Бод: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
File
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 6:
 
== Тавсифот ==
Тавсифоти асосии бод самт ва суръат мебошад. Самти бод дар метеорология бо он қисми уфуқ, ки аз он ҷо мевазад, муайян карда мешавад. Самти бод ё бо градусҳо ё аз рӯйи системаи 16-румба (масалан, шимол, шимолу шарқ, ҷанубу ғарб ва ғ.ғайра) бо румбҳо ифода мешавад. Суръати бод бо м/с, км/соат, узел ва бо асбоби анемометр ё боднамо чен карда мешавад. Барои баҳо додан ба суръати тақрибии бод ва таъсири он ба объектҳои заминӣ ё талотуми баҳр аз шкалаи дувоздаҳбалаи Бофорт истифода мебаранд (Ф. Бофорт, 1806).
 
== Бодҳои маҳаллӣ ==
Боде, ки аз ҳисоби фарқияти ҳароратҳо дар натиҷаи тавсифоти гуногуни орографии минтақаи мазкур ба амал меояд, маҳаллӣ номида мешавад. Боди маҳаллӣ чандон тӯлонӣ набуда, нисбат ба замин ба таври уфуқӣ аз мавзеи гарм ба сард мевазад. Қувваи Кориолис ба бодҳои маҳаллӣ амалан таъсир намерасонад. Агар суръати бод тез бошад, қувваи соиш камтар таъсир мерасонад.
 
=== Дар Тоҷикистон ===
Бодҳои маҳаллӣ дар ҶТ зери таъсири орографияи мураккаб ташаккул меёбанд, ки дар он қаторкӯҳҳо ва водиҳо самтнокии гуногун (аз арзӣ то меридианӣ) дошта, баландиашон аз сатҳи баҳр аз 300–400 то 7495 м-ро ташкил медиҳад. Дар натиҷа дар ин ҷо бодҳои маҳаллии зерин мушоҳида мешаванд: кӯҳию водӣ, пиряхӣ, насими обанборҳо. Ба бодҳои маҳаллӣ инчунин гармсел, кӯҳбода, тундбоди Варзоб, тундбоди Урсатевск (тундбоди шарқӣ), хокбоди афғонӣ дохил мешаванд.
 
==== Бодҳои кӯҳию водӣ ====
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бод"