Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 112:
Ба иттифоқи қабилаҳои эронӣ на ҳама вақт муяссар мешуд, ки худро аз ҳуҷумҳои душманон муҳофизат карда тавонанд. Барои ҳамин, ба онҳо лозим меомад, ки иттифоқҳои қабилаҳояшонро калонтару мустаҳкамтар кунанд. Қабилаҳои сершумори хурд омада, бо ихтиёри худ ба иттифоқи қабилаҳои пурзӯртар якҷоя шуда, онҳоро боз ҳам пурқувваттар мегардонанд. Сохти ин иттифоқи қабилаҳо ба сохти давлатӣ монанд мешуд.
Дар миёнаҳои асри VI пеш аз милод дар Форс давлате бо номи Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ таъсис меёбад. Асосгузори ин давлат писари КурушиКамбуҷи I [[Куруши Кабир|Куруши II]]-ро ([[Куруши Кабир]] ({{lang-fa|کورش کبیر}}) мешуморанд, ки ӯ солҳои 550—529 пеш аз милод ҳукумронӣ кардааст. Номи давлат аз номи сулолаесарсулолаи ин хонадон, ки [[Куруши Кабир]] баҲахоманиш онном тааллуқдошт дошт, гирифта шудааст. Куруш худро «шоҳи Ашан» ва «шоҳи Порсу», яъне шоҳи Форс меномид. Барои вас5еъвасеъ кардани давлати худ Куруши II бар зидди шоҳи Модҳо — Астиаг, ки аз руйи маълумотҳои зиёд бобояш маҳсуб мегашт, ҷанг кардакард ва пойтахти он шаҳри Экбатан (Ҳамадон)-ро забт карда, тобеи давлати худ мегардонад. Ғалабаи Куруши II бар шоҳи Модҳо аз он сабаб осон гардид, ки халқи он бар зидди шоҳ Астиаг шӯриш бардошта буд. Мувофиқи ривояте шӯришгардон шоҳи худ — Астиагро дастгир карда, ба Куруш месупоранд. Вале Куруши II ӯро қатл накарда, баръакс, ба мартабаи баланд мушарраф мегардонад. Баъди забти Модҳо Куруши II ҷангҳои истилогаронаи худро давом дода,соли 547 п.а.м давлати Лидия, ки яке аз давлатҳои пурзури он вақт ба шумор мерафт тасарруф мекунад ва баъдан, ба Арманистон ва КаппадокияроКаппадокия лашкар кашида, онҷойҳоро низ забт мекунад. Баъд аз ин [[Куруши Кабир]] нияти ҳуҷум ба Бобулро кард. Шоҳи Бобули нав дар давраи ҳукмронии Навуходоносори II ба давлати пуриқтидор табдил ёфта буд.
Барои ҳамин забти он кори осон набуд. Мушкилии забти Бобул дар он буд, ки шоҳи Лидиён Крез ва шоҳи Миср — фиръавн Яхмост II бо ҳамроҳии Бобул бар зидди давлати Форс иттифоқ баста буданд. Барои ҳамин Куруш аввал ҳокимияти худро дар Осиёи Ғарбӣ ва махсусан дар Осиёи Хурд мустаҳкам карда, одамон ва дороии давлатҳои ишғолкардаро барои мустаҳкам намудани давлат ва қӯшуни худ истифода бурд. Курши II аввал давлати заифтари ин иттифоқ — Лидиёнро торумор ва ба давлати худ ҳамроҳ мекунад. Баъд тамоми қувваро бар зидди Бобул равон кард. Миср ба Лидиён ва Бобул ёрӣ нарасонд. Дар ин ҳолат Куруш бо мушкилии зиёд Бобулро ҳам ишғол кард.
Куруш ба ин қаноат накарда мамлакатҳои зиёди дигарро ҳам забт карда, '''Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо''' — империияи бузурги [[Ҳахоманишиён]]ро ташкил намуд. Баъд аз Куруши II дар яке аз ҷангҳо ба тахти подшоҳии Ҳахоманишиён писари ӯ Камбиз менишинад. Дар давраи ҳукмронии ӯ дар мамлакат ошӯбҳои бисёре сар мезананд. Баъзе вилояту давлатҳои забткардашуда аз ҳайати давлати Ҳахоманишиён мебароянд. Ба Камбиз лозим омад, ки барои пахш кардани шӯришҳои сершумор вақти тулонӣ ва қувваи зиёд сарф кунад. ӯ ба мақсад ноил шуданаш қувва ҷамъ карда, соли 526 пеш аз милод ба Миср лашкар мекашад. Ҳангоме, ки лашкари [[Ҳахоманишиён]] ба Миср наздик мешуд, шоҳи Яхмоси II ногаҳон вафот мекунад. Ба тахти фиръавнии Миср Псамтики III менишинад, вале ба ӯ муяссар намешавад, ки Мисрро аз истилои форсҳо наҷот бидиҳад. Лашкари мисриҳо дар наздикии Полузия ва Мемфис аз форсҳо сахт шикаст мехӯрад.