Ахбор: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Сатри 3:
Дар истилоҳи фақеҳони шиа касе, ки ба зоҳири ҳадисҳо бовар карда, ба далелҳои ақлии онҳо рӯй наоварад «ахборӣ» мегӯянд. Дар фиқҳи мутааххири имомӣ гурӯҳеро, ки ба пайравӣ аз ахбору ҳадисҳо эътиқод доранд ва равишҳои эътиқодӣ ва иҷтиҳодию усулии фиқҳро намепазиранд, [[Ахбориён|«ахбориён»]] меноманд. Дар қиболи онҳо фақеҳони ҳаводори иҷтиҳод қарор доранд, ки онҳоро фақеҳони усулӣ номидаанд.
Шииён аз
Қабл аз «Биҳор-ул-анвар» шииён маҷмӯаи чаҳоргона ё худ чаҳоркитоби Ҳадисро мураттаб сохтанд, ки китоби аввали он «ал-Кофӣ»-и Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Исҳоқ Кулинии Розии Бағдодӣ (ваф. 940) машҳур ба «Шайх-ул-муҳаддисин» буд. Дуюмин китоби машҳури ҳадиси шиаро Абуҷаъфар Алӣ ибни Мусо ибни Бобивайҳи Қумӣ (ваф. 991) бо номи «Ло янзар-ул-фақеҳ» гирд овард. «Таҳзиб-ул-аҳком»-и Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳасан (ваф. 1068) маъруф ба Шайхи Тусӣ ва мулаққаб ба «Шайхуттоифа» сеюмин маҷмӯаи ҳадис ба шумор меравад ва асари дигар ва қобили итминони ӯ «ал-Истибсор фӣ мо ихтилофи мин-ал-ахбор» китоби чаҳоруми маҷмӯаи чаҳоргонаи шиаро ташкил медиҳад.<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.13</ref>
|