Афсона: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Мавзӯъ, мазмун ва мундариҷа: ислоҳи ҳуруфи тоҷикӣ using AWB
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 2:
 
== Таърих ==
Афсона аз жанрҳои қадими фолклорист. Нишонаҳо, пораҳои ба афсона монандро дар [[Авесто]], осори адабиёти паҳлавӣ («Ёдгори Зарирон», «Дарахти асурик», «Худойнома», «Бундаҳиш» ва ғайра) мушоҳида метавон кард. Дар идомаи анъанаи адабиёти паҳлавӣ, тақрибан дар асрҳои 8–9 китобе ба  номи «Ҳазор афсона» вуҷуд доштааст, ки баъдан он заминае барои пайдоиши «Ҳазору як шаб» гардид. Дар осори манзуму мансури адабиёти гузаштаи форс-тоҷик аз аспи 9 то ба асрисадаи 20XX ва дар адабиёти муосири тоҷик афсонаҳои дар дохили осори бадеӣ – «[[Калила ва Димна]]», «[[Шоҳнома]]»-и [[Фирдавсӣ]], «Таърихи Табарӣ», достонҳои [[Аттори Нишопурӣ|Аттор]], [[Саноӣ]], [[Низомии Ганҷавӣ]], [[Абдураҳмони Ҷомӣ|Абдурраҳмони Ҷомӣ]], маҷмӯаҳои «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» ва ғайра ба назар мерасанд. Дар [[Ёддоштҳо|«Ёддоштҳо»]]-и [[Садриддин Айнӣ|С. Айнӣ]], баъзе асарҳои [[Абулқосим Лоҳутӣ|А. Лоҳутӣ]], [[Мирзо Турсунзода|М. Турсунзода]] (либретои «Тоҳир ва Зуҳро»), [[Мирсаид Миршакар|М. Миршакар]] (достони «Қишлоқи тиллоӣ») ва ғайра афсонаҳо оварда шудаанд.
 
Афсона дар эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик дорои сохтори махсусест: он аз ибтидо ('''''«Буд, набуд, як подшоҳ буд…», «Рӯзе аз рӯзҳо…», «Дар як замоне, дар як маконе…»'''''), гузариш ('''''«Акун бачаро ин ҷо монем, гапро аз духтар шунавем…»'''''), интиҳо ('''''«Онҳо ба муроду мақсадашон расиданд…»''''') иборат аст. Баъзе афсонаҳо танҳо ибтидо ва интиҳо доранд. Дар афсонаҳо тахайюли бадеии гӯянда зоҳир мешавад, қаҳрамонҳо ва шахсиятҳои хос амал мекунанд, онҳо барои саргарм, машғул ва тарбия кардани шунаванда аҳаммият доранд. [[Мавлоно Ҷалолуддини Муҳаммади Румии Балхӣ|Ҷалолуддини Румӣ]] сирру панди дар афсона нуҳуфтаро ганҷ донистааст:
Сатри 69:
 
== Ҷамъоварии афсонаҳо ==
Дар байни навъҳои эҷодиёти даҳанакии халқ аз ҳама бештар афсона мавриди таваҷҷуҳи донишмандони фолклоршинос қарор гирифтааст. Фаъолияти қиссахонон, ноқилон, афсонагӯён, ки дар таърихи илму фарҳанги тоҷик дар асрҳои миёна оғоз ёфтааст, як навъ ҷамъоварии афсонаҳо ва ба мардум расондани онҳо буд. Дар асрисадаи 17XVII адиб Мирзо Бархурдори Фароҳӣ мутахаллис ба «Мумтоз» тақрибан 400 афсонаро ҷамъ оварда, дар асараш «Маҳбуб-ул-қулуб» ҷой додаст. Ҷамъоварию таҳқиқи афсонаҳои тоҷикӣ дар охири асрисадаи 19XIX – ибтидои асрисадаи 20XX ва минбаъд идома ёфт. Дар ин кор саҳми мардумшиносон, таърихнависон, забоншиносон – омӯзандагони лаҳҷаҳо ва фолклоршиносони тоҷику рус А. А. Семёнов, М. С. Андреев, О. А. Сухарева, С. Айнӣ, А. Деҳотӣ, Ҷ. Икромӣ, Б. Ниёзмуҳаммадов, К. Улуғзода, Р. Аминов, А. З. Розенфелд, Б. Шермуҳаммадов, Д. Обидов, И. М. Стеблин-Каменский, А. Л. Грюнберг, Д. Карамшоев, Ҷ. Рабиев, Гулрухсор, Р. Раҳмонӣ ва дигарон арзанда аст. Дар маҷмӯаҳои «Фолклори сокинони саргаҳи Зарафшон» (1960), «Фолклори Норак» (1963), «Афсонаҳои Самарқанд» (1965), «Фолклори водии Қаротегин» (1986), «Афсонаҳои Ӯротеппа» (1992), «Фолклори тоҷикони Қашқадарё. Афсонаҳо» (ҷилдҳои 1–2, 1998), «Шугҳои Бухоро дар сабти Равшан Раҳмонӣ» (1997) ва ғайра ба табъ расидаанд.
 
== Афсонашиносӣ ==
Гирдоварии афсона ва афсонашиносӣ дар тамоми дунё густариш ёфтааст. Дар асрисадаи 19XIX бародарон Гримм афсонаҳои мардуми Олмонро гирдоварӣ ва нашр намуданд. Муҳаққиқи Финландия Аарне ба омӯзиши афсонаҳои халқҳои ҷаҳон аз ҷиҳати типологӣ оғоз намуд. Кори Аарнеро фолклоршиноси амрикоӣ С. Томпсон, баъдан муҳаққиқи олмонӣ Ҳанс Ҷорҷ Утҳер идома доданд. Ҷилди якуми «Куллиёти фолклори тоҷик. Масалҳо ва афсонаҳо» (М., 1981), ки дар таҳияи он И. Левин, Ҷ. Рабиев, М. Явич иштирок кардаанд, дар асоси усули кори Аарне таҳия шудааст. Дар шаҳри Гутингени Олмон «Энсиклопедияи афсона» таҳия шуда истодааст, ки 14 ҷилди он (аз 50 ҷилди ба нақша гирифташуда) ба табъ расид.<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.126 / Р. Раҳмонӣ</ref>          
 
'''Афсона''' [[қисса]], шӯг. Жанри ҳамосавии фолклори тоҷик. Як навъ ҳикояҳои насри шифоҳӣ, ки мазмунҳои рамзию тамсилӣ,сеҳромезӣ ва саргузаштию маишӣ доранд ва бунёди сужети онҳоро одисаҳои бофтаю хаёлӣ ва тасвирҳои фантастикию ғайриоддӣ ташкил медиҳанд. Афсона навъҳои сеҳромез, тамсилӣ, ҳаҷвӣ, маишӣ, ишқӣ-романтикӣ ва саргузаштӣ дорад. Дар саросари кишвар фаъол аст<ref>Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 64</ref><ref>[http://www.pitfi.tj/files/txt/Fehristi_MFG_tj.pdf ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ]</ref>
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Афсона"