Ҳандаса: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Ҳандаса''' ({{lang-ar|هندسه}}), '''геоме́трия''' (аз {{lang-grc|γεωμετρία}}, аз {{lang-grc2|γῆ}} — [[зааминзамин]] ва {{lang-grc2|μετρέω}} — чен мекунам) — шохае аз [[риёзиёт]], ки шаклҳои фазоии олами воқеӣ, робитаҳои фазоии ашёи гуногун, инчунин шаклу робитаҳои дигареро меомӯзад, ки аз ҷиҳати сохт ба шаклу робитаҳои фазоӣ шабоҳат доранд.
 
== Таърих ==
ҳандаса дар Машриқзамин бо номи ҳандаса маъмул аст. Бозёфтҳои муаррихон шаҳодат медиҳанд, ки 3100 сол то м. мисриёни бостонӣ барои банақшагирии замин, ҳисоби масоҳату ҳаҷмҳо дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ғ. усулу қонунҳои риёзиро таҳия карда буданд. Ба ақидаи муаррихони юнонӣ, дар асри 6 то м. Ҳандаса аз Миср ба Юнон оварда шуда, минбаъд то асри 1 то м. маҳз дар ҳамон ҷо инкишоф ёфтааст. Кӯшишҳои юнониёнро [[Уқлидус]] дар асари худ «Усул» ҷамъбаст намудааст. Дар ин асар аксиомаҳои асосии ҳандаса оварда шуда, аз онҳо ба воситаи натиҷагириҳои мантиқӣ хосиятҳои гуногуни шаклҳои содатарин дар ҳамворӣ ва фазо ҳосил гардидаанд. Баъд аз Уқлидус ҳандаса-роҳандасаро дар Юнон олимони бузурги замон [[Архимед]], [[Аполлони Пергӣ]], Менелай ва дигарон инкишоф доданд. Аз ҷумла Архимед исбот кард, ки нисбати дарозии давра ба диаметри он (адади машҳури π) дар байни қиматҳои  ва  ҷой мегирад. Ӯ инчунин усули муайян кардани ҳаҷм ва маркази вазнинии бисёр ҷисмҳоро дарёфт намуд. Аполлони Пергӣ хосиятҳои буришҳои махрути (конуси)-ро таҳқиқ карда, ба усули координатаҳо асос гузошт.
 
Таназзули ҷомеаи қадими юнонӣ боиси рукуди тавсеаи ҳандаса низ гардид. Аммо инкишофи ҳандаса дар мамлакатҳои Араб, Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон, Хитой идома ёфт. Саҳми олимони Машриқзамин, ки ғолибан эрониён (тоҷикон) буданд, дар инкишофи ҳандаса назаррас аст. Мас., Умари Хайём ва Насируддини Тӯсӣ ба «Усул»-и Уқлидус шарҳҳои муфассал таълиф намудаанд. Онҳо аввалин шуда илми алгебра (алҷабр)-ро дар ҳандаса татбиқ намуда, ба робитаи алҷабру ҳандаса асос гузоштанд.
 
=== Ҳандаса дар Машриқзамин ===
Ҳандаса чун ҷузъи риёзиёт аз замони қадим аз ҷониби донишмандони Машриқзамин, аз ҷумла эрониён (тоҷикон) ва баъдан юнониҳо инкишоф ёфта, ба зинаи баланди илмӣ бардошта шуд. Дастовардҳои илми риёзиро олими машҳури тоҷик Муҳаммади Хоразмӣ (780–850) аз ҳиндӣ ба арабӣ тарҷума карда, бо кашфиёти хеш ғанӣ гардондааст. Асари ӯ «Китобу-л-ҷамъ ва- т-тафриқ», ки унсурҳои илми ҳандасаро дошт, дар асри 12 ба забони лотинӣ тарҷума шудааст. Донишмандони исломӣ, бахусус эрониён, аввалин шуда (дар асри 8) илми ҷабрро дар ҳандаса ба кор бурданд ва асоси робитаи ҷабру ҳандасаро бунёд ниҳоданд. Риёзидони маъруф Абусаид Зарири Ҷурҷонӣ дар он замон асарҳои худ «Масоили ҳандасия» ва «Китоби истихроҷи хатти нисфу-н-наҳор…»-ро таълиф намудааст, ки то ба имрӯз расидаанд. Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исои Моҳонӣ (825–878/83) яке аз аввалин олимони тоҷик аст, ки дар асарҳояш «Шарҳи мақолаи панҷуми китоби «Усул»-и Уқлидус», «Тафсиру-л-мақолати-л-ъошира мин китоби Уқлидус»-ро таҳқиқ намуда, шарҳ додааст. Асари безаволи Уқлидус «Усул» дар асарҳои Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳусайни Хуросонӣ (фавт 961/71), Насируддини Тӯсӣ (фавт 1273), Асируддин Муфзил ибни Умар Абҳарии Самарқандӣ (1262 ё 1301), Салоҳуддин Мусо ибни Муҳаммад ибни Маҳмуд машҳур ба Қозизодаи Румӣ (1360–1437) ва дигарон мавриди таҳқиқот қарор гирифта буд. Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳусайни Хуросонӣ (фавт 961/71) бори аввал муодилаҳои намуди х<sup>2</sup>+а=сх<sup>2</sup>–ро бо ёрии буришҳои махрутӣ ҳал кардааст. [[Абулвафои Бузҷонӣ]] (940–998) доир ба илмҳои алҷабру ҳандаса асарҳои зиёд дошт. Ба асарҳои Уқлидус, Дийуфантус, Ибархус ва Муҳаммад ибни Мусои Хоразмӣ шарҳ навиштааст. 13 рисолаи риёзии ӯ дар китобхонаҳои ҷаҳон маҳфузанд. [[Абубакри Қароҷӣ]] (фавт 1019/29) дар рисолаи худ «Китобу-л-ҷабр ва-л-муқобала ва ҳува маъруф би-л-фахрӣ», ки бобҳои 44–53-и он ба ҳандаса бахшида шудаанд, математикаи замонаашро такмил додааст. [[Умари Хайём]] бори аввал таҳқиқи геометрии муодилаҳои алгебравиро анҷом дода, бунёни аввалин теоремаҳои ғайриуқлидусиро гузошт, ки баъдан ба риёзиёт чун мафҳуми «чаҳоркунҷаи Хайём–Саккери» дохил шудааст. Ӯ инчунин ҳалли муодилаҳои дараҷаи севвумро дар доираи илми ҳандаса (шаклҳои геометрӣ) анҷом додааст. [[Насируддини Тӯсӣ]] ба ҳандаса-и[[ҳандасаи ғайриуқлидусӣ]] асос гузошт, ки ба инкишофи математика дар Аврупо таъсири бузург расонд. Асарҳои машҳури ӯ дар ҳандаса «Таҳрири Уқлидус» ва «Усули ҳандаса» мебошанд.
 
Олимони бузурги тоҷик, аз ҷумла [[Ибни Ироқ]] (фавт тахминан 1036), Абусаиди Санҷарӣ (фавт 1036), Абусаиди Абдулҷалили Сиҷзӣ (951–1024), Абурайҳони Берунӣ (973–1048) ва дигарон дар рушди ҳандаса саҳми арзанда гузоштаанд. Олимони муосири тоҷик А. Аъзамов, Ш. Хайруллоев, ҳандаса Собиров, У. Каримов дар геометрияи муосир таҳқиқот анҷом дода, ба рушди он мусодиат кардаанд.