Барбадос: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 69:
 
=== Иқлим ===
Иқлимаш тропикию пассатӣ. Ҳарорати миёнаи сентябр +27°С, феврал 25°С. Моҳҳои июл–октябр мавсими боронгарист (боришот – то 1400 мм дар як сол). Дар соҳилҳо зуд-зуд тӯфон рух медиҳад. 96%-и оби истифодашавандаро аз чоҳҳои зеризаминӣ мегиранд. Ҷангалзорони тропикии ҷазира қариб пурра нобуд шудаанд (танҳо дар ҳудуди 30 га дар Таммерс-Ҳолл маҳфуз мондаанд). 64 дарсади ҳудуди Барбадосро заминҳои корам ишғол кардаанд. Хокаш латеритии ҷигаритоб, ҳосилхез. Олами ҳайвоноташ ноқис: асосан маймунҳои сабзранг ва росу (мангуст) (дар замонаш – асрисадаи 17XVII аз Африқои Ғарбӣ оварда буданд), 2 намуд кӯршабпарак, 40 намуд паранда (бузургҷуссааш – куланги сафед) дар оби наздики соҳилҳо – моҳии паррон. Дар минтақаи ботлоқии Грэмхел барои ҳифзи парандагон ва намудҳои нодири наботот мамнӯъгоҳ таъсис дода шудааст. Масоили экологӣ – ифлосшавии обҳои наздисоҳилӣ ба сабаби ба миқдори зиёд ҷамъ шудани партовҳо.
 
== Аҳолӣ ==
Сатри 75:
 
== Таърих ==
Аз асрисадаи 5V сар карда дар ҷазира қабилаҳои ҳиндуёни Амрико – аравакҳо ва карибҳо маскун шуданд. Ҷаз. Барбадосро соли 1518 испаниҳо кашф карда, ба вай ин номро гузоштанд ва онро мустамликаи хеш эълон карданд. Испаниҳо қисми зиёди аҳолии Барбадосро ба ҷаз. ЭспанйолаЭспанӣола барои кор фармудан дар конҳо мебурданд. Соли 1605 ба ҷазира англисҳо омада, парвариши найшакарро ба роҳ монданд. Соли 1637 Барбадос ба мустамликаи Англия табдил дода шуд. Барои парвариши найшакар аз Африқо бештару бештар ғулом меоварданд. Соли 1838, баъди бекор карда шудани ғуломдорӣ, Барбадос ба худидории дохилӣ ноил гашт. Бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ (1930) аҳволи Барбадосро, ки асосан бо парвариши найшакар ва истеҳсоли шакар машғул буд, хеле бад кард. Баъди рух додани шӯришу балвоҳо, комиссияи шоҳигарии Британия ба ҳукумати метрополия тавсия дод, ки баъзе табаддулот гузаронад (легализатсияи иттифоқҳои касаба, иҷозати озодона фаъолият кардани ҳизбҳо). Соли 1938 Ҳизби лейбористии Барбадос, соли 1955 Ҳизби демократии лейбористӣ таъсис ёфта, соли 1951 ҳуқуқи интихоботи умумихалқӣ эълон шуд. Солҳои 1958–64 Барбадос дар ҳайати Федератсияи Вест-Индия буда, 30 ноябри 1966 давлати мустақил дар ҳайати Иттиҳоди Британия гардид.
== Иқтисод ==
Асоси иқтисодиёти Барбадосро содироти шакар (300 сол ин ҷониб) ва сайёҳӣ ташкил медиҳад. Ба шарофати ривоҷ ёфтани соҳаи сайёҳӣ Барбадос дар байни давлатҳои ҳавзаи Баҳри Кариб сатҳи зиндагии аз ҳама баланд дорад. Дар Барбадос ММД (ППС) дар соли 2010-ум 6,175 млрд ва даромад ба ҳар сар аҳолӣ 22,296 доллари амрикоиро ташкил дод. Аз панҷ чаҳор ҳиссаи аҳолӣ дар хонаҳои хусусӣ зиндагӣ мекунанд. Саноати сабук ва хӯрокворӣ (истеҳсоли консерва, ром, маҳсулоти тамоку), коркарди найшакар ва нафт, васлкории таҷҳизоти электронӣ, инчунин истеҳсоли барқ (бо истифода аз нерӯи Офтоб ва маводди сӯхт, – асосан пояи найшакар), моҳидорӣ тараққӣ кардааст. Барои рушди соҳаи саноат 10 парки индустриалӣ таъсис додааст, ки дар онҳо иҷорапулии корхонаҳои истеҳсолиро давлат пардохт мекунад. Барои истифодаи дохилӣ сабзавот (помидор, батат, ямс, маниок, сабзӣ, карам, бодиринг, каду ва ғ.) кишт карда, мева (манго, грейпфрут, авокадо, гелос, гуайя – қисман содир мешавад) мепарваранд. Барбадос шакар, ром, дигар маводди саноати хӯрокворӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, гул, шарбат; инчунин пахта, маводди кимиёӣ, ҷузвҳои электронӣ содир ва автомобил, маводди сохтмон, маводди ғизоӣ ва ғ. ворид мекунад. Тиҷорати офшорӣ тараққӣ кардааст. Дар Барбадос наздики 8 ҳазор ширкати офшорӣ (аз ҷумла қариб 500-тоашон бо суғурта машғуланд) ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 60 бонки офшорӣ бо даҳҳо млрд доллари амрикоӣ амалиёт мебаранд. Аз соли 1987 Биржаи хазинавӣ фаъолият дорад, ки дар он саҳмияҳои наздики 30 ширкати дохиливу хориҷӣ ва облигатсияҳои ҳукуматӣ гардиш мекунанд.
Сатри 88:
 
