Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ

Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ, (порсии бостон: Ariyānām Xšaçam; форсӣ: شاهنشاهی هخامنشی ‎) — солҳои 558—330 пеш аз милод. Асосгузори давлат Куруши II-ро (Куруши Кабир форсӣ: کوروش بزرگ‎). Шоҳаншоҳии Ҳахоманиширо солҳои 334—327 п.м. Искандари Мақдунӣ истило кардааст.

Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ
30px
тақрибан 550 то м. — тақрибан 330 то м.


30px
Дирафш Нишон
Пойтахт Бобил, Посоргод, Тахти Ҷамшед, Шӯш[d] ва Ҳагматона
Воҳиди пул Persian daric[d] ва siglos[d]
Майдон
Аҳолӣ
Шакли ҳукмронӣ подшоҳӣ ва Динсолорӣ
Государство Селевкидов

Эрони Қадим

вироиш
Мақолаи асосӣ: Пешдодиён
Мақолаи асосӣ: Каёниён

Дар замонҳои қадимтарин дар хоки Эрон қабилаҳои Ориёӣ зиндагӣ мекарданд. Баъдтар ба он ҷо баъзе қабилаҳои дигар низ омада сокин шуданд. Дар оянда аз онҳо халқҳои форсизабон ба вуҷуд омадаанд, Ориёӣ ба чорводорӣ ва зироатпарварӣ машғул буданд. Қабилаҳои ориёӣ аз се табақа — коҳинҳо, ашроф ва аҳли соҳибихтиёри ҷомеа, чорводорону зироатпарварон ва косибон иборат буданд. Дар бораи ориёни Эрони Қадим дар китоби муқаддаси дини зардуштия «Авесто» маълумот дода шудааст. Роҳбарони қабилаҳои ориёӣ пешвоён ва подшоҳон буданд. Ҳокимияти онҳо хеле мустаҳкам буд. Қабилаҳо одатан аз байни худ раҳбаронро интихоб мекарданд. Мартабаи пешвои қабила ва шоҳ меросӣ ҳам буд. Пешвоён ва шоҳони қабилаҳо бо ҳамроҳии шӯрои қабила ҳамаи масъалаҳои қабиларо ҳаллу фасл мекарданд. Дар ҳазорсолаи II пеш аз милод бо мақсади ҳимоя аз ҳуҷумҳои сершумори қабилаҳои ҳамсоя қабилаҳои ориёии эронӣ иттифоқи қабилаҳоро ташкил намуданд. Дар баъзе минтақаҳои Эрон аз ин ҳам пештар иттифоқҳои қабилаҳои ориёӣ таъсис ёфта буданд, ки онҳо давлатҳои аввалини қадимтарини мардуми форсизабонро ташкил намуданд.

Ташкилёбии Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ

вироиш
 
Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ) (форсӣ: شاهنشاهی هخامنشیها ‎)
 
Мақбараи Куруши Кабир

Ба иттифоқи қабилаҳои эронӣ на ҳама вақт муяссар мешуд, ки худро аз ҳуҷумҳои душманон муҳофизат карда тавонанд. Барои ҳамин, ба онҳо лозим меомад, ки иттифоқҳои қабилаҳояшонро калонтару мустаҳкамтар кунанд. Қабилаҳои сершумори хурд омада, бо ихтиёри худ ба иттифоқи қабилаҳои пурзӯртар якҷоя шуда, онҳоро боз ҳам пурқувваттар мегардонанд. Сохти ин иттифоқи қабилаҳо ба сохти давлатӣ монанд мешуд.

