Рӯзноманигорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Барчасб: Reverted
Сатри 13:
1) '''жанрҳои хабарӣ''' (''хабар, ҳисобот, мусоҳиба ва репортаж''), ки мақсади асосиашон доир ба воқеаву рӯйдоди нав ба таври фаврӣ дарак додан мебошад;
2) '''жанрҳои таҳлилӣ''' (''мухбирнома, табсира, мақола, нигориш, тақриз, хулосаи матбуот, мактуб, таҳқиқи журналистӣ'' ва ғайра). Дар ин гурӯҳи жанрҳо ҳадафи асосӣ баёни фикр буда, факту рақам дар онҳо нақши собитсозиро мебозанд;
 
3) '''жанрҳои публитсистӣ-бадеӣ''' (''лавҳа, очерк, фелетон, памфлет, пародия, луқма, эпиграмма, шарж''), ки дар онҳо воқеаҳои ҳаётӣ дар қолаби бадеӣ, вале типнашуда тасвир меёбанд.
Сатри 29:
Фаъолияти журналистикаро ҳамчунин этикаи касбӣ ба танзим медарорад. Санадҳои байналхалқии этикаи касбии гуногун: (мас. «Принсипҳои байналхалқии этикаи касбии журналист», 1983), кодексҳои кишварҳои алоҳида (мас. «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» (2009), меъёрҳои касбии ширкатҳои расонаӣ, идораи нашрияҳо ва ғ. мавҷуданд. Иттиҳодияҳои касбию журналистӣ ва ташкилотҳои гуногуни иҷтимоие низ мавҷуданд, ки риояи этикаи журналистиро пайгирӣ мекунанд. Мас., дар ИМА аз «омбудсменҳо» (мунаққидони нашрияҳо, ки арзу шикояти мардумро аввал омӯхта, баъд интишор мекунанд) истифода мебаранд.
== Мукофоти Пулитсер ==
Маълумоти касбии журналистӣ дар нимаи дуюми асрисадаи 19XIX дар ИМА ва Олмон ба вуҷуд омад. Соли 1903 журналисти америкоӣ Ҷ. Пулитсер донишгоҳи Колумбия (Ню Йорк) ва ҳамин сол мукофоти Пулитсерро таъсис дод.
 
Дар ИҶШС дар солҳои 1920 донишкадаҳои коммунистии журналистика ба вуҷуд омаданд. Дар Тоҷикистон соли 1966 дар факултети филологияи тоҷики [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|ДДТ]] шуъбаи журналистика таъсис ёфт, ки дар заминаи он соли 1992 факултети журналистика ва тарҷумонӣ дар [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] ташкил шуд. Имрӯз дар донишгоҳҳои Тоҷикистон як факултет ва 7 шуъба бо ихтисосҳои гуногун журналист тайёр мекунанд.
Яке аз масъалаҳои муҳими журналистика хислати эҷодии пешаи журналистӣ мебошад. Журналист на танҳо рӯйдодҳоро инъикос мекунад, балки онҳоро шарҳ медиҳад. Аз ин рӯ, ду навъи журналистика ба вуҷуд меояд: журналистикаи хабаррасонӣ, журналистикаи таҳлилӣ. Журналисти муосир бояд ҷаҳонбиниаш васеъ, дорои сифатҳои муайяни шахсӣ, ҳамакор, ҷӯянда, кунҷков, хушмуомила, дилёб, кордон ва ғ. бошад. <ref>Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С.80-83. ISBN- 978-999-47-43-37-7 </ref>
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Истилоҳоти рӯзноманигорӣ]]