Насрониён: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ
Сатри 9:
Дар асоси муқаддасоти ҳамаи ҷараёнҳо ва мазҳабҳои насрония симои одамхудо [[Исои Масеҳ]] меистад, ки мувофиқи оини румиён ӯ дар салиб чормех карда шуда, бо марги пуразияте оламро тарк намудааст ва бо ҳамин рафтораш гӯё, гуноҳи ҳамаи одамонро харида, рӯи онҳоро сӯи Худои ягона мегардонад ва инсониятро бо Худо оштӣ медиҳад.
Дини насрония мувофиқи ахбороти таърихшиносон дар асри I мелодӣ дар Фаластин ба вуҷуд омадааст. Ин дин дар ибтидо ҳамчун як фирқа аз дини яҳудия зуҳур кард. Аз ин рӯ, асоси таълимоти яҳудиро, ки дар Тавроти[[Таврот]]и Мӯсо ва дигар китобҳои пайғамбарони яҳудия омадааст қабул дорад.
 
Китоби муқаддаси насрониён ва [[масеҳият|дини масеҳӣ]][[Библия]] аз ду китоб «Аҳди қадим» ва «Аҳди ҷадид» иборат аст. «Аҳди қадим» китиби муқаддаси яҳудиён мебошад.
 
Соли 63 мелодӣ лашкаркаши румӣ Гней Помпей яҳудиёнро мағлуб намуда, давлати онҳоро барҳам медиҳад. Аз ҳамон вақт ибтидо Фаластин, Сурия ва Миср ба ҳайъати Имперотурии Рим (Рум) медарояд. Барҳамхӯрии давлат ва аз даст рафтани истиқлоли худро аҳолии Фаластин, хусусан яҳудиён чун фоҷиаи миллӣ қабул менамоянд. Римиён тамоми шӯришҳои яҳудиёнро шикаст дода, тамоми орзую омоли аҳолии онро, ки ташнаи истиқлол буданд барҳам медиҳанд.
Яке аз ин шӯришҳо аз тарафи фирқаи Зеалот (ғайратмандон) ташкил карда шуд, ки онҳо даст ба аслиҳа бурда, бо шиори «Ҳеҷ худое ғайр аз Яҳво нест ва ҳеҷ боҷе ба ҷуз ба маъбад набояд пардохт!» қиём намуданд. Маркази амалиёти онҳо шаҳри Сафурияи ноҳияи Ҷалил буд. Зелотҳо баъд аз тасарруфи анбори аслиҳаи ин шаҳр даст ба шӯриш заданд. Ин шӯриш хеле авҷ гирифт ва барои румиён он қадар хатарнок буд, ки ҳокими Шом Квинтилий Вар бар зидди онҳо ду легион сипоҳро равона кард. Дар асари ин задухӯрд шаҳри Сафурия хароб ва тӯъмаи оташ гашт. Зиёда аз ду ҳазор яҳудии исёнгар дар салиб чормех карда, ба қатл расонида шуданд. Румиён талафоти калон дода дода бошанд ҳам, вале оташи шӯришро тамоман хомӯш карда натавонистанд. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳо яҳудиёнро яъсу ноумедӣ фаро мегирад, онҳо ба ҳодисаҳои сиёсӣ тобиши динӣ дода, аз даст рафтани давлату истиқлоли худро аз Худо аз қазою қадар медонанд ва онро чун сазои гуноҳҳои худ, чун ҷазо барои иҷро накардани васияту андарзи ниёгон, ҳисоб мекунанд.
 
== Фирқаҳои динӣ ==
Ин рӯҳия мавқеи фирқаи динӣ – миллатгарои яҳудиён ''Ҳасидиён''ро устувор кард. Ҳасидиён яҳудиёни мустаҳкамэътиқод буданд, ки роҳи наҷотро дар устуворона нигоҳ доштан ва эҳтиёт намудану муқаддас доштани дину оини пешиниён медиданд. Дар қатори ин фирқа боз гурӯҳҳои дигари яҳудия аз қабили ''садуқиён'', ''форисиён'' ва ''эссенҳо'' низ ба вуҷуд омаданд, ки онҳо гоҳ ошкору гоҳ махфӣ, бар зидди зулму истибдоди румиён мубориза мебурданд.