Дар миёнаҳои асри VI пеш аз милод дар Форс давлате бо номи Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ таъсис меёбад. Асосгузори ин давлат писари Камбуҷи I Куруши II-ро (Куруши Кабир (форсӣ: کورش بزرگ‎) мешуморанд, ки ӯ солҳои 550—529 пеш аз милод ҳукумронӣ кардааст. Номи давлат аз номи сарсулолаи ин хонадон, ки Куруши Кабир Ҳахоманиш ном дошт , гирифта шудааст. Куруш худро «шоҳи Ашан» ва «шоҳи Порсу», яъне шоҳи Форс меномид. Барои васеъ кардани давлати худ Куруши II бар зидди шоҳи Модҳо — Астиаг, ки аз руйи маълумотҳои зиёд бобояш маҳсуб мегашт, ҷанг кард ва пойтахти он шаҳри Экбатан (Ҳамадон)-ро забт карда, тобеи давлати худ мегардонад. Ғалабаи Куруши II бар шоҳи Модҳо аз он сабаб осон гардид, ки халқи он бар зидди шоҳ Астиаг шӯриш бардошта буд. Мувофиқи ривояте шӯришгардон шоҳи худ — Астиагро дастгир карда, ба Куруш месупоранд. Вале Куруши II ӯро қатл накарда, баръакс, ба мартабаи баланд мушарраф мегардонад. Баъди забти Модҳо Куруши II ҷангҳои истилогаронаи худро давом дода,соли 547 п.а.м давлати Лидия, ки яке аз давлатҳои пурзури он вақт ба шумор мерафт тасарруф мекунад ва баъдан, ба Арманистон ва Каппадокия лашкар кашида, онҷойҳоро низ забт мекунад. Баъд аз ин Куруши Кабир нияти ҳуҷум ба Бобулро кард. Шоҳи Бобули нав дар давраи ҳукмронии Навуходоносори II ба давлати пуриқтидор табдил ёфта буд. Барои ҳамин забти он кори осон набуд. Мушкилии забти Бобул дар он буд, ки шоҳи Лидиён Крез ва шоҳи Миср — фиръавн Яхмост II бо ҳамроҳии Бобул бар зидди давлати Форс иттифоқ баста буданд. Барои ҳамин Куруш аввал ҳокимияти худро дар Осиёи Ғарбӣ ва махсусан дар Осиёи Хурд мустаҳкам карда, одамон ва дороии давлатҳои ишғолкардаро барои мустаҳкам намудани давлат ва қӯшуни худ истифода бурд. Курши II аввал давлати заифтари ин иттифоқ — Лидиёнро торумор ва ба давлати худ ҳамроҳ мекунад. Баъд тамоми қувваро бар зидди Бобул равон кард. Миср ба Лидиён ва Бобул ёрӣ нарасонд. Дар ин ҳолат Куруш бо мушкилии зиёд Бобулро ҳам ишғол кард. Куруш ба ин қаноат накарда мамлакатҳои зиёди дигарро ҳам забт карда, Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо — империияи бузурги Ҳахоманишиёнро ташкил намуд. Баъд аз кушта шудани Куруши II дар яке аз ҷангҳо ба тахти подшоҳии Ҳахоманишиён писари ӯ Камбиз менишинад. Дар давраи ҳукмронии ӯ дар мамлакат ошӯбҳои бисёре сар мезананд. Баъзе вилояту давлатҳои забткардашуда аз ҳайати давлати Ҳахоманишиён мебароянд. Ба Камбиз лозим омад, ки барои пахш кардани шӯришҳои сершумор вақти тулонӣ ва қувваи зиёд сарф кунад. ӯ ба мақсад ноил шуданаш қувва ҷамъ карда, соли 526 пеш аз милод ба Миср лашкар мекашад. Ҳангоме, ки лашкари Ҳахоманишиён ба Миср наздик мешуд, шоҳи Яхмоси II ногаҳон вафот мекунад. Ба тахти фиръавнии Миср Псамтики III менишинад, вале ба ӯ муяссар намешавад, ки Мисрро аз истилои форсҳо наҷот бидиҳад. Лашкари мисриҳо дар наздикии Полузия ва Мемфис аз форсҳо сахт шикаст мехӯрад. Камбуҷия сиёсати кишваркушоии падарашро идома дод. Дар бораи панҷ соли аввали ҳукмронии ӯ дар сарчашмаҳои хаттӣ ягон хел маълумот нест. Муаррихони Юнони қадим аз вақти ҳуҷуми ӯ ба Миср сар карда, дар бораи ӯ ахбор медиҳанд. Куруш баъди Бобулро ишғол кардан бояд ба Миср ҳуҷум мекард. Аммо тавре ки ишора кардем, ӯ бо сабабҳои номаълум ин корро ба таъхир андохт. Дар натиҷаи марги ногаҳонӣ ва фоҷиавии ӯ ин нақша иҷро нашуд. Камбуҷия низ барои ба Миср ҳамла овардан шитоб накард. Эҳтимол ӯ мехост хубтар тайёрӣ бинад ва дар фурсати муносиб ин корро анҷом диҳад. Соли 525-и то мелод Камбуҷия лашкари худро дар Фаластин ҷамъ карда, ба сӯйи Миср равон гардид. Ба ёрии ӯ киштиҳои ҳарбии финикиҳо ва юнониёни Осиёи Хурд омада буданд. Нахустин муҳориба бо лашкари мисриҳо дар назди шаҳри Пелусия ба вуқӯъ пайваст. Дар ин задухӯрди хунин форсҳо пурра ғалаба карданд. Боқимондаҳои лашкари Миср бетартибона қафо гаштанд. Баъди ин муҳориба форсҳо ба сӯйи пойтахти Миср — шаҳри Мемфис ҳаракат карда, ягон муқобилияти ҷиддӣ надиданд. Онҳо ба шаҳр расида, онро муҳосира намуданд. Мисриҳо муқобилияти зиёд нишон надода, ба зудӣ таслим шуданд. Фиръавн Псаметихи Ш асир гирифта шуд. Аммо Камбуҷия сиёсати падарашро давом дода, ӯро афв кард. Августи соли 525-и то мелод Камбуҷияро расман шоҳи Миср эълон карданд. Барои таваҷҷуҳи аҳолии маҳаллиро ба худ ҷалб кардан ӯ либосҳои мисрӣ пӯшид ва маросими батахтинишиниаш мувофиқи қоидаҳои мисрӣ гузаронда шуд. Барои қонунӣ гардонидани ҳукмрониаш ӯ худро вориси фиръавнҳо эълон карда,ба сулолаи 26 - Фиръавнҳо дар Миср асос мегузорад. Баъди Мемфисро ишғол кардани Камбуҷия қабилаҳои Либиё ихтиёран ба ӯ тобеъ шуданд. Баъдтар ӯ қисмати шимолии Куш (Эфиопия)-ро ишғол кард. Аз сарчашмаҳои хаттӣ бармеояд, ки ӯ бо баъзе амалҳояш рӯҳониёни Мисрро ба худ зид карда буд. Ба ӯ вайрону ғорат кардани якчанд ибодатхонаҳоро нисбат медиҳанд. Аммо ба ақидаи як қисми олимон, ин хабарҳо заминаи воқеӣ надоранд ва онҳоро рӯҳониён барои беобрӯ кардани Камбуҷия бофта баровардаанд. Дар ҳар сурат гумон кардан душвор аст, ки рӯҳониён ӯро бесабаб туҳмат карда бошанд. Шояд харобкунии ибодатхонаҳо, ки ба ӯ нисбат медиҳанд, пурра набошад ҳам, қисман ҷой доштааст. Камбуҷия чор сол дар Миср монд.[1].

