Адабиёти илмӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Таърихи адабиёти илмӣ: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
 
Сатри 4:
Адабиёти илмӣ решаи қадимӣ дорад. Масалан, асари «Ал-Маҷастӣ»-и донишманди Юнони Қадим Батлимус намунаи беҳтарин аз замони бостон буда, дар асрҳои миёна ба осори донишмандон, хоса табиатшиносону риёзидонҳо таъсири бузург расондааст ва ҳоло ҳам аҳамияти илмиро молик аст. Дар марҳалаи аввал адабиёти илмӣ дар навъҳои рисола, муколама, мулоҳиза, насиҳату ҳидоят, сафарнома, зиндагинома ва ҳатто жанрҳои назмӣ (достонҳо, қасидаҳо) нигошта шудаанд. Дар таърихи илми ниёгони тоҷикон «Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино, «Китоб-ут-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Ал-ҷабр ва-л-муқобала»-и Муҳаммад Мусои Хоразмӣ, «Китоб сувар ул-кавокиб ас-собита»-и Абдураҳмони Суфӣ ва садҳо номгӯй адабиёти илмиро метавон ном бурд, ки на танҳо дар пешрафти илми замонашон, балки дар рушди минбаъдаи соҳаҳои махсуси илм нақши муҳим бозидаанд. Тадриҷан шаклҳои нав – монография, мақола, маърӯза, шарҳу тафсир, тезис, тақриз, ахбор, ҳисобот оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, реферат, автореферат, диссертатсия ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Услуби Адабиёти илмии муосир бо айният ва баёни қатъии мантиқӣ, равшанӣ ва дақиқии забони адабӣ ва истифодаи истилоҳҳо, рамзу аломатҳо, формулаҳо, ҷадвалу нақшаҳо, тарҳу ангора ва ғайра аз дигар навъҳои адабиёт фарқ мекунад. Барои адабиёти илмӣ тамоюл ба услуби ягона, ҳамшаклии композитсионӣ (мақсад, бунёди таҷрибавӣ, натиҷаи ҳосилкарда ва баҳогузорӣ ба он, фарзия барои оянда) хос мебошад. Яке аз талаботи асосӣ дар нашри Адабиёти илмӣ тақризнависии ҳатмӣ ба маводи пешниҳодшуда аст. Адабиёти илмӣ дар шакли рисолаҳои номзадӣ ва илмӣ дар шӯроҳои илмӣ дифоъ карда шуда, дар Комиссияи олии аттестатсионии [[(ВАК)-и Федератсияи Россия]] тасдиқ мегарданд. Дар [[АИ Ҷумҷурии Тоҷикистон]] комиссияи махсуси аттестатсионӣ мавҷуд аст, ки ҳимояи рисолаҳои илмиро дар АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъзе донишгоҳҳои Тоҷикистон назорат мекунад.
 
Рушди илму техника дар асрисадаи 20XX ва аввали асрисадаи 21XXI дар раванди илмии кишварҳои олам ва сохтори адабиёти илмӣ тағйирот ба вуҷуд овард. Нашри маҷаллаҳои илмӣ, бюллетенҳо, маҷмӯаи тезисҳою мақолаҳо, монографияҳои академикӣ дар фарҳангистонҳо, донишгоҳҳо заминаи Адабиёти илмиро ташкил дод. Ба воситаи маҷаллаҳо, бюллетенҳо, мачмӯаҳои илмӣ ва диг. воситаҳо нашри Адабиёти илмӣ дар тамоми кишварҳои дунё зиёд шуда, натиҷаҳои корҳои илмӣ дар амал татбиқ мегарданд. Барои пешниҳоди натиҷаи корҳои илмӣ шаклҳои нави истифодаи натиҷаи корҳои илмӣ ба монанди «депонирование» (мустанад) кардани асарҳои илмӣҷорӣ шуд, ки аз ин тариқ асар дар ин ё он маркази иттилооти илмӣ нигоҳ дошта мешавад ва муассиса дар бораи он асари илмӣ маълумот ба табъ мерасонад. Ҳар як соҳаи илм барои омӯзиш ва пажӯҳиши муҳаққиқон натиҷаҳои илмии худро ҳамчун Адабиёти илмӣ дар дастурҳо ва иттилоъномаҳои соҳавӣ ба нашр мерасонад. Дар муассисаи Маркази иттилооти патентӣ-илмии ҶТ корҳои илмии олимони ҶТ маҳфуз аст. Натиҷаи рушди илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар маркази мазкур таҳлил гардида, дар маҷмӯае чоп мешавад.
 
То соли 2009 се қисм аз ин маҷмӯа ба табъ расид. Адабиёти илмӣ дар АИ ҶИ, донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои илмӣ ба воситаи маҷаллаҳои илмӣ, рисолаҳои илмӣ, маҷмӯаҳои мақолаҳо, нашри тезисҳо барои истифода пешкаш мешавад. Солҳои 2005 – 10 аз тарафи кормандони илмии АИ ҶТ беш аз 4400 асар, аз ҷумла 546 монография, маҷмӯа, брошюра, 3523 мақола, 285 асари Адабиёти илмии кишварҳои хориҷӣ чоп шудааст. Нашри Адабиёти илмӣ дар шаклҳои куллиёт (масалан, «Куллиёти фолклори тоҷик», куллиёти С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ ва дигар), осори бисёрҷилда (Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Низомӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, «Таърихи халқи тоҷик» – ба забони русӣ), маҷмӯи осор ва китобу монографияҳои соҳавӣ (фалсафа, математика, физика, химия ва ғайра) ба нашр мерасанд. Яке аз манбаъҳои асосии чоп намудани Адабиёти илмӣ маҷаллаҳо ва нашриётҳои илмии махсуси академӣ ба монанди нашриёти «Дониш», «Ахбори АИ ҶТ», «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва ғайра мебошанд. Барои рушди Адабиёти илмӣ дар баробари нашрияҳои илмӣ воситаҳои техникии электронӣ (Интернет) бо ворид гардидан ба китобхонаҳои гуногуни дунё заминаҳои мусоид фароҳам оварда истодааст.