Тақсими кори байналмилалӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х миЛЛАл бо як Л using AWB
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 4:

==Мафҳум ва моҳияти тақсимоти байналхалқии меҳнат (ТБМ)==
ТБМ дар давраи пайдошавиаш яъне асрхоиасрҳои 17-18 ва то охирҳои асри 18 нимаи аввали асри 19 дар бартариятҳои табиӣ асос меёфт: фарқият дар шароитҳои иқлимию ҷуғрофӣ ва захираҳои табиии давлатҳои алоҳида самти махсусгардонии онҳоро дар истеҳсоли маҳсулоти гуногун муайян мекард. ТБМ бе мубодила вуҷуд дошта наметавонад. Бинобар ин асоси объективии мубодилаи байналхалқии маҳсулот, хадамот ва технология, инкишофи ҳамкории истеҳсолӣ, илми-техникӣ, тиҷорати байни ҳамаи давлатҳои ҷаҳон новобаста аз сатҳи тараққиёти иқтисодӣ ва хусусиятҳои сохтори иҷтимоӣ мебошад.

Мақсади асосии иштироки давлатҳо дар ТБМ новобаста аз фарқияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ кӯшиши онҳо барои ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ мебошад. Самарае ки мамлакатҳо ҳангоми иштирок дар ТБМ ба даст меоранд дар натиҷаи амали шудани қонуни арза ба даст оварда мешавад, ки он дар фарқияти байни арзиши миллӣ ва байналмилалӣ асос меёбад.

Бартариятҳои ТБМ дар мубодилаи байналхалқӣ дар он зуҳур мешавад, ки ҳар як давлат бо назардошти шартҳои мусоид ба фоидаи дар шакли фарқияти арзиши миллию байналхалқии маҳсулоти содиркунанда ноил мегардад.

Сатри 35:
# «Воридотӣ»: вақте, ки аз ҳисоби воридоти маҳсулот хаҷми истеъмол аз имкониятҳои дохилии истеҳсолӣ зиёд мешавад.
==Назарияҳои асосии ТБМ==
НазарияхоиНазарияҳои ТБМ аз давраҳои пеш дар тадқиқотхоитадқиқотҳои олимони иқтисодшинос, ба монанди А.Смит ва Д. Рикардо инъикос ёфта буданд. А.Смит дар тадқиқоти худ «Тадқиқот оиди табиат ва сабабҳои боигарии халқҳо» зарурияти тиҷорати озодро исбот мекард. Ба фикри вай маҳдудиятҳои гуногун дар роҳи тиҷорати озод ба ташаккулёбии тақсимоти меҳнат байни минтақаҳои алоҳида ва давлатҳо монеа мешавад. Бартарафкунии ин монеаҳо ва васеъкунии мубодилаи байналхалқи бояд ба махсусгардонии иқтисодхоииқтисодҳои милли ва шиддат ёфтани алоқамандии тарафайни онҳо оварад, ки он дар натиҷа ба инкишофи хоҷагии ҷаҳонӣ меоварад. Ғояҳои А. Смитро дигар олимони машҳури иқтисодшинос ба монанди Д.Рикардо, Р. Торенс, Д. Милл давом додаанд. Дастоварди асосии классикон дар назарияи илмии ТБМ назарияи бартариятҳои нисбии Д. Рикардо мебошад. Асоси ин назарияро фарқиятҳои табиии иқтисодиёти миллии мамлакатҳо, яъне фарқиятҳои ҷуғрофӣ ва иқлимӣ, ташкил медиҳанд. Як гурӯҳи давлатҳо бояд саноатро инкишоф диҳанд, дигар гурӯҳи мамлакатҳо бошад дар истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва ашёи хом махсус гардонида шаванд. Мубодилаи мутақобилаи маҳсулот ба баландшавии сатҳи некуаҳволии ин давлатҳо меоварад.
Назарияҳои муосири ТБМ аз тарафи олимони Ғарб кор карда шуда асосан назарияҳо оиди модернизатсияи ТБМ мебошанд.
Тадқиқотҳои олимони Ғарбро дар соҳаи модернизатсия шартан ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст:
Сатри 47:
* баҳамвобастагии омилҳои берунии тараққиёти иқтисодӣ;
* баҳамвобастагии сиёсӣ.
Ин консепсия дар навбати худ барои кор карда баромадани дигар назария, назарияи ислоҳоти ТБМ асос гардид. Моҳияти назарияи ислоҳоти ТБМ дар он аст, ки давлатҳои рӯ ба инкишоф бояд аз сиёсати протексионистӣ даст кашанд ва ба таври васеъ сармояи хориҷиро ба иқтисодиёти худ чалбҷалб намоянд. Дар замони муосир аксар давлатҳо ғояи ин назарияро истифода мебаранд ва дар натиҷа корхонаҳои муштарак, минтақаҳои озоди соҳибкориро ташкил кардаанд.
Асоси амалии ин назария ба фикри иқтисодчиёни Ғарб дар он ифода меёбад, ки самти бароҳмонии сиёсати рушди саноатӣ дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф дигар карда шавад. Онҳо бояд дар истеҳсоли маҳсулоти меҳнатталаб, омилталаб барои содирот бо мақсади қонеъ гардонидани талаботҳои давлатҳои мутараққӣ махсус гардонида шаванд. Мамлакатҳои мутараққӣ бошанд дар навбати худ дар соҳаҳои илмталаб бо истифодаи комёбиҳои прогресси илми-техникӣ махсус гардонида мешаванд.
Ин назария пай дар пай дар амал ҷорӣ карда мешавад. Махсусгардонии соҳавӣ бошад дар се қадам амалӣ гардонида мешавад:
Сатри 68:
Ба сифати шаклҳои асосии махсусгардонии байналхалқии истеҳсолот истифода мешаванд:
* махсусгардонии предметӣ;
* махсусгардонии кисмӣ (деталӣ), яъне истеҳсоли қисмхоиқисмҳои таркибии як маҳсулот;
* махсусгардонии технологӣ ё даврӣ, яъне давра ба давра истеҳсол кардани маҳсулоти саноати кимиё;
Махсусгардонии байналхалқии истеҳсолот бо назардошти муносибатҳои ҷамъиятӣ инкишоф меёбад. Аммо барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, ба даст даровардани фоидаи иқтисодии махсусгардонии байналхалқии истеҳсолот, ноил шудан ба мақсадҳои комплексии иқтисодиёт онро бо кооператсияи байналхалқии истеҳсолот бояд пурра кард.

