Content deleted Content added
ислоҳи шаблонҳо using AWB
х →‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 12:
Барои ташхиси бемориҳои Ш. аз усулҳои умумӣ ва махсуси таҳқиқи бемориҳо истифода мебаранд. Тавассути палмосидан шакл, ҳаҷм, ҳаракати ҳамзамони ҳарду тарафи сандуқи сина, қитъаҳои дардманд, бо ёрии [[ангуштзанӣ]] бошад, ҳудудҳои Ш., ҳаракати гӯшаҳои поёнии онро муайян мекунанд. Аз усулҳои махсуси ташхис тадқиқоти рентгенологӣ (флюорография, рентгенография, рентгеноскопия, томография, бронхография) аҳамияти бештар доранд. Сатҳи дохилии бронхҳоро бо ёрии бронхоскоп (ниг. Бронхоскопия), ҷавфи пардаи шуш ва сатҳи Ш.-ро бо ёрии торакоскоп (ниг. Торакоскопия) муоина менамоянд. Фаъолияти Ш.-ро бо асбобҳои махсус, аз он ҷумла спирограф таҳқиқ мекунанд. Барои таҳқиқи табдили ҳаво ва гардиши хун дар Ш. усулҳои радионуклидиро истифода мебаранд. Дар шароити лаборатория балғам ва моее, ки бо роҳи пунксия аз шушпарда гирифта шудааст таҳқиқ карда мешавад. Аз рӯи нишондодҳо усулҳои тадқиқоти биохимиявӣ, иммунологӣ ва ғ.-ро кор мефармоянд. Дар мавриди баъзе бемориҳо (мас., зиқи нафас) мариз дар лаборатория махсус аз таҳқиқи аллергологӣ гузаронда мешавад.
 
Осебҳои Ш. пӯшида ва кушода мешаванд. Осебҳои пӯшида ҳангоми зарб ёфтани девораи сина ё байни ду ашёи сахт тазйиқтазӣиқ хӯрдани он пайдо мешаванд. Ҳангоми осебҳои пӯшида бофтаҳои Ш. ва бронхҳо мекафанд. Дар вақти шикастани қабурғаҳо нафасгирии Ш. душвор мегардад. Барои ташхиси осебҳои Ш. сандуқи синаро дар ду проексия рентгенография кардан зарур аст. То ба беморхона бурдан, беморро дар ҳолати нимнишаст нигоҳ дошта, ба ӯ нафаси сунъӣ медиҳанд.
 
Осебҳои кушодаи Ш. ҳангоми ба сина корд ё тир задан пайдо мешаванд. Барои муайян намудани хусусияти захм узвҳои сандуқи синаро ҳатман рентгенография кардан лозим аст.
Ҷисмҳои бегона ба Ш. асосан тавассути захмҳои кушода дохил мешаванд. Муддати зиёд дар бофтаҳои шуш боқӣ мондани онҳо боиси инкишофи думбал, гангрена ва хуншории Ш. мешавад. Онҳоро тавассути таҳқиқоти рентгенологӣ ва бронхоскопия ташхис мекунанд. Усули табобат — ҷарроҳист.
 
Бемориҳои маъмули Ш. пневмония, эмфиземаи шуш, сил, зиқи нафас ва ғ. мебошанд. Омосҳои Ш. некфарҷом (аденома, гамартомағамартома ва ғ.) ва бадфарҷом (саратони бронхогенӣ, баъзан саркома) мешаванд.
 
Расми 1. Шуши рост (А) ва чап (Б). 1 — трахея (хекиртак); 2 — нӯги шуш; 3 — ҳиссаи болоӣ; 4 ва 10 — роғи каҷ; 5 — ҳиссаи поёнӣ (шуши чап); 6 — комаи дил; 7 — бронхҳои асосӣ; 8 — ҳиссаи мобайнӣ (шуши рост); 9 — ҳиссаи поёнӣ (шуши рост); 11 — роғи амудӣ; 12 — ҳиссаи болоӣ (шуши рост).
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Шуш"