Зулфия Исроилова: Тафовут байни таҳрирҳо

х
→‎Фаъолияти эҷодӣ: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
х (→‎top: clean up using AWB)
х (→‎Фаъолияти эҷодӣ: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB)
 
== Фаъолияти эҷодӣ ==
Кори рӯзноманигорӣ қобилияти эҷодии шоираро сайқал медиҳад. Дар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ кор карда, Зулфия асарҳои зиёди назмиву насриро офаридааст. Нашъунамои адабиёти асрисадаи 20XX-и [[забони ӯзбекӣ|ӯзбек]] бо номи ӯ пайвастааст. Истеъдоди баланди шоирӣ Зулфияро машҳур гардонида буд. [[Ӯзбекҳо|Мардуми ӯзбек]] ва анъанаҳои бисёрасрааш дар шеъру достонҳои Зулфия тараннум ёфтааст. Якдилии халқҳои шӯравиро дар сатҳи баланди адабиёти бадеии ҷаҳонӣ инъикос карда, Зулфия ба наслҳои оянда мероси бои адабиро боқӣ гузоштааст ва ҳамчун муборизи шӯълавари сулҳ ба пойдории дӯстии байни халқҳо таъсири намоён расондааст. Асарҳои инсондӯстонааш аз санҷишу имтиҳонҳои таърихӣ гузашта, арзиши хешро то имрӯз гум накардаанд ва дар таърихи адабиёти халқи ӯзбек бо хатти заррин сабт ёфтаанд. Эҷодиёти Зулфия барои ривоҷу равнақи фарҳанги Ӯзбекистон боз барои он ёдгор мондааст, ки ин шоира асарҳои баландмазмунашро ба забони ӯзбекӣ менавишт ва аз ин сабаб обрӯи забони ватанаш баланд бардошт. Ба номи шоира Мукофоти давлатии Ӯзбекистон дар соҳаи адабиёту санъат таъсис гардидааст<ref>[http://zulfiya.edunet.uz/mukofot.html Государственная премия Зульфии]</ref><ref>{{Cite web|url = http://www.lex.uz/pages/GetAct.aspx?lact_id=213818|title = Об учреждении Государственной премии имени Зульфии. Указ Президента РУз.|author = |work = |date = |publisher = }}</ref>.
 
Зулфия, ки имрӯз мояи ифтихори халқ аст, дорандаи [[Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС)]] ва унвони «Шоираи халқии Ӯзбекистон» буд. Ӯ соли 1996 вафот кард.