Мавиз: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
 
Сатри 1:
[[Акс:Raisins.jpg|200px|Мавиз|thumb]]
'''Мавиз''' — [[ангур]]и хушкида. Аз навъҳои ангури мавизбоб тайёр мекунанд.
 
== Навъҳои мавиз ==
Сатри 8:
* [[соягӣ (навъи ангур)|соягӣ]] – [[кишмиш]]и сафеди дар хонаҳои махсуси соягӣ (хонае, ки чор атрофи девораш сӯрохиҳои сершумор дошта, ба он нури офтоб намедарояд) хушконида;
* [[шиғонӣ (навъи ангур)|шиғонӣ]] – [[кишмиш]]и сиёҳи дар офтоб хушконида;
* [[гармиён (навъи ангур)|гармиён]] – навъи дар маҳлули ишқор тар карда, сипас дар офтоб хушконидаи [[Ангури каттақурғонӣ|ангури каттақурғонӣ]], [[Ангури султонӣ|султонӣ]] ва нимранг; барои рангдор шуданаш онро бо сулфур буғ дода, дар чиғбастҳо мехушконанд;
* [[авлон (навъи ангур)|авлон]] – мавизи дар офтоб хушконидаи ангур.
 
== Тайёр намудани мавиз ==
[[File:Zante_currant_drying_in_Tsilivi.jpg|thumb|Хушксозии [[ангур]] дар [[офтоб]]. [[Токзор]] низ намоён аст.]]
Мавизро бо усули оддӣодӣ дар рӯи [[бурё]], бордон ё [[суфа]]ҳо ангурро хушконида тайёр мекунанд. Бо ин усул [[ангур]] дар 20 – 30 рӯз хушк мешавад. Аз ангури бо маҳлули ишқор таркарда дар 7 – 10 рӯз 24 – 30% ва дар сояхона дар 4 – 8 ҳафта 23 – 25% мавиз хушк мешавад. Мавизи сояхона сершираву рангдор ва кабудчатоб аст. Мавиз то 80 – 85% қанд, 0,5 – 3% туршӣ, 2,3% моддаҳои нитрогедор ва ғайра дорад. Намии мавиз набояд аз 18% зиёд бошад. Мавизро аз гарду чанг ва дигар омехтаҳо тоза карда, ба халта ва қуттиҳо меандозанд.
 
== Хосияти шифоӣ ==
Бино ба ақидаи табибони халқӣ агар мавизро бихӯранд, хилти ғафсро пазонда, барои дафъ шудан тайёр мекунад, меъда ва рӯдаҳоро аз чизҳои бегона пок мегардонад, ҷигарро қувват медиҳад, дар одамони сардмизоҷ боҳро ба ҳаракат меоварад, баданро фарбеҳ мекунад; барои сурфаи балғамӣ, бемориҳои гурда ва пешобдон даво мешавад, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад. Агар ба ҷои тухмаш дар ҳар мавиз як дона мурч ҷой карда, ба хӯрдани он мудовамат намоянд, барои чакмезак дармон мешавад, санги гурда ва масонаро майда карда мерезонад. Мавизро бо равғани ҳайвонот кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад.
мавизи камшираю камгӯшт дарунро мебандад ва шикамро қувват мебахшад. Оберо, ки дар он кишмиш тар карда ё ҷӯшонда шудааст, бо қанди сафед қивом карда бихӯранд, сурфаро шифо мебахшад, узвҳои даруни синаро аз моддаҳои бегона пок мекунад, овозро соф мегардонад.
 
== Эзоҳ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Мавиз"