Дар ин миён дар пойтахти империя вазъият ноором шуда буд. Аз набудани подшоҳ истифода бурда, мубад Гаумата, ки Камбуҷия идораи корҳои давлатиро ба ӯ супорида буд ва ба бародари Камбуҷия Бардия хеле монанд буд, худро шоҳаншоҳ эълон кард. Ҳол он ки мувофиқи ахбори Ҳеродот, Камбуҷия бародараш Бардияро пеш аз ҳуҷумаш ба Миср пинҳонӣ кушта буд. Хабари табаддулоти Бардияи дурӯғин моҳи марти соли 522-и то мелод ба Миср расид. Баъди шунидани ин хабар Камбуҷия лашкарро ҷамъ карда, ба сӯйи Эрон равон гардид, аммо дар роҳ ногаҳон бемор шуда, вафот кард. Марги ӯ асроромез буд ва ривоятҳои зиёдро ба миён овард. Аз рӯйи яке аз онҳо, ӯро ҷосусони мубад Гаумата заҳр дода куштанд. Марги Камбуҷия муборизаҳои дохилисулолавӣ ва дарбориро тезутунд кард.[2];

Баъди вафоти Камбиз ба тахти подшоҳии Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ Дopиуши Бузург ё Дорои I соли 522 пеш аз милод менишинад. Дорои як маҷбур мешавад, ки чор сол бар зидди ошубгарону саркашон мубориза барад ва мамлакатро пурра ба даст гирад. Ӯ барои пуриқтидор шудани давлати Ҳахоманишииҳо ҷидду ҷаҳди зиёд ба харҷ медиҳад. Ӯ барои мустаҳкам гардонидани давлат дар соҳаҳои маъмурӣ, молия ва ҳарбӣ як қатор ислоҳот мегузаронад. зимнан, барои вусъат бахшидан ба тиҷорати дохилию хориҷӣ роҳҳои зиёдро тармим месозад. Аз ҷумла, бо ташаббуси ӯ канали Суэтс аз нав барқарор карда мешавад. Баъди ин ҳама ободониҳо, Дорои I (522—486 п.м.) ба як чанд ҷо лашкар кашида, пурра сарзамини Осиёи Миёнаро ба зери тасарруфи Ҳахоманишиён медарорад. Дар замони Ӯ империяи Ҳахоманишиҳо дар се қитъа доман густурда буд. Солҳои минбаъда сулолаи Ҳахоманишиён боз дусад сол ҳукмронӣ намуданд, вале зулму истидоди халқҳои тобеи форсҳо ва зиддиятҳои дохили дарборӣ ба заволи ҳукумат оварданд. Шоҳаншоҳии Ҳахоманиширо солҳои 334—327 п.м. Искандари Мақдунӣ истило мекунад.[3]

