Гватемала: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 80:
 
== Таърих ==
Дар асрисадаи 2II то м. дар ҳудуди Гватемала қабилаҳои ҳинду зиндагӣ доштанд, ки бо шикор ва моҳигирӣ машғул буданд. Дар охири асрисадаи 2II то м. аввалин маҳалҳои аҳолинишин ва кишоварзӣ пайдо шуданд. Гватемала яке аз марказҳои асосии пайдоишу инкишофи тамаддуни оламшумули майя мебошад. Дар асрисадаи 1I то м. шаҳр-давлатҳои майя — Тикал, Эл Мирадор, Накбе, Куипигуа, Калакмул пайдо шуданд. Тадриҷан қабилаҳои майя дар минтақаҳои васеъ, ки ғайр аз Гватемала ҳудуди Ҳондурас, Белиз ва Мексикаи Ҷанубиро фаро мегирифтанд, сокин шуданд. Онҳо ба фарҳанги халқҳои ҳинду ва тамаддунҳои Амрикои Марказӣ таъсири бузург расонданд. Давраи шукуфоии онҳо ба солҳои 250—900 рост меояд. Вале дар асрисадаи 10X онҳо таназзул ёфтанд, шаҳрҳоро тарк карда, ба шимол, ба нимҷазираи Юкатан кӯч бастанд. Дар солҳои 1520-30 авлоди бунёдгузорони тамаддуни майяро истилогарони Испания ба худ тобеъ карданд. 15.9.1821 Маҷлиси намояндагони аҳолии креолии шаҳри Гватемала эъломияро дар бораи истиқлоли Гватемала аз Испания қабул кард. Январи 1822 Гватемала ба Мексика ҳамроҳ шуд. Аз соли 1839 ҷумҳурии мустақил. Баробари тараққии хоҷагиҳои плантатсионӣ дар Гватемала муносибатҳои капиталистӣ низ ба вуҷуд омаданд. Ҳукуматҳои либералӣ солҳои 1873-98 якчанд ислоҳот анҷом доданд, ки онҳо барои рушди иқтисодиёти мамлакат ёрӣ расонда, таъсири калисоро маҳдуд карданд. Аммо дар Гватемала авҷи монополияҳои амрикоӣ оғоз ёфта, беҳтарин бешазорҳо, роҳҳои оҳан ва бандарҳои асосиро соҳиб мешуданд. Солҳои 20 асрисадаи 20XX дар мамлакат ҳаракати озодихоҳии миллӣ вусъат ёфт. Соли 1931 ба сари ҳокимият Х. Убико омада, мамлакатро ба ИМА тобеъ гардонд. Ҳаракати озодихоҳии миллӣ дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-45) вусъат ёфта, диктатураи Убикоро сарнагун сохт. Ҳизби халқӣ-озодихоҳӣ ба сари ҳукумат сиёсатмадори ислоҳотчӣ Х. Х. Аревало (1944-54)-ро овард. Марти 1945 конститутсияи демократӣ қабул гардида, ислоҳоти аграрӣ баргузор шуд ва озодиҳои демократӣ барқарор гардиданд. Оғози «ҷанги сард» муносибати байни Гватемала ва ИМА-ро муташанниҷ гардонд. Чунин вазъият боиси ба сари ҳокимият омадани Х. Арбенс Гусман (1951-54) гардид. Вале ҳукуматҳои баъдӣ давлати Гватемала-ро аз сари нав ба монополияи ИМА табдил доданд. Махсусан дар давраи ҳукмронии К. М. Арана Осорио (1970-74) нуфузи монополияҳои амрикоӣ афзуд. Айни замон Президенти Гватемала Отто Перес Молина ва сарвазири он Роксана Балдетти мебошад. Ҳизбҳои бонуфузтарини Гватемала — Иттиҳоди сотсиал-демократии миллии умед, Ҳизби ватанхоҳ, Иттиҳоди бузурги миллӣ, Ҷабҳаи ҷумҳурихоҳи Гватемала.
 
