Исфара: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎[[Ҷашну маросимҳои мардумии Исфара]]: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
х →‎Таърих: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 88:
Исфара дар асри ХVIII боргоҳи хони Хуҷанд буд. Дар натиҷаи ҷангҳои дохилии хонигариҳои [[Бухоро]]ю Хуҷанд (охири садаи ХVIII ва ав. садаи ХIХ) иқтисодиёти шаҳр ба пастравӣ ниҳод ва баъзе иншоотҳои таърихӣ, аз ҷумла [[Қалъаи Боло]] хароб шуда, аз байн рафтанд. То ғалабаи [[Инқилоби Октябр]] Исфара тобеи [[хонигарии Қӯқанд]] буд. Соли [[1929]] ба ҳайати ҶШС Тоҷикистон дохил шуда ва соли [[1952]] номи шаҳрро гирифт.
 
Солҳои 30-40 асри Х1Х бо сабабҳои номаълум (шояд оби заҳ бошад) хароб гардидааст. Мардум ба қисми ғарбии он, ки Исфара ё Шаҳрак ном дошт, мекӯчанд. Шаҳрак дар соҳили рости дарё аз ғарб ба шарқ бо зиёда аз 4 км дарозию тахминан 1 км бар ва дар сохили чап бошад, 1 км дарозию 200 м бар (440 га) тул кашида буд. Маркази Исфара Rалъа ном дошта, дар кисматиқисмати чанубии он Урда, дар шимол [[мадрасаи Қалъа]] бо 16 хонақоҳу ҳуҷра, дар канори шаҳр мадрасаи Хоҷиён бо 13 хонақоҳу ҳуҷра ва дар марказ растаи дуконҳои савдогарону устохонаҳои косибон чой гирифта буданд. Соли 1871 дар Исфара 16 қассоб, 6 чойхоначӣ, 42 дукондори майда, 8 савдогари моли сурх, 5 намадфуруш, 3 табақфуруш; дар ибтидои асри ХХ 200 дукон; соли 1914 209 фурушгоҳ ва 8 корвонсарой мавҷуд буданд. Аз ҳама деҳаи сераҳолии Исфара Ворух буда зиёда аз 33 000 ахолӣ мавҷуд буд. Ҷойҳои таърихии он дар [[Чоркӯҳ]] ва [[Навгилем]] мавҷуданд, мисол [[Мадрасаи Абдуллохон]] дар Навгилем.
 
Дар ҳайати генерал-губернатории Туркистон Исфара — уезд (1869), вулус (1898), ва даврони шӯравӣ ҳамчун, ноҳия ([[1937]]), шаҳр ([[1959]]) маълум буд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Исфара"