Мис: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х тилло на, тило! using AWB
х →‎top: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 3:
 
'''Мис''' (Cu)
Мис дар қатори оҳан, тило, нуқра, қалъагӣ, қурғошим, симоб аз қадимтарин металлест, ки инсон 10 ҳаз.сол муқаддам онро мешинохт ва 9 ҳаз.сол пеш дар Шарқи Наздик асри халколит (энеолит) эълон шуд. Тахминан 7 ҳаз.сол муқаддам асри мис ба Аврупо гузашт. Дар он ҷо захираи калони мис дар Кипр (ҷазираест дар баҳри Миёназамин) ба мардум маълум буд ва гумон аст, ки аз Кипр истилоҳи лотинии «купрум» пайдо шуд, вале мис («медь») аз калимаи «смида»-и қабилаҳое, ки дар минтақаи европоии собиқ Иттифоқи Шўравӣ дар асри биринҷӣ сукунат доштанд, ҳама гуна металлҳоро «Смида» меномиданд, чунки танҳо як металл-«медь» (мис)-ро медонистанду бас. Бо мурури вақт асри мис ба Осиёи Миёна, Кавказ ва дар асрисадаи 2II пеш аз мелод, то ба Украина расид.
Миси асил сурх, сурхи гулобӣ, ёзанда, мулоим, ноқил, вазнин (зичиаш 8,92 г/см3) асту дар 10830С гудохта мешавад, дар ҳавои намнок бо доѓҳоидоғҳои сабз пўшонида мешавад, яке аз металлҳои рангаи саноати ранга ба шумор меравад. Ин аст, ки истифодаи мис аз тамаддуни қадимаи инсоният маълумот медиҳад.
Соҳаҳои асосие, ки мис ва хўлаҳои он истифода мешаванд, электротехника ва электроника (ѓалтакҳоиғалтакҳои аппарати электрикӣ, сим, кабел, резина, қисмҳои эҳтиётии аппаратҳои радио, телевизион, телефон, тамғаҳои чопӣ), мошинсозӣ (қисмҳои двигателу шамолдиҳанда, техникаи кафшерӣ), нақлиёт (қисмҳои пайвасткунандаи қаторҳо, тепловозҳо, киштию тайёраҳо, асбобҳои бонгдиҳанда), саноати кимиё (истеҳсоли катализаторҳо, ранг, намакҳо), сохтмон, кишоварзӣ (истеҳсоли химикатҳои заҳрдор) мебошанд. Масалан, дар ИМА ва Британияи Кабир барои истеҳсоли як мошинаи сабукрав 20 кг мис истифода мешавад.
Дар баробари миси тоза хўлаҳои он: латун (то 30% руҳ дорад), биринҷӣ ё бронза (то 5-30% қалъагӣ), бронзаи алюминӣ (то 5-10 % алюминий), хўлаи сурбӣ (то 30% сурб дорад), хўлаи кремнигӣ (то 5 % кремний, хўлаи бериллий (то 3% бериллий) ва бо никел (мелхиор, нейзилбер ва Константин) дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода мешаванд. Аз ҷумла латун барои тайёр кардани қубурҳо, тунука, механизмҳои соат, асбобҳои амиқ; биринҷии алюминий барои сохтани қисмҳои асосии ҳаракатдиҳанда (двигателҳо)-и авиатсионӣ, приборсозӣ, истеҳсоли соат, ҷавоҳирот, асбобҳои ҷарроҳӣ дар тиб истифода мешавад.
Аз биринҷии қалъагӣ ҳайкал мерезанд, баррелеф, кандакорӣ ва зарубориро иҷро мекунанд. Масалан, 2,3 ҳаз. сол муқаддам ҳайкалтарош Харес Колосс Родосский ҳайкалчаи Худои офтоб Гелиофо, ки 32 метр баландӣ дошт, аз хўлаи мису қалъагӣ рехт, вале баъд аз 50 сол ҳангоми заминларза вай афтид ва аз нав бо хўлаи мису алюминий ҳайкалро барқарор карданд. Ҳамин тавр 1200 сол пеш буддои вазнаш 400 т. дар Тадайзӣ ва баъдтар дар Санкт-Петербург «Медный всадник» рехта шуданд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Мис"