== Иқтисодиёт ==
Сатри 92:
== Варзиш ==
Кумитаи олимпии Гватемала соли 1947 ташкил ва аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ эътироф шудааст. Навъҳои нисбатан паҳншудаи варзиш: футбол, куштигирӣ, бокс, велосипедронӣ, варзиши сабук ва вазнбардорӣ. Варзишгарони Гватемала дар Бозиҳои олимпии соли 1952 ширкат доштанд. Комёбии чашмрасро дастаи яккачини футболи Гватемала дар Бозиҳои олимпии солҳои 1968, 1976 ва 1988 ба даст овардааст.
Адабиёт. Имрӯз адабиёти Гватемала асосан ба забони испанӣ инкишоф меёбад. Вале дар даврони қабл аз истилои испаниҳо сокинони маҳаллӣ асарҳои зиёди хаттӣ эҷод намуда буданд, ки қариб пурра аз ҷониби испаниҳо нобуд карда шуданд. Катибаҳои иероглифии бозмонда шаҳодат медиҳанд, ки майя асотир ва афсонаҳои хеле зиёд доштааст. Китоби муқаддаси майя «Попол-Вук», ки ба забони киче ба хатти лотинӣ дар солҳои 1554-58 китобат шудааст, дар бораи пайдоиши олам, асосҳои ахлоқ маълумот медиҳад. Ба забони киче «Аннали какгикелен» (сабти асрисадаи 17XVII) ва драма — балети «Рабинал-Аги» (сабти асрисадаи 19XIX) навишта шудаанд. Дар асрисадаи 19XIX бештар шоири романтик Х. Батрес Монтуфар, муаллифи достонҳои таърихӣ Х. Миля-и-Видаурре, намояндагони модернизм — шоирону нависандагон М. Сомо Холл, Э. Гомес Каррилйо, Р. Аревало Мартинес, С. Браняс, дар асрисадаи 20XX шоир ва нависанда Ф. Эрера (эҷодиёти ӯ ба тавсифи зиндагии ҳиндуҳои амрикоӣ бахшида шудааст), шоираҳо А. Акуня, А. М. Родас, К. Матуте бо эҷодиёти хеш маъруф гардида буданд. Нависандаи машҳури муосир М. А. Астуриас аввалин нависандаи Амрикои Лотинӣ аст, ки сазовори мукофоти Нобел гаштааст (1967). Нависанда Р. Менчу Тум (мукофоти Нобел, 1992), ба шарафи халқи майя киче китоби «Маро Ригоберта Менчу меноманд»-ро навиштааст (1983).
 
== Меъморӣ ва санъати тасвирӣ ==
 
=== Меъморӣ ===
Дар ҳудуди Гватемала ёдгориҳои қадимии мутааллиқ ба асрисадаи 1I то м. тамаддуни майя боқӣ монданд. Ёдгориҳои таърихии шаҳрҳои қадимии майя Тикал ва Киригуа шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, ба Рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудаанд. Дар шаҳри Тикал 6 ҳарами осмонбӯс, 16 маъбад, қасрҳо, хонаҳои зиёди хусусии дорои нақшунигори куҳан, кандакории рӯйи чӯбу оҳан мавҷуданд. Шумори зиёди аҳромҳо, маъбадҳо, қасрҳо ва инчунин маснуоти мухталифи дастисохти ҳиндуҳо дар шаҳрҳои қадимии Эл-Мирадор, Васиактун, Закулед, Сивал, Акуатек ва Дос-Пилас ҳифз ва нигаҳдорӣ шудаанд. Фарҳанги ороишии халқҳои ҳиндуи Гватемала-ро айни замон асбобу олоти мухталифи дастисохт ташкил медиҳанд. Дар Осорхонаи миллии бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ намунаҳои зиёди беҳтарин мавҷуданд. Анъанаҳои маросимӣ ва мусиқӣ дар Осорхонаи Каса-К’Охом гирдоварӣ шудаанд. Маркази дӯхтани либосҳои анъанавии ҳиндуёни Гватемала деҳаи Зунили наздики Кесалтенанго мебошад. Ёдго-рии асосии меъморӣ ва фарҳангии даврони мустамликадорӣ шаҳри Антигуа-Гватемала, пойтахти қадимии кишвар мебошад, ки ба шаҳр-осорхона табдил шудааст. Биноҳои қадимии ин шаҳр ба асрҳои 16-18 тааллуқ доранд. Ёдгориҳои дигари давраи мустамликадорӣ: қалъаи Сан Фелипс (асри 16), маҷмӯи биноҳои шаҳри Рио-Дулче дар шимолу шарқи кишвар (1780). Намунаҳои меъмории пасомустамликавӣ (асрҳои 19-20); маҷмӯи биноҳои Майдони марказии Гватемала бо Қасри миллӣ ва калисои кафедралӣ, сохтмону биноҳои шаҳри Куҳна дар шаҳри Гватемала, маҷмӯи биноҳои қисмати марказии шаҳри Кесалтенанго мебошанд.
 
=== Санъати тасвирӣ ===
Дар асрисадаи 20XX таҳти таъсири анъанаҳои фарҳангии кишварҳои ҳамсоя мактабҳои ҳайкалтарошӣ ва рассомӣ ба вуҷуд омаданд. Намояндагони шинохтаи он рассомон А. Галвес Суарес, К. Мерида, Галярдо, Е. Ресимос, ҳайкалтарош Р. Гойри ва дигарон мебошанд.
 
== Осорхонаҳо ва китобхонаҳо ==