Домпизишкӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
х →‎Таърих: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 6:
Дар асрҳои миёна инкишофи байторӣ нисбатан суст шуда бошад ҳам, афзудани талабот ба маҳсулоти чорводорӣ барои тайёр кардани байторҳо заминаи мусоид фароҳам овард. Соли 1761 мирохур (шталмейстер)-и фаронсавӣ К. Буржела дар шаҳри Лион аввалин мактаби байториро таъсис дод. Минбаъд чунин таълимгоҳҳо дар Алфоре (1765), Копенгаген (1773), Вена (1775), Дрезден (1776), Ганновер (1778), Будапешт (1787, Берлин ва Мюнхен (1790), Мадрид (1793) низ ифтитоҳ шуданд. Аз ибтидои садаи XIX ангезандаи бисёр касалиҳои ангалӣ (паразитӣ) ва сироятӣ ошкор гардиданд. Конгресси 1-уми байналмилалӣ (Гамбург, 1863) ва конференсияи байналмилалии байторӣ (Вена, 1872) ба пешгирии касалиҳои тоун ва илтиҳоби шуши чорво бахшида шуда буданд.
 
Байторӣ дар Россия асрҳои 10-13 ба вуҷуд омадааст. Ба ташхису табобати аспҳо байторҳои худомӯз ва аспбонҳо машғул буданд. Асрҳои 16-17 аввалин маълумоти хаттӣ доир ба байторӣ арзи вуҷуд карданд. Соли 1715 бо фармони Пётри I мактаби байтории аспҳо (дар Маскав, Петербург ва Лубан) таъсис дода шуданд. Минбаъд бо фаъолияти олимони соҳа Я. К. Кайданов, В. И. Всеволодов, И. И. Рович ва дигар байторони рус дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрат ёфт. Байторӣ хосса дар давраи шӯравӣ ривоҷу равнақ дошт. К-зу с-зҳо ва корхонаҳои калони давлативу кооперативӣ бунёд гардиданд. Умури байтории шӯравӣ ҳалли масоили зеринро дар бар мегирифт: пешгирӣ кардан ва барҳам додани касалиҳои ҳайвонот, аз ҷумла парандаҳо, ҷонварони мӯинадор, моҳиҳо, занбӯри асал ва ғ.ғайра; андешидани тадбирҳои зиёд намудани маҳсули чорво ва парандаҳо; муҳофизати аҳолӣ аз касалиҳои умумии одаму ҳайвонот. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз солҳои 20-30 садаи XX касалиҳои тоун, илтиҳоби шуши чорво, нағзаки бузу гӯсфанд, камхунӣ, энсефаломиелит ва лимфангити сироятии асп, сӯхтанӣ ва тоуни хуку парандаҳо қариб барҳам хӯрда буданд. Дар пешрафти В.-и шӯравӣ олимон К. И. Скрябин, С. Н. Вишелевский, И. М. Куческо, А. А. Марков ва диг. саҳми назар-рас гузоштанд.
 
== Байтории тоҷикон ==