Архимед: Тафовут байни таҳрирҳо
х
→top: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 12:
Ба кашфиёти машҳуртарини худ-қувваи болотеладиҳанда(бартелишро) Архимед ба шарофати он, ки бо шоҳи Сиракуз Ҳиерони дуввум дӯсти наздик буд, соҳиб шудааст.Шоҳ мехост, муайян кунонад, оё тоҷи навсохташудаи ӯ мувофиқи фармоишаш ҳақиқатан ҳам аз тилои тоза иборат аст ё заргар бар он дигар металлҳои арзонбаҳоро омехтааст?
Барои ҳамин аз Архимед дархост кард, то тоҷро аз тафтиш гузаронад бидуни он, ки ба он ягон хел осебе бирасонад. Олим якчанд рӯз андеша мекард, чӣ тавр ин масъалаи душворро ҳал намояд, чунки сохти тоҷ хеле мураккаб буда, бад-ин минвол ҳисоб кардани ҳаҷми он аз имкон берун буд.Ниҳоят рӯзе Архимед дар вақте, ки барои оббозӣ ба ҳаммоми пуроб даромад, мушоҳида намуд, чи гуна як миқдори об аз канори ванна мешорад. Олим дарҳол пайхас кард, ки он миқдори шорида рафта айнан ба ҳаҷми бадани ӯ баробар аст. Архимед аз ванна ҷаҳида бархест ва тамоман бараҳна дар кӯчаҳои Сиракуз "Эврека, эврека!" (Дарёфтам, дарёфтам) додзанон битохт. Ба туфайли ин қонуни муҳимми физикавӣ ӯ муқаррар намуд, ки тоҷи Ҳиерон асосан аз металли
[[Гурӯҳ:Аврупо]]
|