Абдухолиқ Набавӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Таҳия ва таҳрир: ислоҳи вожаҳо using AWB
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 25:
Абдухолиқ Набавӣ яке аз ноқидони фаъоли адабиёти тоҷик ба шумор меояд. То ба имрӯз зиёда аз 350 мақолаи илмӣ ва илмиву оммавӣ таълиф намудааст. Бештари ин мақолаҳо хусусияти илмӣ-интиқодӣ дошта, дар онҳо масъалаҳои муҳимми раванди адабӣ, амсоли марҳалаҳои тасвири бадеии шахси инсон дар адабиёти муосир, ташаккулу таҳаввули равонковии бадеӣ (психологизм) ва амиқрафти ҳунари воқеънигорӣ, ғанои шаклӣ, поэтика ва сабки нигориш, тазоҳуру ташаккули фардияти эҷодӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Рӯзгор ва осори адибони тоҷикӣ, амсоли устод [[Садриддин Айнӣ]], [[Ҷалол Икромӣ]], [[Сотим Улуғзода]], [[Мирзо Турсунзода]], [[Раҳим Ҷалил]], [[Пӯлод Толис]], [[Фазлиддин Муҳаммадиев]], [[Ҷумъа Одинаев]], [[Ӯрун Кӯҳзод]], Сорбон, [[Муҳиддин Хоҷаев]], [[Саттор Турсун]], [[Муҳаммадҷон Шакурӣ]], Атохон Сайфуллоев, Аскар Ҳакимов ва як гурҷӯҳ нависандагони ҷавон маводи асарҳои илмиву танҷқидии ӯро ташкил кардаанд.
Яке аз ҷиҳатҳои муҳимми нақднависии А. Набавӣ дар он зоҳир мешавад, ки бо таваҷҷҷӯҳ ба ҷанбаи эстетикӣ ва ҳунарии осори адибон ба вуруди истеъдодҳои нави тозанигоҳ ва равандҳои нави адабӣ дар адабиёт даст меёбад. Аз ҷумла, мақолаи ӯ «Умеду ояндаи наср» (1986), ки ба хасоиси ба куллӣ нав ва тозаназарии насли ҷавони насрнависони тоҷик бахшида шуда буд, таъкиду ишораҳое дар бораи ба зуҳур расидани насри нави зеҳниро дар бар мегирифт ва мунаққид аз падидае чун диду сабки тозаи нависандагоне чун Баҳманёр, [[Муҳаммадзамони Солеҳ]], Сайф Раҳимзод, [[Ҷонибеки Акобир]], Тоҳири Муҳаммадризо, Абӯвайси Азиз сухан ба миён овард. Дар мақолаҳои минбаъдааш ташаккули истеъдод ва ибтикороти адабии ин насл ва хасоиси насри нав (модерн)-ро мавриди пажӯҳиш қарор дод. Нахустин истиқболи гарм ба осори Муаззама – ин адибаи бармаҳал фавтида ва истеъдоди тавонои вай низ дар мақолаи мазкури Абдухолиқ Набавӣ изҳор шуда буд.
Таълифоти Набавӣ, мисли ҳамаи аҳли нақду адаби тоҷики замони шӯравӣ аз меъёри зебоишиносии ба он замон хос таълиф шудаанд. Аммо ӯ аз мунаққидонест, ки кӯшидаанд то ба осори адабӣ аз меъёри фарогирии масъалаҳои башардӯстонаву ахлоқӣ ва савияи ҳунарӣ баҳо дода бошанд. Бахусус, дар ҳимоя ва дастгирии адибони аз ҷониби ҳизбия ва доираҳои расмӣ «задашуда» ё номақбул кӯтоҳӣ накардааст ва дар бораи румони [[Ҷумъа Одина]] «Гузашти айём» («Назари ибратбини нависанда», 1978), эҷодиёти С. Улуғзода, Сорбон, [[Муҳаммадзамони Солеҳ]] ва дигарон, ки нақди ҳизбӣ ва касбии сиёсатгаро ба сифати осори «зиёновар» маҳкум ва мазаммат ва нодида гирифта мешуданд, мақолаҳо навишта, ҳусни таваҷҷӯҳтаваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Вай дар айёми Бозсозӣ ва минбаъд замони Истиқлолият низ дар пажӯҳиш ва бознигарии таърихи адабиёти замони шӯравӣ ва нақди адабии он аз дастури ҳақгӯӣ, таҳаммулпазирӣ, қазовати одилона, фаҳмидани вазъи аҳли адаб ва замону шароити сиёсӣ ва таърихии зиндагии онҳо роҳ гирифта, аз танқидҳои камгирона ва инкоргарии ифротӣ дар мавриди баҳо ба таърихи адабиёти 70-солаи замони шӯравии тоҷикӣ барҳазар будааст. Худ бошад ба пажӯҳиши эҷодиёти ашхоси ба ноҳақ сиёҳшуда (Н. Бектош, Қ. Комилӣ) ва осори фаромӯшшудаи адибон пардохт, ҳамчунин масоили кам мавриди тадқиқ фаро гирифта шудаеро, амсоли раванди зуҳур ва ташаккули илми ҷадиди филологияи тоҷик ва нақди нави адабӣ дар адабиёти ҷадидӣ, намояндагони ҷудогонаи он, назму наср ва нақди адабии солҳои 20-30 замони шӯравӣ, баҳсҳои атрофи забони форсии тоҷикӣ, таърихи муборизаҳои адабию мафкуравӣ, ташаккули иттиҳодияи нависандагон дар даҳаҳои аввали асри ХХ мавриди пажӯҳиши муфассал қарор додааст.