Сатри 107:
С - ҳаҷми содирот;
[[MMД]] – ҳаҷми [[маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ]]
Ҳар кадар содирот баланд бошад: захираҳои мамлакат ба тақсимоти байналхалқии меҳнат ҳамон қадар зиёдтар ҷалб карда мешаванд. Вусъати ҳиссаи содирот ба фарқияти байни ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва андозаи истеъмол дар дохили мамлакат вобаста аст. Мутобиқи бузургии ҳиссаи содирот самти махсусгардонии мамлакатро дар тиҷорати байналхалқӣ муайян кардан мумкин аст. Масалан: махсусгардонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси он ки ҳиссаи содироти соҳахоисоҳаҳои пахтатозакунӣ ва алюминий назар ба ҳисоби миёнаи маҳсулоти миллӣ баланд аст, муайян кардан мумкин аст.

-Нишондиҳандаи иштироки мамлакат дар ҳаракати байналхалқии сармоя:

а) ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ нисбат ба [[ММД]];

Сатри 116:
* нишондиҳандаи иштироки мамлакат дар мубодилаи байналхалқии технология;
Фаромиллаликунонии хоҷагии ҷаҳонӣ бо фаъолияти КФ вобастагӣ дорад. КФ чунин сохтори хоҷагидорие мебошад, ки сармояаш ба як давлат таалуқ дошта ширкатҳои фаръи ва духтариаш дар мамлакатҳои гуногун фаъолият мекунанд. КФ аз нимаи дуюми асри 20 дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба миён омада шумораи ширкатҳои модарии онҳо дар замони муосир ба 50 ҳазор ва шумораи ширкатҳои фаръии онҳо ба 300 ҳазор расидааст. Ширкатҳои модарии КФ асосан дар мамлакатҳои мутараққӣ ва ширкатҳои фаръии онҳо дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ҷойгир кунонида шудаанд. Фаъолияти КФ ҳамзамон хеле васеъ мебошад. Ҳиссаи асосии онҳо ба [[ИМА]], [[Иттиҳоди Аврупо]] ва [[Ҷопон]] рост меояд. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо ҳар сол зиёда аз 1 трлн. долларо ташкил медиҳад. Шумораи коргарони онҳо ба 73 млн. нафар мерасад.

Дар адабиёти хориҷӣ шаклҳои мухталифи ШФМ мавҷуд аст. Чунин намудхоинамудҳои ШФ-ро ҷудо мекунанд.
# Ширкатҳои фаромиллалӣ;
# Ширкатҳои глобалӣ;