Китобшиносӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Китобшиносии тоинқилобии тоҷик: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 9:
 
=== Китобшиносии тоинқилобии тоҷик ===
Гузаштагони мо баробари мероси бойи илмию адабӣ дастурҳои хеле муҳимми библиографӣ низ боқӣ гузоштаанд, ки дар китобхонаҳои Бухоро, Самарқанд, Марв ва ғ. маҳфузанд. Феҳристи китобхонаи Сомониён то давраи мо нарасида бошад ҳам, ба вуҷудияти воситаҳои муайяни китобшиносии замонаш шаҳодат медиҳад. Рӯйхати дар «Рисолаи саргузашт» овардаи асарҳои Ибни Сино то охири садаи XIX аз номгӯи нисбатан мукаммали осори олим ба шумор меравад. Намунаи дастурҳои библиографии асарҳои дигар ҳам кам нестанд. Махсусан нишондиҳандаҳои библиографии «ал-Феҳрист»-и Ибни Надим, библиографияи шарҳиҳолии «Феҳристи асарҳои Розӣ»-и Абурайҳони Берунӣ, «Рисолаи саргузашт»-и Ибни Сино, «ИршодИршоду-улл-ариб илал маърифат-ил-адиб»-и Ёқути Ҳамавӣ, «УюнУюну-улл-анбо фӣ табақот-ил-аттибо»-и Ибни Абуусайбиа, «КитобКитобу-улл-ансоб»-и Муҳаммад ибни Мансур Самъонии Марвазӣ, «Таттимату сивонсивону-улл-ҳикма»-и Заҳириддин Абулҳасани Байҳақӣ (ҳамааш садаи XII), «ТаърихТаъриху-улл-ҳукамо»-и Ибни Қифтӣ, «ВафоётВафоёту-улл-аъён ва анбаъ-уз-замон»-и Ибни Халикон, «ҚомусҚомусу-улл-аълом»-и Шарафуддини Сомӣ (ҳамааш садаи XIII), «ФаслФаслу-улл-китоб»-и Муҳаммади Порсо (асри 14), «ТароиқТароиқу-улл-ҳақоиқ»-и Маъсуми Шерозӣ, «Шаҷарот-уз-заҳаб»-и Абдулфаттоҳи Ҳанбалӣ, «ЛисонЛисону-улл-мизон»-и Шаҳобуддини Асқалонӣ, «НузҳатНузҳату-улл-арвоҳ»-и Муҳаммади Шаҳрзурӣ, «Бӯгиёҳ»-и Ҷалолиддини Суютӣ (ҳамааш садаи XVI), «Номаи донишварон», «ҶавоҳирҶавоҳиру-улл-музия»-и Муҳиддин ибни Абдулвафо, «Кашф-уз-зунун ан асоми-ил-кутуб ва-л-фунун»-и Ҳоҷӣ Халифа (садаҳои 17-18), «МиръотМиръоту-улл-кутуб»-и Муҳаммади Табрезӣ (1901) ва ғ. ба арабӣ эҷод шуда бошанд ҳам, дар рушди Б-и тоҷик нақши муҳим бозидаанд. Қисме аз онҳо дар феҳристи дастнависҳои форсӣ-тоҷикӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд.
 
=== Китобшиносии давраи шӯравии тоҷик ===