Аврангзеб: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
х →Сарчашма: ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB |
|||
Сатри 27:
== Таърих ==
Аврангзеб солҳои 1636 – 44 ва 1652 – 57 волии Дакан буд, пас аз муборизаи сесола (1658 – 60 ) алайҳи бародаронаш (Дорошукӯҳ, Шуҷоъ ва Мурод) соҳиби тахту тоҷи [[Ҳиндустон]] шуд. Падари худ Шоҳиҷаҳони солхӯрдаро маҷбур ба гӯшанишинӣ кард ва бародараш Муродро, ки аз муттаҳидонаш буд, дар қалъаи Гволиур аввал зиндонӣ кард ва сипас ба қатл расонд (1661). Бародари дигараш Шуҷоъ пас аз набарди Хоҷва (1661) низ ба қатл расид. Моҳи июни 1859 Аврангзеб худро шоҳи Ҳиндустон эълон кард. Пас аз ду моҳ бародараш Дороро низ ба қатл расонд. Баъди қатли ҳарифони хеш, Аврангзеб иқдом ба тасарруфи манотиқи шимолу шарқии Ҳинд кард ва қаламрави империяи Темуриёни Ҳиндро то ҳудуди Камрупа ва Читтагонг расонд. Аврангзеб саъй кард то қабилаҳои афғонро зери тобеияти хеш дароварад, аммо талошҳояш барои истиқрор ва пойдории давлати хеш натиҷаи дилхоҳ надод. Дар [[Кобул]], Пешовар ва диг. вилоятҳо шӯришҳои зидди Аврангзеб сар заданд. Аз бузургтарин исёнҳои ин минтақаҳо шӯриши мардумӣ таҳти раҳбарии [[Хушҳолхон]] (1672 – 75) буд, ки бераҳмона саркӯб гардид. Дар солҳои 60 – 70
== Эзоҳ ==
|