Сохтор

вироиш

Пойтахти Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ шаҳри Пасаргада ва Тахти Ҷамшед (юн.-қад. Περσέπολις (Персеполь) — маъно Шаҳри форсҳо) баданд. Тахти Ҷамшед (Персополис) солҳои 522-450 п.а.м. сохта шудааст. Тамоми Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ ба вилоятҳои молиётдиҳандаи ҳарбӣ, яъне сатрапиҳо таксим гардида буд, ки онҳоро волиҳо (сатрапҳо) идора мекарданд. Чи навъе, ки Ҳеродот хабар медиҳад (lll,89-94), дар аҳди Дорои l (522—486 пеш аз милод) шумораи ин қабил вилоятҳо ба 20 мерасид. Аз руйи навиштаҷоти "Нақши Рустам" бошад, шумораи он ба 30 адад мерасид. Волиҳо, ки бевосита ба подшоҳ итоат мекарданд аксаран аз байни форсҳо таъйин карда мешуданд. Вазифаи воли асосан аз ҷамъоварии андоз ва нигаҳдории қӯшун иборат буд. Вай инчунин ҳақ дошт бо ҳамсоягони итоат накарда, муносибат намояд ва бо ризоияти подшоҳ метавонист, ҳатто бар зидди онҳо лашкар кашад. Мансаби волӣ бештар меросӣ буд. Зимнан, бояд ёдовар шуд, ки Дорои 1 мамлакатро ба 7 округи ҳарби ҷудо намуд, ки онҳо бевосита ба подшоҳ итоат мекарданд.

Иқтисоди шоҳаншоҳӣ

вироиш

Мувофиқи ислоҳоти дар соҳаи молиёт ҷорӣ намудаи Дорои I ҳар вилоят мебоист андози солонаро бо пул адо кунад. Мувофиқи ислоҳоти молиявии Дорои 1 аз соли 515 п.а.м дар мамлакат вазни якхелаи пул ҷори карда шуд, ки дар мамлакат дар гардиш буд. Тангаҳои дар муомилотбуда "Дорик" ном дошт. Боҷу хироҷғундорӣ аз муҳимтарин амалҳои дастгоҳи давлатӣ ҳисоб мешуд. Ғайр аз ин, ба тариқи молиёти ҷинсӣ, яъне маҳсулоти зироатӣ ё ки ҳунармандӣ андоз мепардохтанд. Илова бар ҳамаи ин, боҷҳои дохилӣ ва андозҳои роҳ низ вуҷуд доштанд. Махсусан бо сарбоз таъмин кардани кушуни ҳахоманишӣ барои аҳолӣ бори гароне буд. Осиёи Миёна ба чор сатрапӣ тақсим шуда буд. Қабилаҳои кӯчманчии сокини канораҳои баҳри Каспӣ, ба қавли Ҳеродот, ба таркиби сатрапии ХI дохил шуда, солона ба маблағи 200 таланти нуқраи бобулӣ хироҷ медоданд. Хоразм, Суғд ва Порт сатрапии XVI буда, 300 талант андоз мепардохтанд. Бохтар сатрапии XII ба шумор рафта, 360 талант андоз мепардохтанд. Ниҳоят сакоиҳои вилояти XV-ро ташкил намуда, ба маблағи 250 талант андоз медоданд.

