Балх: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
х →‎Балх дар асрҳои миёна: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
 
Сатри 77:
Бо шикасти Сомониён Ғазнавиён ба сари ҳоки­мият омаданд. Маҳмуди Ғазнавӣ зоҳиран таваҷҷуҳи хоссе ба Балх дошта, дар ин ҷо, бар иловаи «Бозори ошиқон», боғи бузурге бо иморатҳои зебо сохта буд. Дар боғ анвои гуногуни мева ва ҳатто найшакар мерӯёниданд. Дар охирҳои салтанати Масъуди Ғазнавӣ туркони салҷуқӣ ба Балх ҳуҷум карданд. Дар ҳамлаи дувум ба онҳо муяссар шуд, ки Балхро тасарруф намоянд. Маликшоҳи Салҷуқӣ бародараш Шаҳобуддавла Текешро ба вилояти Балху Тахористон мансуб кард. Баъдтар, аз заъфи ҳукумати Салҷуқиён истифода бурда, хоразмшоҳиён, ғуриён ва туркманони ғуз ба Балх тохтутозҳо ва хунрезиҳои хонумонсӯз мекарданд. Хоразмшоҳ Балх ва Ҳиротро ба тасарруфи худ дароварда, дар ин давра Балху ҳаволии он зиндагии муътадилонаро пеша карда буданд, вале ҳамлаи Чингиз Балхро ба харобазор табдил намуд. Муғулҳо Балхро оташ заданд, мардонро аз дами теғ гузарониданд. Балх дар он замон бузургтарин шаҳри Хуросон ба шумор мерафт. Пешвоёни шаҳр бо пешкашҳо назди Чингиз рафтанду фармонбарии худро эълон намуданд, вале мустабидди муғул ба фармонбарии балхиён эътимод накард. Муғулон мардонро куштанд, шаҳрро сӯзонданд ва хонаҳоро ба хок баробар сохтанд.
 
Ба гуфтаи сайёҳ Марко Поло, ки солҳои 1272-73 ва 1293-94 ба Эрон сафар кардааст, «Балх дар рӯзгорони пешин бузургтарину шарифтарин шаҳре буда, ба дасти тоторҳо ғорату нобуд шудааст». Ӯ аз кохҳои мармарину хонаҳои зебои ин шаҳр, ки аз дидорашон ҳама ҳайрон мешуданд, сухан гуфтааст. Балх дар ин фосилаи замонӣ аз ҷумлаи сарзаминҳое буд, ки гоҳ дар ихтиёри Чағатоиён ва гоҳе дар дасти Ҳулокуиён қарор дошт ва пайваста мавзеи ҷангу хунрезии ин ду хонадони ҳукуматгари муғулӣ буд. Ибни Батута, ки дар асрисадаи 14XIV гузораш ба Балх афтода буд, онро шаҳре вайрон васф карда, дар бораи рафтори ваҳшиёнаи Чингиз дар ин шаҳр менависад, ки аз се як қисмати ин шаҳри дар гузашта бузург (аз ҷумла, масҷиди Балхро, ки аз беҳтарин масҷидҳои ҷа­ҳон буд)-ро харобу валангор кар­дааст.
 
Дар солҳои аввали ҳукмронии Амир Темур (1369—1404) дар Мовароуннаҳр Балх дар тасарруфи бародари зани Амир Темур — Амир Ҳусайн буд. Ин волӣ қасд дошт, ки Балхро обод кунаду қалъаи онро маркази ҳукумати худ қарор диҳад ва барои ҷомаи амал пӯшондани чунин хостаҳояш кӯшида, то андозае муваффақ ҳам шуд. Вале, пас аз ихтилофе, ки миёни Амир Ҳусайну Темур рух дод, даргирии сахте байни онҳо ба вуҷуд омад ва бо кушта шудани Амир Ҳусайну тороҷ шудани Балх анҷомид. Минбаъд Балх башхе аз қаламрави Темуриён ба шумор мерафт. Муддате шаҳр дар дасти Султон Ҳусайн Бойқаро ва фарзандаш Бадеъуззамон Мирзо қарор дошт. Муҳаммадхони Шайбонӣ Балхро бо ду ҳамла ба даст овард.
 
Таърихи баъдинаи Балх пур аз моҷаро мебошад. Аввал шоҳ Исмоили 1 Муҳаммадхонро шикаст дода, Балхро ба тасарруфи худ даровард. Баъд онро Абдуллоҳхони ӯзбек забт кард. Сипас, Аштархониён муддате дар Балх ҳукмронӣ намуданд. Мегӯянд, ки маъруфтарин фармонравои аштархонӣ 31 сол дар Балх фармонравоӣ дошта, соли 1702 вафот кардааст. Мутаассифона, дар бораи авзои замони ӯ маъ­лумоти кофие боқӣ намондааст. Овардаанд, ки ду бор ин шаҳр бо номҳои «Айёрон» ва «Осиёи бодӣ» барпо будааст, ки охириро мардум хароб сохта, аз 40 масҷиди шаҳр низ дар ҳамин фосилаи замонӣ 12 масҷид вайрон карда шудаанд. Сипас Балхро Нодиршоҳи Афшор забт намуда ва дар асрисадаи 19XIX ба тасарруфи хонҳои Бухоро даромад. Дар ин давра Балх дигарбора ба сифати модаршаҳри ислом (Уммулбилод) маъруф шуд.
 
== Балхи кунунӣ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Балх"