Насрониён
Насрониён (масеҳиён) (форсӣ: نصرانى) — пайрави дини Исо, тарсо, христианӣ - пайравони дини масеҳӣ (исавӣ) ва паёмбар Исои Масеҳ, ки ба замин барои наҷотдиҳии башарият омад. Пайравони ин динро масеҳӣ низ меноманд.
Пайдоиши дини насронӣ
вироишДуюмин дини ҷаҳоние, ки баъд аз буддоия арзи вуҷуд кардааст дини насронӣ мебошад. Мувофиқи ахбороти СММ пайравони дини насронӣ зиёда аз ¼ ҳиссаи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд.
Насрония як дини том набуда, ба се ҷараён (мазҳаб), католикҳо, православиҳо ва протестанҳо тақсим мешавад. Дар навбати худ бошад, ин ҷараёнҳо ба равияҳои зиёде ҷудо мешаванд, ки ҳар яки онҳо фаҳмиши ба худ хоси дини насрониро дошта, бо расму оинҳои худ аз ҳам фарқ мекунанд. Вале ҳамаи онҳоро як умумият: решаҳои умумии таърихӣ, ягонагии китобҳои динӣ ва муқаддасоту объекти ягонаи парастиш муттаҳид менамояд.
Дар асоси муқаддасоти ҳамаи ҷараёнҳо ва мазҳабҳои насрония симои одамхудо Исои Масеҳ меистад, ки мувофиқи оини румиён ӯ дар салиб чормех карда шуда, бо марги пуразияте оламро тарк намудааст ва бо ҳамин рафтораш гӯё, гуноҳи ҳамаи одамонро харида, рӯи онҳоро сӯи Худои ягона мегардонад ва инсониятро бо Худо оштӣ медиҳад. Дини насрония мувофиқи ахбороти таърихшиносон дар асри I мелодӣ дар Фаластин ба вуҷуд омадааст. Ин дин дар ибтидо ҳамчун як фирқа аз дини яҳудия зуҳур кард. Аз ин рӯ, асоси таълимоти яҳудиро, ки дар Тавроти Мӯсо ва дигар китобҳои пайғамбарони яҳудия омадааст қабул дорад.
Китоби муқаддаси насрониён ва дини масеҳӣ – Библия аз ду китоб «Аҳди қадим» ва «Аҳди ҷадид» иборат аст. «Аҳди қадим» китиби муқаддаси яҳудиён мебошад.
Соли 63 мелодӣ лашкаркаши румӣ Гней Помпей яҳудиёнро мағлуб намуда, давлати онҳоро барҳам медиҳад. Аз ҳамон вақт ибтидо Фаластин, Сурия ва Миср ба ҳайъати Имперотурии Рум (Рум) медарояд. Барҳамхӯрии давлат ва аз даст рафтани истиқлоли худро аҳолии Фаластин, хусусан яҳудиён чун фоҷиаи миллӣ қабул менамоянд. Римиён тамоми шӯришҳои яҳудиёнро шикаст дода, тамоми орзую омоли аҳолии онро, ки ташнаи истиқлол буданд барҳам медиҳанд. Яке аз ин шӯришҳо аз тарафи фирқаи Зеалот (ғайратмандон) ташкил карда шуд, ки онҳо даст ба аслиҳа бурда, бо шиори «Ҳеч худое ғайр аз Яҳво нест ва ҳеч боҷе ба ҷуз ба маъбад набояд пардохт!» қиём намуданд. Маркази амалиёти онҳо шаҳри Сафурияи ноҳияи Ҷалил буд. Зелотҳо баъд аз тасарруфи анбори аслиҳаи ин шаҳр даст ба шӯриш заданд. Ин шӯриш хеле авҷ гирифт ва барои румиён он қадар хатарнок буд, ки ҳокими Шом Квинтилий Вар бар зидди онҳо ду легион сипоҳро равона кард. Дар асари ин задухӯрд шаҳри Сафурия хароб ва туъмаи оташ гашт. Зиёда аз ду ҳазор яҳудии исёнгар дар салиб чормех карда, ба қатл расонида шуданд. Румиён талафоти калон дода дода бошанд ҳам, вале оташи шӯришро тамоман хомӯш карда натавонистанд. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳо яҳудиёнро яъсу ноумедӣ фаро мегирад, онҳо ба ҳодисаҳои сиёсӣ тобиши динӣ дода, аз даст рафтани давлату истиқлоли худро аз Худо аз қазою қадар медонанд ва онро чун сазои гуноҳҳои худ, чун ҷазо барои иҷро накардани васияту андарзи ниёгон, ҳисоб мекунанд.
