Бемористон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
х →‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 7:
Дар ҳудуди ҳозираи Осиёи Марказӣ то охири садаи XIX бемористонҳо ба шакли кунуниашон вуҷуд надоштанд. Соли 1891 дар [[Бухоро]] бемористони руссию мардуми таҳҷоӣ (барои 30 кат) кушода шуд, ки амбулатория ва дорухона низ дошт. Дар он 2 нафар духтур, 3 нафар фелдшер ва 1 нафар дорусоз кор мекарданд. Охири садаи XIX артиши Россияи подшоҳӣ дар қисмҳои сарҳаддии [[Хоруғ]] ва [[Помир]] ду шуъбаи қабули беморонро ташкил кард, ки аз онҳо аскарон ва аҳёнан мардуми бумӣ истифода мебурданд.<br />
Бемористони аввалин дар қаламрави ҳозираи Тоҷикистон (дорои 40 кат) соли 1913 ба истифода дода шудааст. Дар он 13 нафар духтур ва 32 нафар корманди миёнаи тиббӣ фаъолият доштанд. Баъди ташкил ёфтани ҶШС Тоҷикистон ҳифзи тандурустӣ рӯ ба пешравӣ ниҳод. Соли 1929 дар ҷумҳурӣ 22 бемористон фаъолият мекард (дар онҳо 990 кат гузошта шуда буд). Баъди дар пойтахт таъсис ёфтани Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (соли 1939) адади бемористонҳои ҷумҳурӣ афзуд. Масалан, агар соли 1940 дар Тоҷикистон 121 бемористон (дорои 4490 кат) вуҷуд дошта бошад, пас соли 1985 адади онҳо ба 319 (дорои 42790 кат) расид (дар онҳо 10818 нафар духтурон фаъолият доштанд).
Баъди ба даст овардани истиқлолиятиистиқлоли давлатӣ дар ҷум­ҳурӣ бисёр бемористонҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва дастгоҳ­ҳои компютерӣ муҷаҳҳаз гаштанд. Айни ҳол дар Тоҷикистон 132 бемористони деҳотӣ, 61 бемористони ноҳиявӣ ва 24 бемористони шаҳрӣ фаъолият дорад (январи 2013). Баъзе бемористонҳо ба марказҳои тиббӣ табдил дода шудаанд.
 
== Адабиёт ==