқиқи папирусҳо ва навиштаҷоти забони оромӣ рӯй овард; омӯзиши мутуни авестоӣ, истилоҳоти нуҷум, тақвими Эрони Бостон ва ориёӣ ӯро водор намуд, ки ба маводди забонҳои ҳиндӣ, мас., санскрит руҷӯъ намояд. Ҳар як мақолаи Михаил Боголюбов, гарчанде ҳаҷман хурданд, вале фарогири муҳтавои зиёданд. Онҳо на танҳо барои эроншиносӣ, балки барои ҳиндуаврупоишиносӣ низ аҳаммият доранд. Михаил Боголюбов яке аз роҳбарони гурӯҳи муаллифони асари бунёдии панҷҷилдаи «Основы иранского языкознания» («Асосҳои забоншиносии эронӣ») буд.
 
== Ҷоизаҳо ==
Сатри 34:
# Ригведа I, 105. Трита в колодце // Вопросы языкознания. 2002. № 2.
# Авестийское XafvnA в проповеди Заратуштры (Y. 30) и хорезмийское XWNB («отдалять») // Вопросы языкознания. 2003. № 4.
# К сакскому спряжению // «Hçdµ m†nasà»: Сб. статей к 70-летию проф.профессор Л. Г. Герценберга. СПб., 2005.
# К прочтению зороастрийской молитвы Ашэм-Воху // Вопросы языкознания. 2006. № 4.
# Ясна 32: grVhmA, grVhmO. К исторической фонетике Авесты // Сб. статей к 75-летию проф.профессор А. Л. Грюнберга (1930—1995). СПб., 2006.
# Jamshid in the Shahnama and Yima in Zaratushtra’s Yasna 32 // Pembroke papers. Vol. 5. Cambridge, 2006.
# Заратуштра о Быке и Душе (Ясна 29) // Арийская цивилизация в контексте евроазиатских культур. Душанбе, 2006.