Атланта: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
 
Сатри 26:
 
== Иқтисодиёт ==
Атланта дорои шабакаи калони роҳи оҳан, се шоҳроҳи автомобилии бай­нииёлатӣ (маҳалли ҳамдигар­ро буриданашон дар Атланта), аэропорти байналмилалии [[Харт­с­филд]] ва дигарон фурудгоҳҳои хурд (парвоз дар сайр­хатҳои дохилииёла­тӣ), метрополитен, 193 сайрхатти ав­то­бусӣ ва ғайра мебошад. Соли 1837 бо оғози сохтмони роҳи оҳании «Вестерн энд Атланта» чун қаряи Тёрминдс арзи ву­ҷуд карда, аз соли 1843 Мартасвил ва аз соли 1845 Атланта (аз исми роҳи оҳан) ном гирифт. Аз соли 1847 – шаҳр. Солҳои 60 асрисадаи 20XX Атланта яке аз мар­казҳои мубориза барои ҳуқуқҳои табааӣ (фаъо­лияти Мар­тин Лютер Кинг) гардид. Ҳоло Атланта маркази байналмилалии тиҷорат, макони корхонаҳои бузурги саноати автомобил («Ҷене­рал Моторс» ва «Форд»), саноати авиатсионӣ ракетавию кай­ҳонӣ (дар шаҳраки Мариетта), радиоэлектронӣ, ки­миё, селлюлозаю коғаз, инчунин қароргоҳи ширкатҳои «[[Кока-Кола]]», «Тёрнер Брод­кастинг Систем», ширкатҳои авиатсионии «Делта Эйр­лайнз», «Ҷорҷия Пасифик Кор­порэйшн» мебошад. Маркази CNN (бо студияҳои телевизиониаш) низ дар Атланта қарор дорад.
 
== Меъморӣ ==
[[Акс:Atlanta, Georgia.jpg|alt=Маркази шаҳр|left|thumb|387x387px|Маркази шаҳр]]
Биноҳои асосии Атланта пештар ка­мошёна буданд, аз солҳои 60 асрисадаи 20XX маркази шаҳр бо услубҳои замонавии «ҳайтэк», модерн ва постмодерн бино шуда, маҷмӯи иморатҳои «осмонхарош»: марказҳои тиҷоратии Пичтри-Сентр-1 (67 ошёна), Уэстин-Пичтри-Плаза (71 ошёна) ва ғайра қомат афрохтанд. Бинои Бонки Американ-Плаза 312 метр баландӣ дорад.
 
== Фарҳанг ==