Телевизион дар Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х →‎Марҳилаи рушд: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 46:
Дар телевизиони тоҷик ба танзиму ҳамоҳангсозии барномаҳо Дирексияи барномаҳо назорат менамояд. Бо сарварии директор ва Дирексияи барномаҳо нақшаҳои ҳармоҳа ва солонаи эҷодии сарредаксияҳои телевизион таҳия мегардад. Дар телевизион Иттиҳодияҳои эҷодӣ фаъолият доранд ва ба ҳар яке соҳаҳои мухталиф вобаста асту аз рўйи тақсимоти муайян барномаҳояшон бо шаклҳои хоса таҳия мегарданд.<ref name="ReferenceA">Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. — Душанбе: Аржанг, 2016. — 480 с. — С. 221—222. ISBN 978-999-47-43-37-7</ref>
 
Давраи бозсозӣ ба марҳилаи сеюми (1985—1990) ташаккули телевизиони миллӣ рост меояд, то замони истиқлолиятистиқлол идома ёфт. Дар ин замон барномахо тадриҷан ҷанбаи миллӣ пайдо карданд. Агар солҳои аввали таъсисёбии телевизион кадрҳо қисман аз ҳисоби шоирону нависандагон, рўзноманигорон, кормандони радио интихоб мегардиданд, ҳоло бошад, ба кори телевизион бештар ҷавонон ҷалб карда мешаванд.<ref name="ReferenceA"/>
 
Солҳои 1991—1997 барои кормандони телевизиони Тоҷикистон низ марҳилаи ҳассос, сарнавиштсоз ва пурмасъулият буд. Солҳои 1995—1997 мавзӯи сулҳу ваҳдати миллӣ маҳаки асосии барноамҳоро ташкил медод. Аз соли 1997 дар Тоҷикистон даврони ободонӣ ва бунрёдкорӣ оғоз шуд. Дар телевизион марҳилаи нав шурӯъ ва насли нав вориди майдони эҷод гардид.