Албер Камю: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироишгари дидорӣ вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
х →‎Фаъолияти эҷодӣ: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 14:
Яке аз муҳимтарин асарҳои фалсафии Камю китоби «Афсонаи Сизиф» (Миф о Сизифе) мебошад. Дар муқоваи охири китоби «Афсонаи Сизиф», нашри форсӣ, соли 2003 чунин омадааст: «Худоён Сизифро маҳкум карда буданд, ки пайваста тахтасангеро то қуллаи кӯҳе боло бубарад. Ва чун ба қулла мерасид он тахтасанг аз китфи Сизиф меафтод ва ба ҷои аввалаш бармегашт. Ҳамин кор ҳар рӯз такрор мешуд. Худоён ба ҳақ андешида буданд, ки аз барои гирифтани интиқом ва танбеҳ ҷазое даҳшатноктар аз кори беҳуда ва беумед нест. Агар ба гуфтаи Ҳомер бовар дошта бошем, Сизиф оқилтарин ва эҳтиёткортарини инсонҳо будааст. Чун дар ин ҷо таноқуз ва зиддияте вуҷуд надорад. Доир ба сабабҳое, ки Сизифро сазовори ин кори беҳуда дар ҷаҳаннам кард, дар байни муҳаққиқон ақидаҳои мухталифе вуҷуд дорад…Чаро ки вай асрори Худоёнро фош карда буд». (с.200)
 
Аксари муҳаққиқони муосир бар ин назаранд, ки мавзӯи меҳварии фалсафаи Камю масъалаи маънибохтагӣ, пучӣ, беҳудагӣ ва абсурд дар зиндагии башар аст. Ҳарчанд худи Камю мегуфт, ки ман файласуф нестам, вале воқеият ин аст, ки ӯ бузургтарин файласуфи озодандеш ва реалисти асри ХХ буд. Мо медонем ки Камю пеш аз дигар файласуфони муосираш ба ин андеша расида буд, ки дар ҷаҳони имрӯза дигар намешавад асарҳои фалсафиро бо тарзу услуби кӯҳнакуҳна таълиф намуд. Яъне дар шакли рисолаҳои назариявии хушку дилгиркунанда. Ва мегуфт, ки «агар файласуф шудан хоҳӣ, бояд роман нависӣ». Ва худ аз рӯйи ин қоида рафтор намуда, аксари осори худро дар шакли роман, намоишнома, мақола ва ёддошт навиштааст.
 
Баъзе муҳаққиқон ӯро пайрави ҷараёни фалсафии вуҷудӣ (экзистенсиализм) мешумориданд. Ӯ ин даъворо низ рад мекард. Ва мегуфт, ки ман экзистенсиалист нестам. Муҳаққиқон ин даъворо пеш меоранд, ки Камю аз даврони ҷавонӣ боз гирифтори бемории сил (туберкулёз) буд. Ва ҳамвора дар бораи фаро расидани рӯзи маргаш фикр мекард. Аммо худи Камю ҳатто худро ба экзистенсиализми динии Яспесу қаҳрамонони осори Сартр ҳамақида намедонад. Пас, Камю чи назари хосе дорад? Назари мушаххаси фалсафии ӯ чунин аст: