Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х мусавварсозӣ., гурӯҳбандӣ
х ислоҳи тире ва нимтире using AWB
Сатри 3:
 
== Таърих ==
Дар шароити фалаҷ гаштани сохторҳои [[ҳокимияти давлатӣ]] ва хатари парокандагии давлат дар арафаи Иҷлосияи XV1 Шӯрои Олии ҶТ «Изҳороти Шӯрои Олии ҶТ, ки 26 ноябри соли 1992 қабул гардид, ба мардуми Тоҷикистон умед ба ояндаро ато кард. Дар изҳорот зикр гардида буд: {{аввали иқтибос}}«муҳимтарин дастоварди кори иҷлосия тантанаи Қонун аз болои қонуншиканӣ, бозгаштан ба роҳи конститутсионии ҳалли масъалҳои тезу тунди иҷтимоию сиёсӣ мебошад, ки ҷомеаро ба изтироб овардаанд»{{охири иқтибос|сарчашма=Изҳороти Шӯрои Олии ҶТ, 26 ноябри соли 1992}}. Дар замони бӯҳрони сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иҷлосия як қа­­­­тор санадҳои ҳуқуқӣ қабул кард, ки онҳо ба фаъол на­мудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.<ref name="khovar.tj">[http://khovar.tj/2017/11/abufatto-sharifzoda-i-losiyai-xvi-sh-roi-ol-sat-i-hudshinos-asolati-vatandor-va-iftihori-millii-sha-rvandonro-hele-bolo-burd/ «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд»]</ref>
 
 
== Қарорҳои иҷлосия ==
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйи­ру иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷум­ҳурии Тоҷикистон; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи гурезагон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯ­зи сулҳ ва ризояти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кар­дани 26 ноябри соли 1992», Қонунҳои Ҷумҳурии То­ҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи [[Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон]] <ref>[http://www.president.tj/taxonomy/term/5/147'''Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон''']</ref>
ва [[Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон]]<ref>[http://www.president.tj/taxonomy/term/5/145 '''Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон''']</ref>; дар бораи сохтори Шӯ­рои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи ташкил на­мудани [[вилояти Хатлон]] дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин шумор буданд.<ref>[http:// name="khovar.tj"/2017/11/abufatto-sharifzoda-i-losiyai-xvi-sh-roi-ol-sat-i-hudshinos-asolati-vatandor-va-iftihori-millii-sha-rvandonro-hele-bolo-burd/ «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд»]</ref>
 
Бинобар вуҷуд надоштани шароит дар давраи муайян масъалаи даст кашидан аз ҳокимияти президентӣ ба муҳокимаи депутатҳои халқ гузошта шуд. ([[Раҳмон Набиев]] собиқ Президенти Тоҷикистон дар иҷлосия баромад намуда аз мансаби президентӣ озод намуданашро изҳор намуд). Дар лоиҳаи қа­рор, ки ба баррасии депутатҳои халқ пешниҳод гардид, пеш­бинӣ шуда буд, ки ваколатҳои мансуб ба Президент мин­баъд ба ӯҳдаи Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ, Ҳукумат ва қисман ба ӯҳдаи Раёсати Шӯрои Вазирон вогузор карда ша­вад. Бинобар ин моддаи 99-и Конститутсия дар таҳрири нав пешниҳод гардид. Мутобиқи он Шӯрои Олӣ бо пеш­ниҳоди Шӯрои Вазирон вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таш­кил менамуд ва ё барҳам медод. Масъалаҳои таъйин ва бозхонди намояндагони дипломатӣ ва консулгарӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ, ки пештар ваколати Президент ба шумор мерафт, ба зиммаи Раёсати Шӯрои Олӣ таҳвил гардид. Тибқи моддаи 109 Конститутсия Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷ­икистон ва Сарфармондеҳи тамоми қувваҳои мусаллаҳи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ба ҷои Девони Ва­зирон ташкил додани Шӯрои Вазирон ба мақсад мувофиқ до­нис­та шуд. Аз ин рӯ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Консти­тут­сияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қа­бул гардид. Акнун дар байни Иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ ма­қомоти олии ҳокимияти халқӣ Раёсати Шӯрои Олӣ ба шу­мор мерафт, ки он давлатро ба таври кул идора мекард. Бар­ҳам додани идоракунии Президентиро дар Иҷлосияи XVI Шӯ­рои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси он [[Эмомалӣ Раҳмон]] (Э.Ш. Раҳ­монов) ҳамчун роҳи пешгирӣ намудани мансабталошиҳо ва во­ситаи мустаҳкам сохтани мавқеи давлатамон дар арсаи ҷа­ҳонӣ ҳисобида буд.<ref>[http:// name="khovar.tj"/2017/11/abufatto-sharifzoda-i-losiyai-xvi-sh-roi-ol-sat-i-hudshinos-asolati-vatandor-va-iftihori-millii-sha-rvandonro-hele-bolo-burd/ «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд»]</ref>
== Аввалин рамзҳои давлатии Тоҷикистон ==
<gallery>
Line 19 ⟶ 18:
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
{{ҷавонахурд}}
 
{{тоҷикистон}}
 
[[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Сиёсат дар Тоҷикистон]]