Африқо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Тақсимоти сиёсӣ: ислоҳи вожаҳо using AWB
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 40:
== Сохти геологӣ ва сарватҳои зеризаминӣ ==
[[Акс:Topography of africa.png|alt=Харитаи табии Африқо|left|thumb|Харитаи табии Африқо|273x273px]]
Африқо платформаи қадимӣ буда, ҳудуди он дар Ҷануб то кӯҳҳои Кап, ки аз чиндоршавии герсинӣ (охирҳои палеозой) ба вуҷуд омадаанд ва дар қисми шимолу ғарбӣ то кӯҳҳои Атлас, ки синни алпӣ доранд, мерасанд. Ҷинсҳои булӯрӣ ва метаморфӣ (гранитҳо, гнейсҳо, варақсангҳо) дар Африқои Ҷанубӣ ва Шарқӣ, инчунин қад-қади соҳилҳои [[Баҳри Сурх]] ва халиҷи Гвинея ба рӯ баромадаанд. Синни мут­лақи онҳо ба 3,5 млрд сол баробар аст. Ҷинсҳои қадимии қисми шимоли Африқо дар иҳотаи таҳнишастҳои ҷавон барҷаста­гиҳои алоҳидаро ташкил медиҳанд. Таҳшинҳои баҳрие, ки дар давраҳои байни ордовику авв.аввали карбон, инчунин дар ох.охири табошир ба вуҷуд омадаанд, бештар паҳн гаштаанд. Таҳшинҳои баҳриро таҳнишастҳои континентӣ (регсангҳои Нубия ва ғайра) пайи ҳам иваз мекунанд. Дар [[Африқои Ҷанубӣ]], баръакс, дар масоҳати фарохи токембрий пастхамиҳои азими алоҳида – Конго, Калахари ва Карру мав­ҷуданд, ки аз таҳнишастҳои континентӣ – табақаҳои пиряхӣ, ангиштдор ва ҷинсҳои сурхранг пур шудаанд. Дар Африқои Шарқӣ мавҷуд будани минтақаи тарқишҳои калонтарини қишри замин ҷиҳати хосси сохти Африқо буда, аз Баҳри Сурх то дарёи Замбези тӯл мекашад. Дар ин минтақа Баҳри Сурх, пастхамии Афар (дар Ҳабашистон), кӯлҳои [[Африқои Шарқӣ]] (ғайр аз кӯли Виктория) ҷойгиранд. Пуштакӯҳҳои гудохтаи зеризаминӣ (Ҳабашистон, Кения) ва вулканҳои оташфишон (Меру, Нямлагира, вулкани минтақаи Врунги, Килиманҷаро ва ғайра) ба ин кафидаҳои қишри замин вобастаанд. Кафидаҳо дар давраҳои неоген – чорумин пайдо шудаанд. Дар Африқо заминҳои зангбастаи латеритӣ (дар ҷойҳои сернам), шӯрабаста (дар биёбонҳо), инчунин регзор (дар Саҳрои Кабир, Калахари, Намиб) дар давраи чорумин пайдо ва васеъ паҳн шудааст. Африқо ва махсусан Африқои Ҷанубӣ сарватҳои ғании зеризаминӣ дорад: конҳои алмос, платина, тило, манган, мис, хром (асосан дар РАҶ) аҳаммияти ҷаҳонӣ доранд. [[Африқои Ғарбӣ]] аз маъдани оҳан, боксит, қалъагӣ; [[Африқои Шимолӣ]] аз фосфоритҳо, кобалт ва ванадий (26 млрд тонна) ғанӣ аст. Дар Африқои Шимолӣ ва соҳили халиҷи Гвинея захираҳои фаровони нафт (8,5 млрд тонна – конҳои Амир Интизар, Сарир – дар Либиё) ва газ (8 трлн м3 – конҳои Хасси Мессауд, Хассирмел дар [[Алҷазоир]]) кашф шудаанд. Захираҳои ангишти Африқо 178 млрд тонна (асосан Ҷануби Африқо) буда, аз ҷиҳати захираҳои манган (1,36 млрд тонна), хромит (3,9 млрд тонна), бокситҳо (10,2 млрд тонна), тило (аз нисф зиёди захираҳои ҷаҳонӣ), платина (90%-и захираи олам), алмос (75%-и захираи олам) пешсафи ҷаҳон мебошад.
 
