Ориёӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Ориёиҳои қадимтарин ва ҳиҷрати онҳо: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 33:
Олимони забоншинос дар фаҳмидани асосҳои забони ориёнҳои қадимтарин реконструксияи ( барқарор кардани) забони мабдаъи доданд. Ҳолатҳои муқаддаму умуми дар асоси маҷмӯи айниятҳои фонетики, грамматики ва маънои дар асоси маҷмӯи айниятҳои таърихи ба вуҷуд оварданд( А.Мейс,1938;В.Порсиг,1964;ва ғайра ) Ва бояд дар ибтидои давраи ориёни маҷмӯи шеваҳои ба ҳамдигар хеле наздик будаас, ки тадриҷан дар натиҷаи тараққиёти мустақилона баъд ба забонҳои алоҳида ҷудо шудаанд. Таърих ва маълумоти бисёри экстралингвисти шаҳодати ин воқеият ҳастанд.
 
Дар хулоса оиди забони оғозии ориёниҳо эҳтимоли бештари маъмули реалии таърихидошта дар ин аст ; нахустзабони ориёни дар ибтидо дар худи сарзамини Ариана-Арйана Вайҷаи «Авесто» чун маҳсули меҳнати дурударозу мушкили замони азхудкунии табиату муҳити зисти нахустмеҳани худ ва гузариш аз тарзи хаёти истеъмоли маҳсули тайёри табиат ( шикор ва ҷамъоварии меваҳои рустани ) ба тарзи нави ҳаёти истеҳсоли ( зироаткори, чорводори, ҳунарҳои қадимтари маъданкори , [[кулолӣ]] , бофандагию дузандагӣ ва ғ.ғайра) , дарккунии муҳити зисти атроф ва худмуқовиматсозии ҷисми , меҳнати , ва хусусан зеҳнию маънави инсон рост меояд ва давраҳои инқилоби перманентии неолити , энеолит ива биринҷиро дарбар мегирад. Оиди хулосаи дигари (дуюми) асосии маъмултари ориёншиносии имруза дар кисми дуюми ҳамин боби китоби дарси сухан меравад.
 
Дар ин ҷо бошад, аввалан оиди [[ҳиҷрат]] (миграция), яъне заминкушоӣ ва паҳншавии қавмҳои ориёнии қадимтарин дар [[Осиё]] ва [[Аврупо]] ба хотир орем. Дар вақти тадқиқотҳои лингвисти ва ҳарфиётҳои бостоншиносии (археологи, топонимики, эпиграфики ва ғ.ғайра) дарозмуддати натиҷаноки асрҳои XIX-XX чанд минтақаи хеши, ҷамбастагии хоҷаги, иҷтимои вамаданидошта ҷудо шуданд, ки ба маълумоти хаттии “ Авесто ” ва дигар сарчашмаҳои мавҷудаи қадими эрони, юнону руми, ҳинди, ва ғайра рост меоянду аз сабаби нопуррагии онҳо боиси баҳсҳои доманадору бисёрфикрии олимони ориёншинос шуданд. Агар аз шимолу ғарб ин минтақаҳоро номбар кунем, руйхати зерини гурӯҳҳои калони онҳо чунин мешавад:
 
1. Қавмҳои гурӯҳи маданиятҳои андроновии даштҳои шимол аз нахустбозёфти бошишгоҳи Андроново дар Енисей то бошишгоҳҳою қабристонҳои даштҳою доманакӯҳҳои Урали ҷанубӣ, поёноби Волга, Каспийи Шимолӣ ва қавмҳои маданиятҳои Тозабогоби ва Суяргонии Баҳри Арал. Дар ин даштҳо баъдтар, дар хазораи I то милод қавмҳои конфедератсияҳои скифусакои ва массагети ривоҷ меёбанд , ки ориёни нажоди сони буда, осорҳои археологии онҳо, хусусан қабристону курғонҳо дар Туваю Олтои Кӯҳӣ , даштҳои шимолии Осиёи Маркази , мавзеҳои поёноби Сирдарё ва атрофи Баҳри Арал кашф шуданд. Ин минтақаҳои Ориёнзамин дар “Авесто” чун Арйана Вайча ( Фазои бузурги Ориёни ) тасвир шудааст.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ориёӣ"