Рене Декарт: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 1:
{{Файласуф}}
'''Рене́ Дека́рт''' ({{lang-fr|René Descartes}} {{IPA|[ʁəˈne deˈkaʁt]}}, {{lang-la|Renatus Cartesius}} — Картезий; [[31 март]]и [[1596]], [[Декарт (Эндр ва Луара)|Лаэ]] (устони [[Турен]]), ҳозира Декарт (департаменти [[Эндр ва Луара]]) — [[11 феврал]]и [[1650]], [[Стокҳолм]]) — [[файласуф]] , {{риёзидон|Фаронса|асри XVII}}, {{механик|Фаронса|асри XVII}}, {{физикдон|Фаронса|асри XVII}} ва [[корандомшиносӣ|корандомшинос]]и [[Фаронса|фаронсавӣфаронса]]вӣ, бунёнгузори [[ҳандасаи таҳлилӣ]].
 
== Зиндагинома ==
Сатри 6:
 
== Фалсафа ==
Рене Декапт яке аз саромадони «фалсафаи нав» ва илми навине мебошад, ки таҷдиди назар кардан ба тамоми анъанаи гузаштаро тақозо мекард. Ба фикри ӯ, дониши дорои аҳаммияти фалсафӣ бояд аз тариқи худшиносии «Ман»-и фикркунанда офарида шавад. Аз ин рӯ, Рене Декарт бори аввал дар таърихи фалсафа роҳнамоии ақлро ба миён гузошта, озод шудани динро аз хурофотҳои пешина ва баҳо додан ба онро танҳо дар ҷаҳорчӯбаи ақлу хирад ҷоиз медонад. Ақлро Рене Декарт шомили ду восита ё худ абзори маърифат-интуитсия ва дедуксия медонад. Аввалӣ дарку фаҳмиши дурусту боэътимоди ақл аст. Як амали оддӣодӣ билофосила бо нури ақл фурӯзон хоҳад шуд. Дар ҳолати интуитсия мафҳуми фикршавандаро аз мавҷудот ҷудо кардан мумкин нест. Мафҳуми пайдошуда минбаъд аз тариқи дедуксия, аналогия ва ғ. такмил меёбад. Ин воситаи маърифат методи дуруст ё худ интихоби роҳи дурусти дарки мавҷудотро талаб мекунад. Яке аз ин роҳҳо анализи мавриди истифода дар геометрия мебошад.
 
Риёзӣ ҳамчун дониши саҳеҳ ин роҳро нишон медиҳад ва тартибу ҳудуди ашёи мавриди таҳқиқро муайян мекунад. Тартиби дуруст истифода аз дедуксия мебошад, ки ҳолатҳои мушкилу мураккабро ба ҳолати соддаюсодаю одӣ медарорад. Минбаъд бо роҳи муқоиса ва усули айният фарқияти мавҷудотро муайян мекунанд.
 
Дар асоси ин метод Рене Декарт сохтори муқадимотии фалсафаро созмон медиҳад. Ӯ фалсафаро шабеҳи дарахте медонад, ки онро ба метафизика, физика ва дигар бахшҳои илмӣ тақсим намудан мумкин аст. Метафизика, ба фикри Рене Декарт бахши аввали фалсафа аст, ки асосҳои он ҳамчун решаи дарахт ба воситаи идроки ақлӣ дарк мешавад. Нахустмояи он иборат аст аз (1) мавҷудияти дақиқ, шубҳанок, дорои қобилияти фикр ва бидуни ҷисм; (2) мавҷудияти Худо. Эътиқоди муқаддамотӣ маҳз ба боварии экзистенсиалӣ (вуҷудӣ) ишора мекунад. Ба ибораи дигар, аз худбоварии экзистенсиалӣ мавҷудияти Худо собит карда мешавад: «Ман вуҷуд дорам, пас Худо низ вуҷуд дорад». Аз ин қазия муҳокимаҳои дигарро низ баровардан мумкин аст: «Ман фикр мекунам, пас ман вуҷуд дорам» ва «Ман мефаҳмам, пас ман дорои фикр мебошам, ки аз ҷисм фарқ мекунад».