Яке аз воситаҳое, ки Ҳахоманишиҳо аз аҳолии Осиёи Миёна андозҳои иловагӣ мегирифтанд, бастани дарғот буд. Ахолӣ аз беоби ба танг омада, маҷбур мешуд, ки барои кушодани дарғот хироҷи иловагӣ бидиҳад. Ҳеродот дар ин бора менависад:

«…Вақте, ки онҳо беоб монданд, ба аёли худ ба Форс мераванд, дар назди дари қасри подшоҳ ҷамъ шуда, доду фиғон мебардоштанд; подшоҳ аҳволи ин мӯҳтоҷонро дида, амр мекунад, ки дарғотҳоро кушода, обро ба сӯи дашт сар диҳанд. Ҳамин ки замин аз об сер шуд, боз дарғотҳоро мебанданд ва бо амри подшоҳ дарғотҳои дигарро барои дигар мӯҳтоҷони об боз мекунанд. Аз руи ин ривоятҳо ба ман маълум аст, ки подшоҳ ғайр аз андозҳои муқаррарӣ ба ивази кушодани дарғотҳо пули бисёр меситонад». (Тоҷикон,Китоби якум. Б.Ғафуров).

Муайян кардани ин ҷои дарғот, ки аз рӯи суханони Ҳеродот дар дарёи Акес вокеъ гардида будааст, кори хеле душвор аст. Ба тибқи ақидаи аксари муҳаққиқон, ин дарғот дар дарёи Теҷен — Ҳарируд аст, ки аҳъёнан дарёи Мурғоб меноманд. Кӯшишҳои боз ҳам аниқтар муайян кардан хам ба назар мерасад.

Зоҳиран, дар аҳди ҳукумронии ҳахоманишиҳо иншоотҳои калони объёрӣ дар дасти (ва ё таҳти назорати) маъмурони ҳахоманишӣ қарор гирифта буданд. Вазъияти аҳолии меҳнатӣ дар давраи ҳукумронии ҳахоманишиҳо фавқулода вазнин буд. Қабилаву халқҳои озодихоҳи Осиёи Миёна муттасил ба муқобили ҷавру зулми подшоҳони форс шӯриш мебардоштанд. Ҳанӯз аз нимаи дуввуми асри IV пеш аз милод хоразмиҳо давлати мустақили худро таъсис менамоянд. Дар ин вақт сакоиҳо ҳам аз тобеяти ҳахоманишиҳо берун меоянд.

Давлати Ҳахоманишӣ тазоҳури равшани давлати ҳарбии ашрофии ғуломдорӣ ба шумор мерафт, ки табақаҳои ҳукумрон ва соҳибимтиёзи он аз форсҳо ва қисман мидиҳо иборат буданд. Дар маҳалҳо, алалхусус дар вилоятҳои аз марказ дури давлати ҳахоманишӣ ҳокимияти маъмурони «худӣ», яъне осиёмиёнагӣ хеле қавӣ буд: ҳахоманишиҳо ва ашрофи маҳаллӣ якҷоя ба аҳолии сатрапиҳои Осиёи Миёна зулму ситам мекарданд.[3]

Осиёи Миёна ва Эрон дар аҳди салтанати Ҳахоманишиҳо

вироиш

Давлати бузурги Ҳахоманишиҳо, ки яке аз пуриқтидортарин империяи ҷаҳони аҳди қадим ҳисоб меёфт, мавҷудияти худро беш аз 200 сол нигоҳ дошта, дар таърихи Шарқи бостонӣ мавқеи ба назар намоёне ишғол намуд. Созмонҳои иқтисодию сиёсӣ ва анъанаҳои мадание, ки дар давраи Ҳахоманишиҳо ба вуҷуд омада буданд, қарнҳо маҳфуз монда, дар давлати императории Искандари Макдунӣ, давлатҳои Портҳо Сосониён ва халқҳои Осиёи Миёна низ давом карданд.

Ҳахоманишиҳо бар хилофи дигар подшоҳони пешиназамони Шарқи қадим, нисбат ба оину мазҳабҳои соири халқхо хеле ботаҳаммул муносибат карда, ҳатто маъбаду калисоҳои кишварҳои мухталифро дубора барқарор намуданд. Хусусан асосгузори давлати Ҳахоманишиҳо Куруш дар ин кор шуҳрати зиёде пайдо карда буд. Дар замони Ҳахоманишиҳо барои тичорати байналхалқӣ шароити мусоид фароҳам омада буд. Саёҳон ва донишмандон метавонистанд ба кишварҳои тобеи давлати Ҳахоманишиҳо сафар кунанд. Бисёр намояндагони маъруфи маданияти Юнони Қадим (Гекатей, Ҳеродот, Демокрит) он вақтҳо ба кишварҳои машриқзамин саёҳат намуда, ҳамватанони худро бо комёбиҳои мадании халқҳои Шарқ шиносониданд.

