Беларус: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Нақлиёт: миЛЛАл бо як Л using AWB
х →‎Таърих: ислоҳи ихтисораҳо using AWB
Сатри 37:
==Таърих==
[[File:St Barys and Hleb Church Horadnia.JPG|alt=Калисои Колож, ёдгории ҳифзшавандаи асри XII |thumb|319x319px|'''Калисои Колож''', ёдгории ҳифзшавандаи асри XII]]
Дар ҳудуди Белорус инсон ҳанӯз дар замони палеолити миёна ва боло маскан гирифта буд. Бошишгоҳҳои тамаддуни мустйер дар Подлужйе, Юпевичи, Бердиж ва вилояти Гомел пайдо шудаанд. Аксари ҳудуди Белоруссияро дар асрҳои аввали милодӣ қабилаҳои славянҳои шарқӣ ишғол кардаанд. Иттиҳодияҳои қабилавии дулебҳо, кривичҳо (аз болооби дарёҳои Днепр ва Волга томаҷрои миёнаи Двинаи Ғарбӣ), дреговичҳо (дар ҳавзаи дарёҳои Березина ва Припят), радимичҳо (ҳавзаи дпрёи Сож), древлянҳо (дар Ҷумҳурии Белоруссия) дар ин давра ташаккул ёфта, ҳудудҳои ишғолкардаи онҳо дар асри 9 ба давлати Руси Киевӣ ҳамроҳ карда шуданд. Кривичҳо ва радимичҳо ширкаткунандагони юришҳои князҳои киевӣ Олег (907) ва Игор (944) ба пойтахти Византия–Сарград (Константинопол) буданд. Дар миёнаи асри 10 князигарии Полотск ташаккул ёфта, шаҳрҳои Витебск, Туров, Берестйе (Брест), Минск, Орша, Пинск ва ғайра бунёд гардиданд. Дар асрҳои 11–12 давлати Руси Киевӣ барҳам хӯрда, князигариҳои Полотск, Смоленск ва Туров мустақил гардиданд ва дертар боз ба князигариҳои хурдтар тақсим шуданд. Дар асрҳои 12–14 алоқа бо марказҳои тиҷоратии русҳо, украинҳо, олмониҳо мустаҳкам шуда, дар ҳудуди ҳозираи Белоруссия князҳои литвонӣ нуфуз пайдо карданд. Дар натиҷа, солҳои 1230–1240 яке аз давлатҳои муқтадири асримиёнагии Аврупо–Князигарии бузурги Литва (марказаш ш.шаҳри белоруссии Новогрудок, дертар Вилна – Вилнюс) арзи вуҷуд кард. Соли 1385 баъди баста шудани Унияи Киев заминҳои Белоруссия ба ҳайати давлати мут­таҳидаи Полшаву Литва (сарвараш князи литвонӣ Ягайло) ҳамроҳ карда шуд. Баъди паси сар шудани ҷангҳо ва ихтилофи байни католикҳо ва муътақидони православӣ ба аксар шаҳрҳои белорусӣ – Брест (1300), Гродно (1391), дертар Слутск, Полотск ва Минск ҳуқуқи худидоракунӣ дода шуд. Дар аҳди Витовт (аз соли 1387), ки 40 сол ҳукмронӣ кард, Князигарии бузурги Литва хеле пеш рафт. Дар аввали асри 16 баъди ҷанги байни Князигарии бузурги Литва бо давлати Маскав ва ба имзо расидани Унияи Люблин (1569) замини Белоруссия боз ба ҳайати давлати муттаҳидаи Полшаву Литва, ки Реч Посполитая ном гирифта буд, дохил карда шуд.
Дар асри 16 дар як қатор шаҳрҳо ҳаракатҳои динӣ маорифпарварӣ сар заданд, ки дар инкишофи забон ва фарҳанги миллӣ нақши намоён бозиданд. Маорифпарвар Ф. Скорина аввалин китобҳои славянҳои шарқиро ба табъ расонд. Сарзамини Белорус дар давоми асрҳо саҳнаи ҷангҳои манфиатҷӯёнаи хунрез буд (ҷанги Ливон – 1558–1583; ҷанги русҳо бо полшагиҳо – 1654–1667; Ҷанги шимолии байни Россияву Реч Посполитая ва Шветсия – 1700 – 1711). Дар натиҷаи се қисм тақсим гардидани Реч Посполитая (1772–1795) заминҳои онвақтаи Белоруссия (губҳои Вилен, Витебск, Гродно, Минск, Могилёв) ба империяи Россия ҳамроҳ карда шуданд. Ҳангоми Ҷанги ватании соли 1812 ҳудуди Белоруссияро фаронсавиҳо ишғол карданд. Нимаи дуюми асри 19 сохтмони роҳҳои оҳани Маскав–Брест, Либава–Ромен, Петербург–Варшава боиси пешравии иқтисодии Белорус гашт, вале Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914–1918) ба ин пешравӣ зарба зад.
[[File:Boris and Gleb Church (silver) rv.png|alt=Тангаи хотиравӣ|left|frameless]]