== Иқлим ==
Сатри 46:
 
=== Обҳо (гидрография) ===
Кӯлу дарёҳо дар Африқо ниҳоят нобаробар ҷойгир шудаанд. Ноҳияҳои наздиистивоӣ дарё­ҳои бисёре дошта, дар Шимол ва Ҷануб майдонҳои азим аз об­ҳои равон қариб маҳруманд. Конго, Нигер, Сенегал, Замбези, Норанҷи, Гамбия дарёҳои пуробтарини Африқо ва Нил дарёи дарозтарини дунё аст. Ҳавзаи онҳо қариб сеяки масоҳати қораро ташкил медиҳад. Манбаи бисёр дарёҳо – борон. Қариб ҳамаи кӯлҳои калони Африқо дар пастхамиҳои тектоникии паҳнкӯҳи Африқои Шарқӣ ҷой гирифтаанд. Кӯли калонтарини Африқо Виктория (фурӯхамидаи фарохеро ишғол кардааст) мебошад, ки аз ҷиҳати бузургӣ байни кӯлҳои обаш ширин ва кӯли ТанганйикаТанганӣика аз ҷиҳати умқ (1435 м) дуюмин дар ҷаҳон аст. Аз рӯйи иқтидори захираи барқи обӣ (700 млн кВт, қариб 20%-и захираи ҷаҳонӣ) Африқо пас аз қитъаи Осиё дар ҷойи дуюм аст. Оби бештари дарёҳо барои обёрӣ истифода мешаванд. Тақсимоти нобаробари об дар бисёр ноҳияҳои қора таъмини обёрӣ ва оббарориро душвор мегардонад. Заминҳои обёришаванда ҳамагӣ 6%-ро ташкил медиҳанд ва асосан дар соҳили дарёҳои Нил ва Нигер ҷойгиранд.
 
=== Хок ва наботот ===
Сатри 54:
== Олами ҳайвонот ==
[[Акс:Lion waiting in Namibia.jpg|alt=Шери интизор дар Намбия|thumb|Шери интизор дар Намбия]]
Олами ҳайвоноти Африқо гуногуну ғанӣ аст. Дар Африқои Шимолӣ ва Саҳрои Кабир хояндаҳо бисёранд, якчанд навъи бузи ваҳшӣ (аз ҷумла ғизоли кӯҳӣ), шағол, кафтор вомехӯранд. Дар ноҳияи зоогеографии Ҳабашистон маймунҳои биниборик, ҳайвоноти сумдор ва ваҳшӣ бисёр буда, шутурмурғи африқоӣ низ ҳаст. Бешаҳои сернам (гилеяҳо) маймунҳои одамшакл (шимпанзе, горилла), баҳмут, заррофа доранд. Аз парандаҳо тӯтӣ, кабӯтар, мурғи шохдор ҳаёт мегузаронанд. Гамбуск ва ша­паракҳо бисёранд. Дар кӯҳсори Ҳабашистон ва Африқои Шарқӣ заррофа, зебра, бузи ваҳшӣ, говмеш, фил, баҳмут, шер, маймунҳои павиан; аз парандаҳо – шутурмурғ, лаклак ва ғайра боқӣ мондаанд. Дарёҳои Африқо тимсоҳ доранд, мор бисёр аст. Дар бешаҳои ҳавзаҳои Конго, Гвинеяи Поин ва Боло магаси сетсе (хунхор) ҳаст. Олами ҳайвоноти Африқо қир шуда, боқимондааш дар қӯруқҳо – парваришгоҳ (боғҳои миллӣ) муҳофизат мешавад. Дар ибтидои асрисадаи 21XXI ҳудудҳои ҳифзшавандаи Африқо 7%-ро ташкил дода, 1254 минтақа, аз ҷумла 198 акваторияи баҳрҳо, 50 мамнӯъгоҳи биосферӣ, 80 шикор­гоҳи обию ботлоқии дорои аҳаммияти байнал­милалӣ ва 34 масдар (объект)-и ба рӯйхатти Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО воридшударо ташкил медиҳад.
 
== Ноҳияҳои табиӣ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Африқо"