Дар давлати Ҳахоманишиҳо, махсусан бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиҳо, портҳо, марвониҳо, сакоиҳо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна нақши бузурге бозидаанд. Достони халқии эронӣ, ки аз фикраҳои бокимондаи, ,Таърихи Форс" ном асари табиби дарбори Ардашери II — Ктесий ба мо маълум аст, аслан дар вилояти Осиёи Миёна, бештар дар маҳалҳои бохтариҳо ва сакоиҳо офарида шудааст. Баъдтар вай ба тарафҳои Ғарб интишор ёфта, пас аз тағироту иловаҳо асоси хамосаи миллии эрониро фароҳам овард. Бисёр сюжетҳои ин достон ба «Шоҳнома» — Фирдавсӣ дохил гардидаанд. Оини Зардушти, ки дар Осиёи Миёна ба зуҳур омада буд, дар замони Ҳахоманишиён ба Эрон ва боз дуртар ба тарафҳои ғарб паҳн шуда, баъдҳо мазҳаби давлатии эрониҳо қарор гирифт. Ҳануз дар садаи V дар шаҳри Мемфиси Миср маъбади худои эронӣ Митра вуҷуд дошт. Дар давраи империяи Рим парастиши Митра дар бисёр мамлакатҳо расм гардида, то ҷазираҳои Бритониё расида буд.

Халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон дар бобати либос хам умумият доштанд, хусусан либоси хоразмихо, бохтарихо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна хеле монанд буд, зимнан сакоиҳои тиграхур бештар бо кулохи худ фарқ мекарданд. Либоси онҳо аз нимтанаи тасмакалон ва шалвори кӯтоҳ иборат буд. Намояндагони халқҳои Осиёи Миёна дар нақшҳои барчастаи Бесутун,Тахти Чамшед ва Накши Рустам татствир ёфтаанд, ки ин барои донистани хусусиятҳои антропологи ва этнографии ин халқхо ахамияти багоят калон дорад. Ин ёдгорихо нишон медиханд.ки либоси форсхо хам айнан мисли либоси мардумони Осиёи Миёна будааст. Нихоят, халқҳои Осиёи Миёна дар офариниши осори бошукӯҳи санъати Ҳахоманишиён ҳиссаи бузурги моддӣ гузоштанд. Тибқи навиштаҷоти Доро, барои сохтмони қасри Шуш аз Бохтар тило, аз Суғд лоҷувард ва ақиқ, аз Хоразм фирӯза бурдааст.[3]

Ин маълумот, инчунин ахбори муаллифони қадим ва ҳафриёти бостоншиносӣ аз дараҷаи баланди тараққиёти кори маъдан дар Осиёи Миёна ва таъсири он ба пешрафти кори маъдан дар Эрон шаҳодат медиҳанд. Ногуфта намонад, ки лоҷуварди Осиёи Миёна ва Ҳиндустон, Бобул ва Миср хам мавриди истифода будааст. Мардуми Осиёи Миёна нахустин бор бо хат пас аз дохил шудан ба ҳайати давлати Ҳахоманишӣ ошноӣ пайдо карданд. Ин системаи хат дар Осиёи Миёна ва Эрон муддати чандин аср, то давраи истилои арабҳо мавҷудияти худро нигоҳ дошт.

Дар замони Ҳахоманишиён ба тавассути ривоҷи касбу ҳунар ва муносибатҳои пулию молӣ тараққиёти босуръати шаҳрҳои Осиёи Миёна ҳамчун марказҳои маъмурӣ ва ҳунармандӣ шурӯъ гардид. Ҳаминро бояд хотирнишон кард, ки халқҳои Осиёи Миёна дар давраи Ҳахоманишиён аввалин бор ба пули танга (дороӣ) ошно шудаанд. Намунаҳои тангаи тило ва дигар сиккаҳои системаи пули Ҳахоманишиён аз қаламравӣ Осиёи Миёна пайдо карда шуд.

Ба миён омадани иттиҳодияи чандин кишварҳо дар замони Ҳахоманишиён ба рушди тамаддуни Шарқ ва таҳкими робитаҳои мутақобили иктисодию фарҳангии бисёр халқҳо мусоидат намуд.[3]

Боз нигаред

вироиш
  1. Дар бораи ҳамлаи Камбуҷия ба Миср ниг: Дандамаев М. А. Политическая история Ахеменидской державы. — С. 55-63
  2. Дандамаев М. А. Политическая история Ахеменидской державы. — С. 55-63
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби 1. — Душанбе, 2008. — С. 76-82