Абдухолиқи Набавӣ ҳамчунин ба нақди намоишӣ (театр) низ таваҷҷӯҳтаваҷҷуҳ зоҳир карда, оид ба намоишҳои театрҳои [[вилояти Суғд]] (собиқ [[Ленинобод]]) дар саҳафоти рӯзномаҷот як силсила маҷқолаҳо ба табъ мерасонад. Вай чандин сол дар ҳайати доварони азназаргузаронии театрҳои касбии вилояти [[Ленинобод]] (ҳоло Сӯғд) ба сифати ҷониши раисӣ ҳакамот иштирок кардаааст. Инчунин дар хусуси вазъи ҳунари муосири тоҷик, бахусус ҳунари овозхонӣ (дар бораи ҳофизи шӯҳратёр ва устоди нотакрори ҳунар [[Ҷӯрабек Муродов]]), вазъи «[[Шашмақом]]»-сароӣ, санъати ҳунари ноширӣ мақолаҳо таълиф карда, дар таҳриру танзими китоби мусаввири ёдгориҳои таърихии кишвар ҳисса гузоштааст ва чанд муддат аст, ки чун корманди рӯзномаи «Баҳори Аҷам» (нашрияи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон]) низ ифои вазифа мекунад.
Соҳаи дигар ва асосии фаъолияти Абдухолиқи Набавӣ нақду баррасӣ ва ва пажӯҳиши адабиёти тоҷик аст. Мақолаҳои танқидӣ ва пажӯҳишҳои ӯ дар чанд ҷилд китобу рисолаҳо ба дасти хонандагон ва аҳли илму адаб расидаанд. Рисолаи «Садриддин Айнӣ ва инкишофи насри шӯравии тоҷик» (1978) масъалаи мақоми Айниро дар рушду такомули насри нави реалистии тоҷикӣ дар бар гирифтааст. Дар китоби «Эҷоди бадеӣ, инсон ва замон» (Душанбе: Ирфон,1983) мақолоте ба ҳам омадаанд, ки аз хусуси масоили ғанои шаклу жанр ва ҷустуҷӯҳои эҷодӣ дар насру назми муосири тоҷикӣ баҳс мекунад. Рисолаи «Тасвири олами ботинии инсон, нависанда ва замон» (Душанбе: Адиб,1987) бошад пажӯҳиши муфассалест оид ба масъалаи муҳими насри реолистии тоҷик – ҳунари равоннигории бадеӣ, ки солҳои 50-80 аз муҷҳимтарин сифатҳои раванди бадеӣ, бахусус эҷодиёти [[Ҷалол Икромӣ]] ба шумор меомад. Фишурдаи тадқиқоти мазкур ба забони русӣ (1981) низ чоп шудааст. Донишмандони босалоҳият, амсоли З. Г. Османова, А. Сайфуллоев, Ҷ. Бақозода, Р. Тошматов ва дигарон ин тадқиқотро тақриз карда, баҳои сазовор додаанд.
Қайд кардан лозим аст, ки дар рисолаи мазкур бори нахуст тасвири симои инсони муосир ва таърихӣ аз назари ҳунари воқеъароӣ ва пайваста амиқ рафтани он ба василаи зина ба зина аз бар кардани санъати равоннигорӣ (тасвирӣ психологӣ) мавриди пажӯҳиши муфассал қарор гирифтааст. Бахусус, романи сегонаи таърихӣ - инқилобии нависандаи машҳур [[Ҷалол Икромӣ]] аз ин мавқеъ таҳлилу таҷзия шуда, дар айни замон хеле аз масъалаҳои вобаста ба шакл ва воситаҳои тасвири воқеъгароёнаи зеҳнӣ, иртиботи он бо поэтикаи асар, сохтор ва умуман ғанӣ ва амиқ ба тасвир омадани симои иштирокдорони румон ва дар ин раванд ба зинаи нав расидани ҳунари нигорандагӣ дар насри муосир низ таҳқиқи ҳамаҷониба шудааст.
Сатри 90:
* Қуллапаймои сухан (муаллифи мақола, таҳия, таҳрир). - Душанбе: Деваштич, 2009.
* Ҷашнномаи Айнӣ, ҷ. ХI. – Душанбе: Дониш, 2010.
* Шиблии Нуъмонӣ. ШеърШеъру-улл-Аҷам». Китбҷои 1-5 (таҳия). – Душанбе: ДДОТ, 2015. – 1100 саҳ.
* Ҷашнномаи Айнӣ (мураттиб). – Душанбе: Дониш, 2019.
* С. Айнӣ. Рӯдакинома (Устод Рӯдакӣ дар шинохти Садриддин Айнӣ). – Душанбе: Дониш, 2019 (пешгуфтор, таҳия бо тавзеҳот, ҳамроҳ бо профессор А. Сатторзода).