Фирқаҳои динӣ
вироишИн рӯҳия мавқеи фирқаи динӣ – миллатгарои яҳудиён Ҳасидиёнро устувор кард. Ҳасидиён яҳудиёни мустаҳкамэътиқод буданд, ки роҳи наҷотро дар устуворона нигоҳ доштан ва эҳтиёт намудану муқаддас доштани дину оини пешиниён медиданд. Дар қатори ин фирқа боз гурӯҳҳои дигари яҳудия аз қабили садуқиён, форисиён ва эссенҳо низ ба вуҷуд омаданд, ки онҳо гоҳ ошкору гоҳ махфӣ, бар зидди зулму истибдоди румиён мубориза мебурданд.
Форисиён низ чун ҳасидиён тарафдори нигаҳдории дину оини яҳудия буданд, онҳо зидди муносибат бо халқҳои дигар буда, нигоҳ доштани тозагии ирсии яҳудиёнро чун халқи назаркардаи Худо, тарғиб менамуданд. Асоси иҷтимоии форисиёнро аҳолии миёнаҳоли шаҳрнишин аз қабили косибону тоҷирон ва рӯҳониёни майда - устодони синагогаҳо, ташкил медоданд. Вале асосан мухолифати онҳо дар шакли гӯшанишинӣ ва зӯҳду тақво ошкор мешуд. Ҳамаи онҳо интизори масеҳи наҷотбахш буданд, ки аз омадани ӯ Таврот хабар дода буд. Дар чунин як вазъияти вазнини рӯҳию, азияти ҷисмонӣ, дар байни яҳудиён мубаллиғони зиёде пайдо шуданд, ки хабарҳои ба зудӣ омадани масеҳоро, (аз иврӣ - машиах; аз арабӣ - масеҳ, аз юнонӣ - христос – наҷотбахш), фиристодаи Худоро ба мардум мерасонданд. Ба ақидаи онҳо Масеҳо яҳудиён ва халқҳои дигарро аз зулми румиён наҷот медиҳад ва подшоҳи воқеии яҳудиён мегардад.
Чуноне, ки Иосиф Флавий хабар медиҳад, дар байни яҳудиён фирқае бо номи эссенҳо (арабҳо мазҳаби Қумрон гӯянд) ба вуҷуд меояд, ки онҳоро пешгузаштаи насрониён меҳисобанд. Эссенҳо дар асри II то мелод пайдо шуда, то асри I мелодӣ вуҷуд доштанд. Онҳо дар биёбони бекас паноҳ бурда, мазҳаби махфии худро ташкил дода буданд. Бисёр аз ғояҳои ояндаи насрониён аз қабили: аз рӯзи таваллуд гунаҳкор будани одамон, муносибати баробар ба моликият, эътирофи баробарии ҳамаи одамон дар назди Худо, эътиқод ба омадани масеҳ ва ғайра, дар мазҳаби эссенҳо вуҷуд дошт.
Асри якуми мелодӣ барои аврупоиён ва халқҳои Шарқи Наздик давроне буд, ки шакли нави давлатдорӣ – Империя арзи вуҷуд намуд. Ҷои давлатҳои алоҳидаи миллиро империяи азиме ишғол намуд, ки он аз конгломерати халқҳои зиёде иборат буда, аз тарафи император бо ёрии қувваҳои мусаллаҳ ва аппарати бюрократӣ идора карда мешуд. Раванди ивазшавии давлатҳои миллӣ ба империя, пайдо шудани падидаи нави иҷтимоӣ – сиёсӣ, ки дар он на шахсият, на миллатҳои алоҳида ягон ҳуқуқи инсонӣ надоштанд, аз тарафи халқҳое, ки истиқлоли худро аз даст буданд хеле дарднок қабул карда мешуд. Халқу миллатҳои алоҳида дар назди иқтидори империяи бузург оҷизу нотавон монда буданд. На дини политеистии румиён, на динҳои миллии халқҳои алоҳида ба сабаби маҳдудияти миллию мазҳабиашон, дини умумии империя шуда, ба мардум таскин бахшида, ба онҳо умеди наҷот ва рӯзи беҳинро дода наметавонист. Ин вазифаро дини насронӣ иҷро намуд. Дини насронӣ баробарии ҳамаи одамонро дар назди Худо чун гунаҳкорон эълон намуд, пайравонашро ба азнавсозии олам даъват намуда, бо ҳамин манфиати ҳамаи мазлумонро ифода кард, ба ғуломон умеди озодӣ ва рӯзи некро дар оянда бахшид.
Ҳамин тариқа насрония чун як шакли эътирози иҷтимоӣ зидди режими мустабиди румиён пайдо шуда, хеле зуд ба ҷараёни пуриқтидори ғоявӣ табдил ёфт, ки акнун пеши роҳи онро ягон қувва гирифта наметавонист.