== Адабиёти халқ ==
Намунаҳои осори шифоҳии мардуми таҳҷоии Барбадос дар лаҳҷаи маҳаллӣ – бэйҷен ва адабиёти хаттӣ ба забони англисӣ эҷод шудаанд. Ҳарчанд асрҳо ин адабиёт як ҷузъи адабиёти музофотии англис ҳисоб меёфт, бо ҳақиқати ҳаёти ин маҳал, яъне бо Барбадос ҳеч иртибот надошт. Мавзӯъҳои миллӣ танҳо дар шеърҳои солҳои 40–50 ва насри солҳои 60 асрисадаи 20XX эҷодшуда садо доданд (масалан, дар эҷодиёти насрнавис Ҷ. Лэмминг ва шоиру мунаққид Э. Брэсуэйт). Аввалин китобхонаи оммавӣ соли 1847 ба кор даромада, шабакаи давлатии китобхонадорӣ танҳо соли 1985 ба роҳ монда шуд; Китобхонаи калонтарини миллӣ дар пойтахт ҷойгир буда, дар 7 музофот шуъбаҳои он фаъолият доранд.
 
== Санъат ==
Ҳарчанд санъати тасвирии Барбадос аз асрисадаи 19XIX маншаъ мегирад, санъати назарраси муосир, солҳои 50 асрисадаи 20XX ташаккул ёфтааст: дар манзаранигорӣ Г. Спилер ва В. Коллектор; дар тасвири баҳр ва соҳилҳои он Г. Паркинсон ва К. Блэкет; дар муҷассамасозӣ К. Блэкман (дар чӯб) зуҳур кардаанд. Аз с. 2000 маҷ. «Art Barbados» нашр мешавад, ки дастовардҳои санъати тасвирии Барбадосро инъикос мекунад. Дар санъати меъмории асрҳои 17–19 бештар анъанаҳои биносозии англис ҳукмрон буд. Аз се ду иншооти бинои таърихии мавҷуд дар Нимкураи ғарбӣ, ки бо услуби меъмории ба ном «якобӣ» (дар Англияи асрисадаи 17XVII шакл гирифта буд) бино ёфтаанд, маҳз дар Барбадос пойбарҷо мондаанд (бинои аббатигарии Николайи Муқаддас ва қаср-работи Дрок-Ҳолл). Ибтидои асрисадаи 20XX санъати меъмории Барбадос таҳти таъсири услубҳои испанӣ, фаронсавӣ ва ҳиндӣ монда, биноҳо назарработар гардиданд. Дар мусиқӣ таъсири усулу услубҳои африқоӣ эҳсос мешавад. Жанрҳои ҷаз, калипсо, навохтани таблакҳои пӯлодин маъмуланд. Ҳар сол дар мавзеи Ҳолитаун фестивал барпо гардида, бо иштироки ҳунарпешагони барбадосӣ ва хориҷӣ консертҳои мусиқии маҳаллӣ, халқҳои Амрикои Лотинӣ ва классикӣ ташкил мешаванд, намоишномаҳои операвӣ ва драмавӣ рӯйи саҳна меоянд. Инчунин ҳар сол дар Барбадос фестивали филмҳои синамогарони Африқо ва халқҳои маскуни Баҳри Кариб баргузор мешавад.
 
== Эзоҳ ==
Сатри 106:
 
{{ПБ}}
 
[[Гурӯҳ:Барбадос| ]]