Гиёҳшиносӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
х →‎Таърих: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
 
Сатри 5:
Аввалин маълумот оид ба рустаниҳо аз навиштаҷоти хаттии [[Мисри Қадим]] бармеоянд. Ботаника ҳамчун илм дар асарҳои файласуфи [[Юнони Қадим]] [[Арасту]] низ зикр шу­дааст. Шогирди Арасту — [[Теофраст]] дар китоби «Таҳқиқот дар бораи рустаниҳо» оид ба Ботаника маълумоти муфассалу ҷолиб оварда, баъзе масъалаҳои Ботаника (масалан, тарзи ғизогирӣ, сабзиш ва афзоиши рустанӣ, умумият на тафовути байни рустанӣ ва ҳайвонот)-ро шарҳ медиҳад ва бори аввал рустаниҳоро ба дарахт, бутта, гиёҳ, алафҳоро ба яксола, дусола ва бисёрсола ҷудо мекунад.
 
Дар аcрҳои миёна инкишофи Ботаника мисли илмҳои дигар, суст шуд. Тараққиёти Ботаника охири асрисадаи 15XV хеле суръат гирифт. Дар асрисадаи 16XVI оид ба рустаниҳо (хусусан гуногунии онҳо) маълумоти фаровон ҷамъ омад. Соли 1590 [[микроскоп]] ихтироъ шуд, ки барои таҳқиқи сохти дохилии рус­таниҳо имкон фароҳам овард. Соли 1665 Р. Гук ҳуҷайраро кашф намуд. Солҳои 1675—1679 асари олими итолиёӣ Малпиги «Анатомияи рустанӣ», соли 1682 бо ҳамин унвон китоби олими англис Грю аз чоп баромаданд.
 
Дар таснифи рустаниҳо табиатшиноси швед К. ''Линней'' саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ рустаниҳоро ба 24 синф ҷудо ва барои онҳо номгузории дучандаро пешниҳод на­муд. Дар ҷараёни рушди Ботаника боғҳои ботаникӣ бунёд гаштанд. Аввалин боғи ботаникӣ дар Итолиё (1309) таъсис ёфт. Дар он рустаниҳои доруию хушбӯй парвариш ва омӯхта мешуданд. Боғҳои дигар дар Венетсия (1333), Маскав (1707), Ялта (1812) бунёд гардиданд. Дар пешрафти Ботаника саҳми олимони фаронсавӣ М. Адансон ва А. Жюсе низ бузург аст. Онҳо рустаниҳоро аз рӯйи аломатҳои гул, мева ва тухм муттаҳид намуда, «Таснифоти табиӣ»-ро ба вуҷуд оварданд. Шоир ва табиатшиноси олмонӣ И. В. Ҳёте бо таълимоти худ оид ба метаморфоз (1790) ба илми морфологияи рустаниҳо асос гузошт. Дар бобати ошкор намудан ва пайдоиши рустаниҳо саҳми Ж. Б. ''Ламарк'' ва Ч. ''Дарвин'' хеле бузург аст. Дар охири асрисадаи 19XIX ва аввали асрисадаи 20XX олимони рус И. Н. Гороэканин, М. С. Воронин, В. И. Палладин, С. В. Навашин оид ба Ботаника як силсила пажӯҳиши ҷолиб анҷом доданд. Дар ривоҷу равнақи баъдии Ботаника саҳми К. А. ''Тимирязев'', И. В. ''Мичурин'', И. В. ''Вавилов'' ва дигарон низ назаррас аст.
 
Дар дунё зиёда аз 500 ҳазор намуди рустанӣ вуҷуд до­рад, ки ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: автотрофӣ — рустаниҳое, ки аз моддаҳои ғайриорганикӣ моддаҳои органикӣ тайёр мекунанд (масалан, рустаниҳои сабз, ки аз се ду ҳиссаи олами набототро ташкил медиҳанд) ва гетеротрофӣ — рустаниҳое, ки ғизояшон моддаҳои органикии тайёр аст (масалан, занбурӯғҳо, бактерияҳо ва ғайра).